Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар ду соли ахир 15 дарсади дигар аз аҳолии кишвар, аз чанголи фақр раҳо шудаанд.

Бар асоси таҳлили Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, то ду соли пеш теъдоди камбизоатон дар кишвар 53 дарсади аҳолиро ташкил медод, вале ҳоло ин шумора ба 38 дар сад расидааст. Яъне ба гуфтаи вазорат, ҳоло бештар аз 62 дарсади сокинони Тоҷикисторо наметавон камбизоат номид.

Мустафо Абдуллоев, сармутахассиси рушди минтақаҳо ва мониторинги барномаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дар шаҳру навоҳии кишвар ин таҳлилро миёни масъулин баҳсу баррасӣ мекунанд ва барои дурнамои паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои ду соли оянда, соли 2013 ва 2015 омодагӣ мегиранд. Аммо ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, 38 дарсади мардуми Тоҷикистон даромадашон дар рӯз аз даҳ сомонӣ камтар аст ва онҳо наметавонанд, ғизои дуруст, ки ба сабади истеъмолӣ мувофиқат кунад, истеъмол намоянд.

Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

«Лекин бо вуҷуди ин, дар қиёс ба солҳои гузашта шумораи камбизоатон хело кам шудааст. Чунин таҳқиқотро ҳар чор сол пас Оҷонсии омори Тоҷикистон бо кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ анҷом медиҳад. Инро аз рӯи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ муайян мекунанд. Мувофиқи стандартҳои байналхалқӣ, агар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ як фоиз зиёд шуд, ин ба 0,6 фоизи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад.»

Поин рафтани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон мувофиқи ин таҳқиқот аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самарноки замин ва дар маҷмӯъ, афзоиши истеҳсолоти дохилӣ дар чанд соли ахир ба даст омада будааст. Дар ин таҳқиқот ҳамчунин зикр шудааст, ки нерӯи интиқоли барқ дар соли 2010 дар навоҳии кишвар 6 соат дар шабонарӯз интиқол меёфт, аммо дар соли 2012 ба 12 соат расид, ки ин низ як пешрафт ва беҳтар шудани зиндагии сокинони кишвар ба шумор меравад.

Собир Вазиров, коршиноси ҷавони масоили иқтисодӣ мегӯяд, барои пур кардани сабади истеъмолӣ, мувофиқи таҳқиқи олимони тоҷик дар як моҳ бояд ҳар сокини Тоҷикистон бештар аз 900 сомонӣ даромад дошта бошад. Дар сурати аз 900 сомонӣ поин будани даромад, наметавон сатҳи зиндагии сокинонро хуб арзёбӣ кард: «Ба қудрати харидории мардум ва даромади он бештар бояд аҳамият дод. Бубинед, ки мардуми мо аксаран аз 900 сомонӣ камтар даромад доранд, яъне ин маънои онро дорад, ки аксаран камбизоатанд.»

Маҳбуба Раҳмонова, сокини ноҳияи Шӯрообод.

Маҳбуба Раҳмонова, сокини ноҳияи Шӯрообод.

Аммо сокинони камбизоат мегӯянд, бештар зиндагии мутаваккилона доранд. Маҳбуба Раҳмонова, сокини деҳаи Навбулоқи ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, ҳар сол аз як гектар замине, ки доранд, то 15 халта гандум мегиранд. Барои ин хонавода, ки аз шаш нафар иборатанд, ин миқдор гандум 5 моҳ кифоят мекунад: «Шавҳарам маъюб аст ва наметавонад Русия биравад. Ӯ омӯзгор аст ва 350 сомонӣ маош мегирад ва бо маоши ӯ рӯз мегузаронем. Саҳар дар хонаи мо шакару нон мехӯранд ва гӯштро фақат дар ягон маъракаҳо мехӯрем. Ҳамин, ки захираҳоямон тамом шуд, таваккал ба Худо мекунем. Гоҳ ҳамсояҳо кӯмак мекунанд ва гоҳ ягон хешу табор.»

Аз сӯи дигар, сокинон мегӯянд, бо баланд шудани маош нарху наво низ баланд мешавад, ки аз ин ҳисоб ҳеҷ тағийре дар зиндагиашон ба амал намеояд. Отахон Зиёев, сокини деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ, ки устои хонасоз аст, мегӯяд, ӯ миёнаҳолона зиндагӣ дорад, вале дар ду се соли баръакс зиндагиаш мушкил шудааст: «Ду сол пеш як дона хиштро бо 20 дирам девор мекардем. Нарх дар бозор арзон буд. Ҳоло хишт қиммат шудааст, нарху наво қимат шудааст, вале ҳаққи кори мо мисли солҳои пеш бетағийр аст. Ҳозир ҳам мо барои як дона хишт 20 дирам мегирем. Мардум ҳам зӯраш намерасад, ки аз ин зиёдтар ба мо пардохт кунад.»

Бо ин ҳол, масъулини Вазорати рушди иқтисод мегӯянд, далелҳо гувоҳанд, ки сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон поин рафтааст ва мувофиқи нақшаи ду соли оянда зиндагии мардум боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG