Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порлумони Тоҷикистон истифодаи «коктейли Молотов» ё маҳлули оташангезро бо корбурди силоҳи оташфишон баробар дониста, барои ин ҷазои сахт муқаррар хоҳад кард.

Агар тарҳи наве, ки рӯзи чоршанбеи 28-май дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон баррасӣ шуд, ба тасвиб расад, на танҳо истифодаи «коктейли Молотов» ё омезаҳои оташангез, балки пӯшидани ниқоб дар тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо манъ хоҳад гашт. Ҳамчунин дар ин лоиҳаи қонун барои истифода аз силоҳу маводи сӯзанда ё тарканда дар рафти гирдиҳамоиҳо, ҷазо пешбинӣ шудааст.

Яке аз муаллифони ин тарҳ, муовини раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси Намояндагон Саттор Холов ба Радиои Озодӣ гуфт, лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи маҷлисҳо гирдиҳамиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо» ба хотири таъмини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва дар чаҳорчӯби ҳуқуқӣ гирифтани тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо пешниҳод шудааст. Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои давлатӣ ба баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ иҷозат намедиҳанд ва тазоҳуроти беиҷоза тибқи қонунҳои Тоҷикистон қонуншиканӣ ба шумор меравад.
Саттор Холов

Саттор Холов

Аммо ҷаноби Холов мегӯяд, қонун ба шаҳрвандон ҳаққи ташкили гирдиҳамоиро дода бошад ҳам, тадбирҳое заруранд, ки ҳифзи сиҳату амнияти онҳоро таъмин кунанд: «Дар ин баробар яке аз бартариҳои қонуни мазкур дар он аст, ки кафолати ҳуқуқии шаҳрвандро ба озодона баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ ба таври мушаххас нишон додааст. Яъне, тарзи гузаронидани ин чорабиниҳо низ рӯшан нишон дода, ҳамчунин шахсони ташкилотчӣ ва иштирокчиёни чунин намоишҳо пеш аз ҳама бояд талаботи қонунро ба инобат бигиранд. Онҳо бояд аввал ариза нависанд, вақт, макон ва шумораи одамонро дақиқ намоянд ва ба ӯҳда бигиранд, ки дар сурати вайрон шудани қонун ва расонидани зарар ба моликияти шаҳрвандон, зиёнро ҷуброн мекунанд. Дар вақти гузаронидани чунин чорабиниҳо, онҳо бояд рӯяшонро пинҳон накунанд, то ки шахсияти онҳо муайян карда шавад. Дуюм ин, ки бе яроқ ва маводи тарканда оянд ва мувофиқи талаботи қонун фикру андешаҳои худро бигӯянд ва бираванд.»

Муаллифи тарҳи нав мегӯяд, қонуни марбутаи Тоҷикистон дар соли 1998 қабул шуда, равандҳои муосирро фаро нагирифтааст ва ниёз ба ислоҳу такмил дорад. Вале баррасии ин қонун дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 ба ин сӯ давлати Тоҷикистон ба баргузории ягон гирдиҳамоии эътирозӣ иҷозат надодааст ва ҳамаи талошҳои ташкили хурдтарин пикет ё эътироз ба вокуниши сахти мақомоти рӯбарӯ гаштаанд. Дар муқобил даҳҳо гирдиҳамоии тарафдорони давлат бо ташаббуси мақомоти давлатӣ ва зери ҳимояи онҳо ҷараён ёфтаанд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, бо вуҷуди он, ки Қонуни асосии кишвар гузаронидани гирдиҳамоиҳоро дар кишвар расман манъ намекунад, ҳизби онҳо чандин бор барои доир кардани ин гуна намоишҳо аз шаҳрдорӣ ҷавоби рад гирифтааст. Вай мегӯяд, «мо барои баргузор кардани ин гуна намоишҳо борҳо муроҷиат кардем, на ба хотири ба майдон кашидан, як гирдиҳамоии хурде, ки дар ҳудуди маҳудудаи худи ҳизб бояд гузаронида мешуд, ҳатто ба ҳамин ҳам иҷозат надоданд. Дар ҳоле, ки ин ҳеҷ рабте ба сиёсати дохилии Тоҷикистон надошт, танҳо як гуна садо баланд кардан буд ҳамчун мусалмон ба хотири вазъе, ки дар Фаластин ҳамон давра ҳоким буд. Мо дар назардошти талаботи қонун аз қабл чунин муроҷиат ба шаҳрдорӣ кардем, вале ба ҳар далел онро лозим надиданд. Бори аввал гуфтанд, ки дар ин марҳила мо ҷойи муносиберо барои шумо муайян кардан наметавонем, ниҳоятан дар дохили худи ҳизб ҳам ризоият надоданд.»

Эҳтимол меравад, як сабаби ҳассосияти давлат ба баргузории гирдиҳамоиҳо ин аст, ки ҷанги дохилии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 1992 аз тазоҳуроти дарозмуддати мухолифони давлат ва ба миён омадани майдони дуюм аз ҳисоби тарафдорони давлат оғоз ёфта буд. Бархе аз коршиносон тарҳи пешниҳодии аъзои маҷлисро ба рӯйдодҳои ахири Украина пайванд медиҳанд. Таври маълум «коктейли Молотов" ё шишаҳои бензину пилтадор яке аз "силоҳ"-ҳои асосии эътирозгарон дар гиридиҳамоиҳои Киев буда, зидди нирӯҳои пулис истифода шуд.
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов

Ҳуқуқшинос ва муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, дар ҳар давлате, ки низоми демократӣ дорад ва дар фарҳанги сиёсияш гирдиҳамоӣ ва шаклҳои мухталифи эътирози мардумӣ, ҳамчун воситаи расидан ба ҳадаф ва таъсир расондан ба ҳокимияти давлатист, истифодаи маҳлули оташангез камтар ба назар мерасад.

Ин мусоҳиби мо ҳамчунин гуфт, «зимни намоишҳои эътирозӣ пӯшидани ниқоб дар он зоҳир мешавад, ки дар ин ҷомеа фарҳанги сиёсӣ мушкилот дорад, амният вуҷуд надорад ва кафолат низ дода нашудааст ва бинобарин иштирокчиёни шаклҳои мухталифи эътирози мардумӣ кӯшиш мекунанд ниқоб пӯшанд. Вале дар шароити Тоҷикистон боре нашудааст, ки мардум бо ниқоб дар эътироз иштирок кунанд. Ва аммо ба ҳар сурат қонунгузори Тоҷикистон лозим донистааст, ки минбаъд чунин амалро пешгирӣ кунад, то ки муқаррар намудани шахсияти иштирокчиёни шаклҳои мухталифи намоишҳои эътирозии мардумӣ осонтар шавад. Аммо бо назардошти он, ки маҳлулҳои оташангез боиси авҷи баъзе касалиҳо мегардад ва ба баъзе биноҳову иншотҳо зарар мерасанд, манъ кардани он давр Тоҷикистон шояд ба манфиати кор бошад.»

Тарҳи қонун акнун ба кумитаҳои порлумон ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ирсол гардид ва баъд аз арзёбии онҳо барои тавсиб ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG