Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон - исми ман" - ашъоре бо "ҳақиқати ҳама замонҳо"


Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии СССР Мӯъмин Қаноат, баъд аз тақрибан ду даҳсола ба дасти алоқамандони назм расид.

Ҳайдаршои Акбар, мураттиби китоби "Тоҷикистон-исми ман", рӯзи душанбе, 9 декабр, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, имрӯзҳо охирин нусхаҳои китоби нав, ки аз 439 саҳифа иборат аст, дар нашриёт чоп мешаванд. Ӯ афзуд, ки ин китобро метавон куллиёти ашъори Мӯъмин Қаноат номид – “бори аввал ҳамаи даҳ достони офаридаи шоир ва ҳама ашъор то шеъри ахиран гуфтааш гирд оварда шудааст”. Шоир Рустам Ваҳҳоб ба китоб пешгуфтор навишта, устод Қаноатро чун эҷодгарди қутби нав дар назми тоҷик муаррифӣ кардаст. Ҳайдаршои Акбар гуфт, ки дар китоб бори аввал аксҳои зиёди устод Қаноат – аз айёми ҷавонияш то ба имрӯз гузошта шудаанд.

Китоб бо достони “Тоҷикистон – исми ман”, ки соли 1974 офарида шудааст, шурӯъ мешавад. Ҳайдаршои Акбар мегӯяд, устод Қаноат аз пешниҳоди ӯву Рустам Ваҳҳоб барои ин гуна номгузорӣ кардани маъмӯаи ашъорашро пазируфт. Ӯ меафзояд, “замоне, ки устод ин достонро эҷод карда буданд – замони таҳаввулоти қавмиву миллӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон буд ва “Тоҷикистон-исми ман” ба хотири худогаҳиву худшиносии милли тоҷикон иншо шуда буд. Чаро мо ба ин китоб имрӯз ин гуна ном гузоштем? Ба он хотир, ки имрӯз ҳам давраи бедории милливу худогаҳии тоҷикон аст”.

Аммо оё осори солҳои ахири шоир аз осори пешинааш тафовуте дорад,
Ҳайдаршои Акбар
Ҳайдаршои Акбар
бигирем, ҳоло устод Қаноат дар шеъраш ба кадом мавзӯъ бартарӣ медиҳад?
Ҳайдаршои Акбар дар посух ба ин суол гуфт, ки дар ашъори солҳои ахири устод Қаноат ба бедории миллӣ, худогаҳӣ, ваҳдату сарҷамъ овардани миллат ва ахлоқ бештар таваҷҷуҳ шудааст.

Худи устод Мӯъмин Қаноат ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар китоби нав шеърҳо дар масоили гуногун гирд оварда шудаанд, “дар он ҳақиқати ҳама замонҳо ҳаст, то ҷое, ки ман ҳақиқатро шинохтаам”

Ҳайдаршои Акбар мегӯяд, “албатта, достонҳое чун “Сурӯши Сталинград”, “Гаҳвораи Сина” ва “Мавҷҳои Днепр”, ки замони камолоти шоир эҷод шудаанд, намунаи истеъдоди волои шоирии Қаноат маҳсуб мешаванд ва аммо “Масъуднома”, охирин достони шоир ҳам, аз сӯи алоқамандони назм хуб пазируфта шуд. Дар ин ҳамоса, ки ба Аҳмадшоҳи Масъуд бахшида шудааст, шоир бо истифода аз сабки вижа хислатҳои ахлоқии фармондеҳи маъруфро тасвир кардаст”.

Ба гуфтаи Ҳайдаршои Акбар, тақрибан ду даҳсолаи ахир ягон дафтари шеъри устод Қаноат ба дасти алоқамадон нарасидааст – “аввалҳои солҳои 90 –ум китобҳои “Аз Бесутун то кунун” ва “Ойинаи беғубори ман” чоп шуда буданд ва аммо сифати чопашон хуб набуд ва онҳо комил ҳам набуданд”.

“Тоҷикистон – исми ман”, ба гуфтаи мусоҳиби мо, барои фурӯш нест ва он ба алоқамандони шеър ва китобхонаҳои Тоҷикистон - аз китобхонаҳои бузург то китобхонаҳои мактабҳо ҳадя карда мешавад. Нашри китоби нави Мӯъмин Қаноатро Бунёди хайрияи “Муаллими кӯҳистон” сармоягузорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG