Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоирони пиёда аз Машҳад салом мегӯянд


Мақбараи Фирдавсӣ дар Машҳади Эрон
Мақбараи Фирдавсӣ дар Машҳади Эрон

Зоирони тоҷик ахиран аз хоки Афғонистон ба Эрон ворид шуданд.

Зоирини пиёдаи тоҷик рӯзи душанбе дар як тамоси телефонӣ гуфтанд, ки бомуваффақият аз марзи Афғонистон гузашта вориди Эрон шуданд ва ҳоло дар шаҳри Машҳад қарор доранд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Абдулазиз Раҷабов, раҳбалади ин гурӯҳ, ки ӯро «Ҳоҷипиёда» ҳам мегӯянд, хабар дод ва гуфт:

- Шукри Худо, ки сиҳату саломат ба Эрон расидем. Ин ҷо дигар ором ҳаст ва ҳеҷ хатареро эҳсос намекунем. Мардуми ин ҷо ҳам мисли мардуми Афғонистон моро эҳтиром мекунанд. Ба Машҳад аз шаҳраки Корези Эрон, ки дар марз бо вилояти Ҳироти Афғонистон аст, ворид шудем.

Оқои Раҷабов гуфт, ки барномаҳои сафари онҳо дар Афғонистон нотамом монд. Вай гуфт, онҳо ният доштанд, ки аз маконҳои таърихиву мазорҳои муқаддаси ин кишвар бештар дидан карда баъд ба Эрон раванд, аммо на ҳама хостҳои онҳо бароварда шуд:

- Он чизе, ки дар нақша мекашӣ, на ҳамеша амалӣ мешавад. Мо бояд зиёда аз як моҳ дар Афғонистон мемондем ва гӯрҳои бузургони дини исломро зиёрат мекардем. Аммо бархе мушкилоте пайдо шуд, ки ба ин ҳадафҳои худ нарасидем, - мегӯяд, раҳбалади ин гурӯҳ.


Зоирон дар остонаи сафар. Моҳи майи соли 2012
Зоирон дар остонаи сафар. Моҳи майи соли 2012
Ба гуфтаи онҳо, ҳоло ин гурӯҳи ҳаштнафара дар як меҳмонхонае ҷо гирифтааст. Аз рӯи нақли онҳо, маъмулан дар роҳ онҳо шабро ё дар масҷидҳои маҳаллӣ, ё дар меҳмонхонаҳо рӯз мекунанд. “То имрӯз дар ҳар меҳмонхонае, ки истодем, - мегӯяд оқои Раҷабов, - имкони бепул ва ё тахфифи 50-дарсадаи қимати иҷораи хобу зиндагӣ фароҳам омадааст. Мардуми баъзе деҳоту рустои Афғонистон аз шунидани хабари зоири тоҷикистонӣ будани мо изҳори хурсандӣ карда, баъзан ҳатто нону ғизои бепул медоданд, дуо мекарданд, ки роҳи мо осон бошад”, гуфт вай.

Ба қавли роҳбалади ин гурӯҳ, онҳо бо худ пули зиёд нагирифтаанд ва чунин муносибати неки мардум дар деҳоту рустои Афғонистон барояшон хеле кӯмак кардааст. “Гоҳо ғизову захираи хӯроки роҳро бо пули худ мехарем, вале мардуми маҳаллӣ хеле меҳрубонанд ва гоҳо нони худро бо мо тақсим мекунанд”, гуфт вай.

Оқои Раҷабов афзуд, ки равобити байни зоирон, ки синашон аз 21то 65-сола аст, “хуб” буда, ҳар масъалаи пешомада “бомаслиҳат” ҳаллу фасл мешавад.

Дар муддати камтар аз як моҳе, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар хоки Афғонистон буданд, се дафъа бо гурӯҳҳои силоҳбадасте, ки эҳтимолан марбут ба Толибонанд, рӯбарӯ шуданд. Ин мулоқотҳои ғайримунтазира шабҳангом сурат гирифта, “ҳама бахайр тамом шуданд”, мегӯянд зоирони тоҷик. Дар сӯҳбати аз ин пеш, онҳо гуфтанд, ки Толибон зоирони роҳи худо будани онҳоро шунида, баъди боздошти кӯтоҳмуддате гузоштаанд, ки ба роҳашон идома диҳанд ва сарбозони НАТО баъди ошноиву омӯзиши санадҳояшон ба онҳо «Good bye» гуфтаанд.

Гурӯҳи зоирони пиёдаи тоҷик, ки ният доранд аз роҳи Эрон вориди хоки Арабистони Саъудӣ шаванд, моҳи май аз ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб ба роҳ баромаданд. Дар Балхи Афғонистон меҳмони волӣ Атомуҳаммади Нур шуда, аз размандагони Дӯстум бардошти нохубе гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG