Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

55 рӯзи боздошти халабони тоҷик дар Либия


Халабонҳои раҳошуда дар Либия бо сафири Украина
Халабонҳои раҳошуда дар Либия бо сафири Украина

4 халабони ширкати "Route Aviation" баъди се ҳафтаи раҳоӣ аз боздошт Либияро тарк карданд, вале сеи дигар, бо шумули халабони тоҷик Акмал Раҳматов дар Либия дар боздошт боқӣ мемонанд.

Рӯзи 5 январ ду халабони украинӣ, як халабони рус ва як халабони рустабори шаҳрванди Қирғизистон баъди се ҳафтаи раҳоӣ аз боздошт билохира тарки Либия карданд. Дар ин бора сухангӯи вазорати хориҷаи Украина Евгений Перебийнис аз тариқи саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Твиттер хабар додааст.

Абдураҳмон Аюбов, консули Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб, ки аз тарафи Тоҷикистон масъулияти ҳамоҳангсози талошҳо барои раҳоии халабони тоҷик Акмал Раҳматовро бар дӯш дорад, рӯзи 5 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бино ба охирин маълумоти тоза аз Либия бадастовардаи ӯ, нафари панҷум аз сарнишинони дастгиршудаи ҳавопаймои ширкати дар Шарҷаи Иморот сабтиномшудаи "Route Aviation"-ро ҳам аз боздошт раҳо кардаанд. Консули Тоҷикистон дар Дубай афзуд: «интизор меравад, халабони тоҷик Акмал Раҳматов ва фармондеҳи ҳавопаймо Сергей Буханетс низ то ягон ҳафтаи дигар, яъне дар миёнаҳои моҳи январ, тақрибан аз 15 то 17-уми ҳамин моҳ пурра озод шаванд.»

Ӯ мегӯяд, азбаски Тоҷикистон дар худи Либия ниҳоди дипломатӣ надорад, талошҳо барои раҳоии халабонҳои боқимонда асосан тавассути сафорати Русия анҷом мешаванд, чунки ду нафар аз 3 халабоне ки дар Либия боқӣ мемонанд(С.С. Буханетс ва С.А.Буханетс), шаҳрвандони Русияанд.

Ҳавопаймои боркаши “Airbus – 300”, марбут ба ширкати "Route Aviation" бо 7 сарнишин, ки аз Дубай ба Либия ҳамчун ёрии башарӣ маводи ғизоӣ ва дорувор оварда буд, ҳанӯз рӯзи 13 ноябр дар фурудгоҳи шаҳри Ғадомис, воқеъ дар шимолу ғарби Либия, дар секунҷаи марзии байни Либияву Тунис ва Алҷазоир боздошт шуд. Абдураҳмон Аюбов мегӯяд, сабаби боздошти ин ҳайат гӯё “вуҷуди ғалатҳое дар асноди ёрии башарие будааст, ки онҳо ба Либия бурдаанд.”

Мақомоти Либия 4 узви ҳайати сарнишинони ҳавопаймо – шаҳрвандони Украина С.Предоляк ва А.Каракай, шаҳрванди Русия А.С.Калашников ва шаҳрванди Қирғизистон И.Зиковро ҳанӯз рӯзи 16 декабр озод карданд ва онҳо рӯзи 5 январ тавонистанд тарки ин кишвари арабии шимоли Африқо кунанд. Раҳоии ин 4 нафар мояи радубадали лафзие байни ниҳодҳои дипломатии Русияву Украина ҳам шуд, ки оё дар озодии инҳо сафорати Украина дар Либия саҳми бештар дошт ё сафорати Русия? Сафорати Украина ҳатто аксеро чоп кард, ки сафири Киев дар Троблус Николай Нагорний рӯзи 16 декабр, билофосила баъди раҳоии халабонҳо бо онҳо гирифтааст.

Абдураҳмон Аюбов мегӯяд, нафарони озодшуда дар ин ҳавопаймо кормандони фаннӣ буданд ва мақомоти Либия бо онҳо мушкили чандоне надоштанд. Аммо фармондеҳи ҳавопаймои "Route Aviation" Сергей Буханетс ва халабон Акмал Раҳматовро ҳамчун масъули интиқоли он бор то ҳол нигоҳ медоранд: “Онҳоро аз Ғадомис ба пойтахти Либия, шаҳри Троблус овардаанд ва онҳо дар ҳудуди фурудгоҳи Троблус қарор доранд. Шароиташон хуб аст. Ман дар ин муддат чандин бор бо Акмал Раҳматов сӯҳбат кардам. Мегӯяд, ки пайваста бо зану бо бародараш дар Душанбе дар тамоси телефонист ва муносибат нисбат ба онҳо низ хеле хуб аст. Мақомоти Либия мақоми онҳоро ҳатто боздошт ҳам наменоманд. Мегӯянд, ки онҳо меҳмони моянд, вале бояд то дуруст шудани асноди марбут ба боре ки овардаанд, инҷо бимонанд.”

«Route Aviation» дар аморати Шарҷа (Шориқа)-и Имороти Муттаҳидаи Араб сабти ном шуда, асосан ба интиқоли бор дар миёни кишварҳои арабӣ машғул аст.

XS
SM
MD
LG