Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Шеъри устод Турсунзода дар SMS-и эрониҳо


Бино бар хабари пойгоҳи интернетии “Кимиёи саодат”, ки мудирияти он аз Эрон сурат мегирад, як шеъри шоири маъруфи тоҷик Мирзо Турсунзода ба таври густарда дар SMS ё паёмакҳои телефонии эрониҳо ба чашм хӯрдааст.

Ин манбаъ бо такия ба матлаби хабаргузории эронии “Форс” гуфтааст, шеъри устод Турсунзода аз тарафи эрониён ба ҳайси паёми муборакбодии “Рӯзи зан” истифода шудааст. Ин рӯз аз тарафи “Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати мавлуди ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)” бунёдгузорӣ гаштааст.

Пойгоҳи интернетии “Кимиёи саодат” мегӯяд, ба гунаи васеъ миёни мардум дар Эрон паҳн шудани ин шеър бештар ба фарҳанги паёмакнависӣ бастаргӣ дорад ва зоҳиран, матни устод Турсунзода ба осонӣ тавонистааст, ба дили одамон роҳ ёбад ва писанди онҳо афтад. "Кимиёи саодат" матни шеърро низ дар гузориши хеш ҷой додааст:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Гар намедидем мо аз кӯдакӣ оғӯши гарм,
Аз муҳаббат бехабар, ноком мемондем мо.
Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,
Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.
Гар намеомӯхтем аз зан раҳу расми адаб,
Бадгуҳар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо.
Зан агар оташ намебуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.
Гар каломи аввалин аз зан намеомӯхтем,
Лаб фурӯ баста ба ҳам чун лом мемондем мо.
Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,
В-арна чун санги сари аҳром мемондем мо.


Ба навиштаи пойгоҳи интернетии “Кимиёи саодат”, эрониён дар қиёс бо мардумони дигари минтақа, “бо алоқаи шадидашон ба паёмак ва танаввуи он тафовут ва бартарӣ доранд ва дар ҷашну иду маросимҳо, зодрӯзу муносибатҳои мухталиф якдигарро бо ирсоли паёмакҳои ширин, мутанаввеъ ва баландмазмун табрик ва шодбош мегӯянд, ки ин амр дар соири кишварҳо чандон бузург ва густарда нест.”

Барои ин ҳатто маҷӯаи паёмакҳо барои ҳолатҳои гуногун таҳия ва нашр шуда, аз китобҳои пурфурӯш ба шумор мераванд. Дар матлаби “Кимиёи саодат” омадааст: “Истифода аз ашъор ва афкори шоирони кишварҳои форсизабон ба навъе пайвандҳои маънавии форсизабононро таъмиқ ва таҳким мебахшад ва мутолеаи бештари осор ва андешаҳои онҳо маҳсуб мегардад.

Чунончӣ, дар вурудии фурудгоҳи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ин байти маъруфи Хоҷа Ҳофиз сабт шудааст:

Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,
Карам намову фуруд о, ки хона хонаи туст.


Ёдовар мешавем, ки як сол пеш хабаргузории Форс матлаби муфассалеро пиромуни зиндагӣ ва осори устод Турсунзода таҳти унвони “Мирзо Турсунзода: сарояндаи озодии Шарқ” мунташир кард, ки мавриди истиқболи бисёре аз адабдӯстон қарор гирифт.”

Барои бисёре аз тоҷикон эҳтироми модар аз шеъри "Модар"-и Эраҷ Мирзо сар шудааст, ки дар китоби дарсии мактабҳои ибтидоӣ дар замони шӯравӣ ҷойгоҳи баланд дошт.
XS
SM
MD
LG