Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии халабони тоҷик Акмал Раҳматов дар Либия


Акмал Раҳматов, халабони тоҷики ширкати "Route Aviation", ки қариб 3 моҳ пеш дар Либия боздошт шуда буд, раҳо шудааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Акмал Раҳматов - халабони тоҷик, ки моҳи ноябри соли гузашта аз сӯи мақомоти Либия боздошт шуда буд, озод шудааст.

Абдулфайз Атоӣ, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 4 феврал бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, "масъулони сафорати мо дар Миср ва ҳамчунунин масъулони консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай хабар доданд, ки Акмал Раҳматов аз боздошт раҳо шуд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Атоӣ, Акмал Раҳматов ҳоло дар меҳмонхонае дар Либия қарор дорад ва дар зудтарин фурсат ба Ватан фиристода хоҳад шуд.

Акмал Раҳматов дар ширкати "Route Aviation", ки дар аморати Шарҷа (Шориқа)-и Имороти Муттаҳидаи Араб сабти ном шуда, асосан ба интиқоли бор дар миёни кишварҳои арабӣ машғул аст, кор мекард.

Ҳавопаймои боркаши “Airbus – 300”, марбут ба "Route Aviation" бо 7 сарнишин, ки аз Дубай ба Либия ҳамчун ёрии башарӣ маводи ғизоӣ ва дорувор оварда буд, ҳанӯз рӯзи 13 ноябри соли гузашта дар фурудгоҳи шаҳри Ғадомис, воқеъ дар шимолу ғарби Либия, дар секунҷаи марзии байни Либияву Тунис ва Алҷазоир боздошт шуд. Сабаби боздошти ин ҳайат гӯиё “вуҷуди ғалатҳое дар асноди ёрии башарие будааст, ки онҳо ба Либия бурдаанд.”

Мақомоти Либия 4 узви ҳайати сарнишинони ҳавопаймо – шаҳрвандони Украина С.Предоляк ва А.Каракай, шаҳрванди Русия А.С.Калашников ва шаҳрванди Қирғизистон И.Зиковро ҳанӯз рӯзи 16 декабри соли 2014 озод карданд ва онҳо рӯзи 5 январ тавонистанд тарки ин кишвари арабии шимоли Африқо кунанд. Раҳоии ин 4 нафар мояи радубадали лафзие байни ниҳодҳои дипломатии Русияву Украина ҳам шуд, ки оё дар озодии инҳо сафорати Украина дар Либия саҳми бештар дошт ё сафорати Русия? Сафорати Украина ҳатто аксеро чоп кард, ки сафири Киев дар Троблус Николай Нагорний рӯзи 16 декабр, билофосила баъди раҳоии халабонҳо бо онҳо гирифтааст.

Абдураҳмон Аюбов, консули Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, нафарони озодшуда дар ин ҳавопаймо кормандони фаннӣ буданд ва мақомоти Либия бо онҳо мушкили чандоне надоштанд. Аммо фармондеҳи ҳавопаймои"Route Aviation" Сергей Буханетс ва халабон Акмал Раҳматовро ҳамчун масъули интиқоли он бор нигоҳ доштаанд: “Онҳоро аз Ғадомис ба пойтахти Либия, шаҳри Троблус овардаанд ва онҳо дар ҳудуди фурудгоҳи Троблус қарор доранд. Шароиташон хуб аст. Ман дар ин муддат чандин бор бо Акмал Раҳматов сӯҳбат кардам. Мегӯяд, ки пайваста бо зану бо бародараш дар Душанбе дар тамоси телефонист ва муносибат нисбат ба онҳо низ хеле хуб аст. Мақомоти Либия мақоми онҳоро ҳатто боздошт ҳам наменоманд. Мегӯянд, ки онҳо меҳмони моянд, вале бояд то дуруст шудани асноди марбут ба боре ки овардаанд, инҷо бимонанд.”

XS
SM
MD
LG