Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 медали толибилмони тоҷик дар Алмаато


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Жаутников, ки рӯзҳои 11-17 январ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби 2 медали нуқра ва 5 медали бирирнҷӣ гаштанд. Дар ин олимпиадаи илмӣ намояндагони зиёда аз 23 кишвари дунё аз фанҳои математика, физика ва информатика миёни ҳам рақобат карданд. Дар ин озмун Тоҷикистонро шогирдони Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” ва Литсейи барои хонандагони болаёқат, намояндагӣ карданд. Ҳамаи барандагони ҷоизаҳои олимпиада аз тарафи Донишгоҳи ба номи Назарбоев ва Донишгоҳи Миллии Боку барои таҳсили ройгон даъват шуда, ба онҳо аз тарафи донишгоҳҳои мазкур кафолати пардохти тамоми хароҷотҳояшон ҳангоми таҳсил кафолат дода шудааст.

XS
SM
MD
LG