Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввал кумак ба селзадагон -- баъд зиёрати Хонаи Худо


Дар Қубодиён аз ҳар довталаби зиёрати Хонаи Худо даъват шудааст, ки қабл аз таҳияи ҳуҷҷатҳои сафари Ҳаҷ, ба зарардидагон аз сел дар деҳаи Заркамар 1200 сомонӣ кумак намоянд.

Ҳукумати ноҳияи Қубодиён аз ҳар довталаби сафари Ҳаҷ даъват кардааст, ки қабл аз таҳияи ҳуҷҷатҳои сафар барои осебдидагони деҳаи Заркамари ин ноҳия 1200 сомонӣ, муодили ҳудуди 200 доллар кумак кунанд. Ҳоҷиён қабл аз сафар бояд ин маблағро ба бонки маҳаллӣ супоранд ва баъд аз ин санади боқии сафарро дарёфт намоянд.

Шаби 12 ба 13 май дар паи боло рафтани оби канал ва фаромадани сел ҳудуди 20 хона дар деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти “Заркамар”-и ноҳияи Қубодиён тахриб шуда ва даҳҳо манзили дигар қисман хароб гардиданд. Ба ин тартиб 150 нафар бесарпаноҳ монда ва ба манзили зист эҳтиёҷ доранд.

Масъулони ҳукумати ноҳияи Қубодиён рӯзи 21 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда гуфтанд, кӯмакпулие, ки аз зоирони Хонаи Худо талаб шудааст, 1200 сомонӣ аст ва онҳо ин маблағро дар суратҳисоби махсус дар Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ворид хоҳанд кард.

Баҳодур Давлатов, сокини 53-солаи деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти "Навобод"-и ноҳияи Қубодиён ҳамроҳи модари 75-солааш - Ҳур Нозимова баъди чаҳор соли навбатпоӣ акнун қасди сафари Хонаи Худоро дорад. Ӯ мегӯяд, бо дастури мақомоти маҳаллӣ алакай барои ёрӣ ба зарардидагони деҳаи Заркамар дар “Амонатбонк” пул гузарондааст. Вай гуфт:

Бинои ҳукумати ноҳияи Қубодиён
Бинои ҳукумати ноҳияи Қубодиён

"Бояд 1200 сомонӣ месупоридем. Аз номи худ ва модари пирам дар маҷмӯъ 2800 сомонӣ супурдам, чун раиси ноҳия гуфт, ки кӯмак кунед, хайру савобаш мерасад. Каме деҳқонӣ кардам ва бар илова, писарам ҳам пули сафар ба Ҳаҷро фароҳам кард," -- афзуд ӯ.

Тибқи иттилои расмӣ дар мавсими имсолаи Ҳаҷ 100 сокини ноҳияи Қубодиён номнавис шудаанд ва онҳо қабл аз дарёфти иҷозаи сафар, бояд маблағеро ба буҷаи зарардидагони деҳаи Заркамар хайр кунанд.

Мирзосаид Сабуров, мудири шӯъбаи умури дин дар ноҳияи Қубодиён ба Радиои Озодӣ гуфт, ки идеяи кӯмакпулӣ аз ҷониби зоирони Ҳаҷ ба осебдидагони деҳаи Заркамар аз доираҳои ҳукумат берун шудааст. "Ҳар як ҳоҷӣ ба суратҳисоби “Заркамар” пул мегузаронад. Чун раиси ноҳия ба довталабони Хонаи Худо муроҷиат карду хоҳиш намуд, ки дастгирӣ кунед. Имрӯз бояд онҳоро дастгирӣ кунем ва фардо ҳатман моро дастгирӣ менамоянд", -- гуфт Мирзосаид Сабуров.

Дархости ҳукумат оиди кӯмак ба осебдидагони деҳаи Заркамар танҳо бо довталабони зиёрати Хонаи Худо хатм намешавад. Ҳукумати ноҳия барои кӯмак ба мардуми бесарпаноҳи Заркамар аз тамоми корхонаю идораҳои ноҳия, соҳибкорони инфиродӣ ва умуман мардуми доро пуштибонӣ хостааст. Афзун бар ин, аз маоши ҳар корманди ҳукумат 100 сомонӣ барои кӯмак ба осебдидагони деҳаи Заркамар гирифта шудааст.

Деҳаи Заркамар баъд аз сел
Деҳаи Заркамар баъд аз сел

Дархост аз довталабони Ҳаҷ барои кӯмак ба зарардидагони деҳаи Заркамар дар ҳолест, ки имсол нархи сафари Ҳаҷ дар муқоиса ба соли пеш афзунтар шудааст. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон рӯзи 2 июн расман эълон кард, ки нархи имсолаи сафари Ҳаҷ қариб 23 000 сомонӣ, муодили 3670 доллар муқаррар шудааст. Ин назар ба як сол пеш 4700 сомонӣ бештар аст. Боло рафтани нарху наво ва қурби доллар як далели ин тасмим гуфта мешавад.

Мусулмонҳои Тоҷикистон зиёрати Хонаи Худоро аз орзуҳои аслии худ медонанд, вале на ҳама имкон доранд ин орзуро амалӣ кунанд. Маъмулан онҳое ба Ҳаҷ мераванд, ки соҳиби пуланд ва ё фарзандони сарватманд доранд. Солҳои ахир фиристодани волидони солманд ба Арабистони Саудӣ як анъанаи дигари муҳоҷирони корӣ шудааст, ки бе ин ҳам чархи зиндагиро дар аксар оилаҳои тоҷик дар ҳоли ҳаракат нигаҳ медоранд.

Зимнан, дар ноҳияи Қубодиён таҷрибаи истифодаи муллову имом-хатибони масоҷид дар корҳои ҷамъиятӣ аз даврони фаъолияти Саъдулло Бекназарзода, собиқ раиси ин ноҳия, ки ҳоло бознишаста аст ба мушоҳида мерасад. Ҷаноби Бекназарзода ҳамеша аз ин табақаи аҳолӣ барои ободонӣ, хайру садақа ва кӯмак ба ниёзмандон истифода мекард. Айни замон гоҳо назари интиқодие ба гӯш мерасад, ки мақомот хароҷоти бе ин ҳам сангини зоиронро вазнинтар мекунанд ва аз имконияти пардохти пули калони онҳо барои зиёрати Хонаи Худо бо роҳҳои кумакхоҳӣ суистифода мешавад.

Ба иттилои масъулони шӯъбаи корҳои дини ҳукумати вилояти Хатлон, имсол аз ин вилоят 1861 нафар довталаби сафари Ҳаҷ шудаанд.

XS
SM
MD
LG