Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВКД: Фирдавсу Зоир узви "Давлати исломӣ" ҳастанд (ВИДЕО)


Акси гумонбарони ҳамлаи маргталабона дар назди сафорати Чин дар Бишкек

Акси гумонбарони ҳамлаи маргталабона дар назди сафорати Чин дар Бишкек

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз шиносномаи онҳо дар ҳамлаи интиҳории сафорати Чин дар Бишкек истифода шудааст, дар Сурия қарор доштаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми сентябр бо пахши изҳороти расмӣ гуфт, Бобоҷонов Фирдавс Муъминҷоновичи 21-сола (Ҷалолуддини Балхӣ) ва Халилов Зоир Абдуҳалимовичи 33-сола (Панҷакент) ҳоло дар ҳайати гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳастанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ӯйғуре, ки бо худ шиносномаи тоҷикӣ дошт, узви Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ дар Сурия будааст.

Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ин ду нафар таҳти пайгарди қонунӣ буданд ва маълум нест, чӣ гуна аз шиносномаи онҳо афроди бегона дар хоки Қирғизистон истифода кардаанд. “Амали террористӣ аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Сотибоев Иззатилло Машарапович бо тахаллуси «Алӣ»... роҳандозӣ гардидааст. Номбурда шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви созмони террористии «Давлати исломӣ» Бобоҷонов Фирдавс Муъминҷоновичро истифода бурда, амали террористиро дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин содир намудааст,” – таъкид шудааст дар изҳороти ВКД.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфт, "дар моҳи майи соли равон маълум шудааст, Фирдавс Бобоҷонов дар Сурия қарор дорад ва нисбат ба ӯ бо моддаи 401, нишонии 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “зархаридӣ ва иштирок дар амалиёти мусаллаҳона” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.” Дар вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ҷустуҷӯи Фирдавс Бобоҷонов ва Зоир Халилов идома дорад.

Ӯйғур, аммо бо шиносномаи тоҷикӣ

Дар пайи таҳқиқи ҳамлаи маргталабона ба сафорати Чин дар Бишкек мушаххас шудааст, ки омилону фармоишгарони ин таркиш аз ду шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон истифода кардаанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 6-уми сентябр гуфт, ки яке аз омилони ҳамлаи интиҳорӣ ӯйғур буда, аммо шиносномааш таҳти рақами "М626881" дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба Зоир Халилов (соли таваллудаш 15.01.1983) тааллуқ дорад.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ӯйғуре, ки бо худ шиносномаи тоҷикӣ дошт, узви Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ дар Сурия будааст. Яке дигар аз дастандаркорони таркиши маргталабона дар Бишкек Иззатуло Сотибоев, аз узбакҳои вилояти Ӯш, муаррифӣ шудааст, ки ҳоло таҳти пайгард қарор дорад.

Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, Сотибоев тамринҳои террористиро дар Сурия гуазшта, моҳи июни соли равон бо шиносномаи тоҷикии Фирдавс Бобоҷонов (соли таваллудаш 1995) вориди Бишкек шуда ва чанд соат қабл аз таркиш ба Истанбул рафтааст.

Таркиш дар назди сафорати Чин

​Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо такя ба маводи тафтишотӣ гуфт, фармоишгари аслии ҳамлаи маргталабона дар сафорати Чин дар Бишкек гурӯҳи террористии ӯйғурҳо дар Сурия буда, тарҳи ҳамла аз сӯи созмони террористии «Ҷамоати тавҳид ва ҷиҳод» (раҳбараш Абу Салоҳ - Сироҷиддин Мухторов) кашида ва сармоягузорӣ шудааст.

Мақомоти амниятии Қирғизистон ҳоло чаҳор нафарро дар робита ба ҳамлаи маргталабонаи рӯзи 30-юми август дар Бишкек боздошт карда, раҳбари ширкати «Адал-Тур»-ро дар Туркия таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Мақомот мегӯянд, раҳбари ин ширкат масъалаи молии таркиши маргталабонаро баррасӣ кардааст.

Рӯзи 30-юми августи имсол дар ҷануби шаҳри Бишкек, дар ҳудуди сафорати Чин дар Қирғизистон, таркиш рух дода, як кушта ва се захмӣ барҷой гузошт. Бино ба хабари мақомоти Қирғизистон як ҳамлавари маргталаб худро худро бо мошинаш дар назди дарвозаи сафорати Чин таркондааст.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Ҳуа Чунйинг рӯзи 30-юми август дар як нишасти матбуотӣ дар Пекин гуфт, ки ба таври сареъ шабакаи кумакҳои изтирории худро ба кор андохтаанд ва аз Қирғизистон тақозо кардаанд, ки тамоми талошашро барои ҳимояти сохторҳои чинӣ ва шаҳрвандонаш дар Қирғизистон ба роҳ монад. Инчунин, Чин хоста буд, ки Қирғизистон ба зудтарин фурсат муайян кунад, дар пушти ин ҳодиса чӣ истодааст ва омилони ин ҳодисаро бо шадидтарин шева ба ҷавобгарӣ кашад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG