Пайвандҳои дастрасӣ

Намунаҳои ашъори Бахтиёр Аминов дар маҷмӯаи "Поэт года" ворид шуд


Шоири тоҷик Бахтиёр Аминов аз ҷониби муассисони ҷоизаи “Шоири сол”, ки дар сайти интернетии www.stihi.ru таъсис шудааст, қадрдонӣ шуд.

Ду шеъри сафеди ӯ дар китобе зери унвони “Поэт года - 2012” (“Шоири сол-2012”) дар қатори намунаҳои эҷодиёти 70 шоири русзабони дигар ба чоп расид. Натиҷагирии ин озмун аз ҷониби ҳайати доварон – 14 шоиру нависанда, филмсозу ҳунармандони маъруфи рус дар оғози моҳи апрел исми барандаро эълон кард. Ба гуфтаи Бахтиёр Аминов, имсол шоири хуби рус Игор Тсарев барандаи ин ҷоиза дониста шуд, вале бо амри тақдир рӯзи 4 апрел даргузашт ва ҷоизаи интернетии сомонаи stihi.ru охирин қадрдонии ӯ ба унвони як шоир буд.

Бахтиёр Аминов гуфт, ин сомона як майдони хубе барои муаррифии эҷодиёти шоирони замони имрӯз дар Интернет буда, ҳамарӯза то 16 ҳазор асари бадеии нав ба забони русӣ аз саросари ҷаҳон ба ин ҷо ворид мешавад.

Аз ҷумла, аз миёни шоирони ҷавони тоҷик, ки ба забони русӣ шеър эҷод мекунанд, чанд эҷодкори нав ҳам асарҳои худро дар ин сайт нашр ва ба маърази мунаққидони адабӣ вогузор мекунанд. Дар миёни онҳо Мавҷуда Собирова, Темур Варқӣ (номзади ҷоизаи “Шоири сол-2011”), Аниса Собирӣ, Фирӯза Аюбзода аз шоирони ҷавон ва хеле боистеъдод ёд мешаванд .

“Аниса Собирӣ ва Фирӯза Аюбзода – исмҳои нав дар адабиёти тоҷик мебошанд. Аниса Собирӣ дар бахши назм ва наср хеле чизҳои хуб менависад ва ӯро мешавад як образи нав дар адабиёти имрӯзаи тоҷик номид”, гуфт Бахтиёр Аминов.
XS
SM
MD
LG