Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

19 сол пеш дар Маскав Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо карда, ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ хотима доданд.

Тарафҳо тааҳҳуд карданд, якдигарро бахшида ва як кишвари озоду демократие хоҳанд сохт, ки "дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодию тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста ба дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад". Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷашнҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Дар ҷараёни ҷанги дохилӣ, ки баҳори соли 1992 миёни нерӯҳои исломию демократ аз як ҷониб ва "Фронти халқӣ" аз ҷониби дигар шурӯъ шуда панҷ сол идома кард, ҳудуди 150 ҳазор нафар кушта ва беш аз 1 миллион нафар муҳоҷир шуданд. Аз ин лиҳоз, ба қавли ҳарду ҷониби сулҳ, имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мардуми Тоҷикистон дорои аҳамияти сарнавиштсози таърихӣ буда, дар радифи Эъломияи истиқлоли кишвар меистад.

Ҳоло бо гузашти ин солҳо, раҳбарони Ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, тааҳҳудоти соли 1997 қабулшуда аз сӯи ҳукумат поймол шудааст.

Бозгашти Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар Маскав

Бозгашти Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар Маскав

Аз ҷумла, раёсати ҲНИТ рӯзи 1 июли соли гузашта аз СММ, САҲА, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон хоста буд, то бо дахолати бевосита ба вазъият "аз ҳукумати Тоҷикистон риояи Конститутсияи Тоҷикистон ва қонунҳои кишвар, ҳамчунин ҳусни эҳтиромро ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки мақоми байналмилалӣ дорад, тақозо намоянд."

Ҳоло бархе таҳлилгарони тоҷик мавқеи сулҳу ваҳдати кишварро "шикананда" хонда мегӯянд, нодида гирифтани нақши ҷониби дигари Созишномаи сулҳ метавонад ба сулҳу суботи Тоҷикистон хатар эҷод кунад. Абдулло Давлатов, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав, дар сӯҳбат тавассути Фейсбук ба Озодӣ гуфт: "Ваҳдат маҳсули мусолиҳаи тарафҳо буд, ки бо иродаву заҳмату тақозои имонӣ ба даст омад. Чун имрӯз мусолиҳаи тарафҳо нест, пас, аз ваҳдат сухан гуфтан хандаовар аст."

Худойбердӣ Холиқназарзода

Худойбердӣ Холиқназарзода

Аммо то куҷо бо баста шудани Ҳизби наҳзати исломӣ ва зиндонию фирорӣ шудани раҳбарону фаъолони он ки худро ҷониби дигари сулҳи тоҷикон мехонданд, арзишҳои ваҳдати миллӣ зери суол рафтааст?

Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, Ҳизби наҳзати исломӣ танҳо ҷониби сулҳ дар баробари ҳукумати Тоҷикистон набуд. Ӯ ёдовар шуд, ки дар Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ) намояндаҳо аз ҳизби наҳзати исломию демократ ва Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон, аз созмонҳои "Лаъли Бадахшон" ва муҳоҷирони тоҷик шомил буданд.

"Яъне, дар маҷмӯъ, ҲНИТ дар музокирот ҳамагӣ 25% намояндагӣ дошту бас", - гуфт ӯ.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарони рӯ ба ҳукумат, агар Ҳизби наҳзати исломӣ як ҷониби сулҳ ҳисоб меёфт, мусалламан як ҷониби ҷанг ҳам буд, ки бар асари ин ҷанг кишвар хароб гардида ва ҳазорҳо нафар куштаю захмӣ ва бехонаву дар гашта буданд.

Феликс Қулов

Феликс Қулов

Феликс Қулов, нахуствазири пешини Қирғизистон ва аз нозирони байналмилалӣ дар музокироти сулҳи тоҷикон, ба Озодӣ гуфт, дар шароити феълӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як ҷониби сулҳи ин кишвар маҳсуб намешавад. "Зеро аз замони имзои Созишномаи умумии ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар рӯзи 27 июни соли 1997 солиёни тӯлонӣ сипарӣ шуда ва дар ин муддат Ҳизби наҳзати исломӣ обрӯю нуфузи худро дар ҷомеа аз даст додааст," - шарҳ дод Қулов.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Феликс Қулов, мумкин аст, дар пайи ҳодисаҳои Ховари Миёна, бахусус, ҷангҳои дохилӣ дар Ироқ ва Сурия, ҲНИТ даст ба амалҳои ғайриқонунӣ зада ва давлати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз эҳтимоли такрори ин ҳодисаҳо дар кишвар чораҳои пешгирикунанда андешида ва фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ кардааст. Ба эътиқоди вай, дар шароити феълӣ нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон бояд манофеи ҳизбии худро канор гузошта, барои ҳифзи сулҳу ваҳдат дар кишвар талош кунанд ва ба вуқӯи нооромиҳо, назири ҳодисаҳои ахир дар Қазоқистон роҳ надиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, мавқеи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар роҳи дастёбӣ ба сулҳи тоҷикон нақши муҳим ва калидӣ дошта ва дар замони даргириҳо дар солҳои 90-ум нерӯҳои посдори ин созмон дар манотиқи даргири Тоҷикистон фаъолияти созанда дошт, дар мавриди вазъи феълии ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Дидори Александр Зуев бо Эмомалӣ Раҳмон

Дидори Александр Зуев бо Эмомалӣ Раҳмон

Александр Зуев, раҳбари дафтари намояндагии СММ ва Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон дар посух ба ин суол гуфт, дар иҷрои Созишномаи сулҳи тоҷикон ҳеч мушкилро намебинад. Ӯ гуфт, ҳоло бандҳои ин санади ҳуқуқӣ, ки дар соли 1997 ҷонибҳои даргири Тоҷикистон имзо карда буданд, марҳила ба марҳила иҷро мешаванд.

"Созишномаи мазкур дар соли 1997 бо дарназардошти воқеияти он солҳо имзо шуда буд. Дар соли 2016 таҳаввулоти муҳим дар ҷаҳон ва минтақа, бахусус, дар Афғонистону Ховари Миёна рух дода ва ба ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон тағйироте ворид кардааст. СММ омода аст дар сурати зарурӣ дар баргузории музокирот миёни нерӯҳои сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат кунад," - афзуд ӯ.

Вале Александр Зуев аз ибрози назар дар бораи он ки баста шудани Ҳизби наҳзати исломӣ ва зиндонӣ шудани фаъолони он ба вазъияти феълии ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар Тоҷикистон чӣ асаре хоҳад гузошт, худдорӣ кард.

Мақомоти СММ такрор ба такрор раванди сулҳи Тоҷикистон ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро аз амалиёти муваффақи ин созмон арзёбӣ кардаанд.

Рашид Абдулло

Рашид Абдулло

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар соли 1997 тоҷикон ба ҳам омаданд, аммо бо гузашти солҳо саҳми ҷониби дигари сулҳу ваҳдат дар эътидоли вазъ дар Тоҷикистон нодида гирифта шуда, расонаҳои давлатӣ аз дастовардҳои ҳукумати кишвар дар дастёбӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ ситоиш карда ва мардумро бовар кунонданд, ки ин сулҳ дастоварди як гурӯҳ аст ва ҷониби дигар дар он гӯё ҳеч нақше надорад.

Чунин ба назар мерасад, ки ин гуна мавзеъгирии ҳукумати Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣро то андозае камранг кардааст. Сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, барои шаҳрвандоне, ки даҳшатҳои ҷанги дохилии кишварро паси сар кардаанд, сулҳу ваҳдат аҳамияти фавқулодда бузург дорад. Аммо таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки насли ҷавон аҳамияти сулҳу субот ва ваҳдати миллиро хуб дарк намекунанд.

Рашид Ғанӣ Абдулло ба шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию ифротгаро ва пайвастани онҳо ба сафҳои ҷангиён дар Сурия ва Ироқ ишора кард, ки ба далели мушкилоти ҷиддии иқтисодию иҷтимоӣ дар дохили Тоҷикистон рӯ ба созмонҳои тундрав меоранд. Ӯ ин вазъро таҳдиди ҷиддӣ ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон хонда ва гуфт, ки дар сурати бозгашти ин афрод ба ватан мумкин аст субот ва оромии кишвар зери хатар равад.

Ин сиёсатшиноси тоҷик аз ҳодисаҳои ахири Қазоқистон ёдовар шуд, ки гурӯҳҳои тундрав тавонистанд ин кишвари аз лиҳози иқтисодӣ нерӯмандро ҳам нигарон кунанд. "Чӣ расад ба кишвари фақире чун Тоҷикистон, ки дар гирдоби мушкилоти фаровони иқтисодию иҷтимоӣ қарор дорад".

Ваҳдати тоҷикон, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имконпазир гашт, ба қавли таҳлилгарон як падидаи беназир аст. Аммо ҳоло масъалаи арзишӣ ҳифзи ин ваҳдат аст, мегӯянд онҳо. Рашид Абдулло мегӯяд, ба хотири ҳифзи ваҳдат ва сулҳу суботи Тоҷикистон мусолиҳаи миллӣ бояд аз сар гирифта шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG