Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатл дар Тоҷикистон: Бошад ё набошад?


Харитаи кишварҳое ки аз ҳукми қатл даст накашидаанд
Харитаи кишварҳое ки аз ҳукми қатл даст накашидаанд

Парлумони Тоҷикистон бо таъсиси як гурӯҳи корӣ мехоҳад, афкори умумро вобаста ба ҳукми қатл биёмӯзад.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумони Тоҷикистон, ки раҳбарии ин гурӯҳро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, ҳадафи онҳо пеш аз ҳама ба ҷомеа фаҳмондани зарурати бекор кардани ҳукми қатл дар кишвар аст. Ҷаноби Ватанов афзуд, «дар паёми имсолаи президенти кишвар таъкид шудааст, ки бекор кардани ҷазои қатл дар Тоҷикистон принсипи башардӯстии қонунҳои моро боз нишон медиҳад. Дар ин замина чун вазифа гузошта шудааст, ки гурӯҳи кории ҳукуматӣ афкори умумро нисбат ба ҷазои қатл муайян кунад, мо низ гурӯҳеро таъсис додем. Бо ин васила мо ният дорем дар бораи моҳияти ҷазои қатл ва ҷой доштан ё надоштани он, бо мардум вохурӣ гузаронида, фаҳмонем ва дар бекор кардани ҷазои қатл саҳми худро гузорем.»


Афкори умум ва ҳукми қатл дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00
Линки мустақим



Маҳмадалӣ Ватанов
Маҳмадалӣ Ватанов
Ба гуфтаи ҷаноби Ватанов, дар сурати тасдиқ шудани нақшаи кориаш, ин гурӯҳи 7- нафарӣ омодааст, дафъатан ба фаъолият оғоз кунад.

Парлумони Тоҷикистон дар ҳоле мехоҳад, афкори умумро дар робита ба ҳукми қатл муайян созад,ки чанд қазияи ахир, аз ҷумла куштори 10 рӯз пеши 5 узви як хонавода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зоҳиран ба шумори тарафдорони эҳёи ҳукми қатл ба унвони ҷазои олӣ дар Тоҷикистон афзудааст.

Аммо 3 сол пеш, вақте маркази назарсанҷии Нотабене дар ин замина бар пояи пурсиши назари беш аз 2000 нафар як пажӯҳиш анҷом дод, 61 дарсади пурсидашудагон мухолифи истифодаи ҳукми қатл дар Тоҷикистон буданд. Дар ин пурсиш 29 фисади дигар ҷонибдории худро аз лағви мораторияи ҳукми қатл баён дошта, 10 дарсад натавонистанд мавқеъи худро рӯшан кунанд. Омӯзиш нишон дод, ки аслан сокинони деҳот аз лағви ҳукми қатл пуштибонӣ карда, сокинони шаҳрҳо баръакс ҷонибдори ҷорӣ шудани ин навъи ҷазо дар кишваранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, тарафдорони ҳукми қатл бар инанд, ки ҳар қотил бояд бо қимати зиндагияш гуноҳашро ҷуброн кунад. Аз ҷумла Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, «ман зидди онам, ки ҳукми қатл комилан бекор шавад. Ин навъи ҷазо бояд дар нисбати онҳое, ки даст ба таҷовузи ноболиғон мезананд ва ё ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир мекунанд, ё ба таври ваҳшиёна одам мекушанд, ё дар куштори 5 -6 нафар даст доранд, татбиқ гардад. Ин як механизми давлат аст, ки ба шаҳрвандон нишон медиҳад, агар чунин ҷиноятро содир кунад, дар нисбати ӯ низ ин ҳукм истифода мешавад.»

Мухолифони ҳукми қатл бар инанд, ки истифодаи чунин ҷазо барои коҳиши ҷиноятҳои вазнин мусоидат накарда, баръакс ба шаҳрвандон сангдиливу бераҳмиро меомӯзад. Зеро дар аксари мавридҳо чунин ҷиноятҳо дар ҳолатҳое содир мешаванд, ки ҷинояткор дар ҳолати фишори сахти равонӣ қарор дошта, имкони андешидани оқибати амали худро надорад. Амният Абдулназаров, таҳлилгари тоҷик ба як нуктаи дигар низ ишора мекунад ва мегӯяд, «истифодаи ҳукми қатл ба манфиати ҷомеаи демократӣ нест бахусус барои кишварҳои худкомае чун Тоҷикистон. Ба он хотир, ки ҳукумат метавонад бо мақсади аз байн бурдани рақибонашон аз чунин усул истифода барад ва дар вуҷуди мардум тарсу ҳарос бештар мешавад.»

Онҳое, ки зидди ҳукми қатланд, ба он низ ишора мекунанд, ки дар натиҷаи иштибоҳи додгоҳӣ ё роҳ ёфтани фасод афроди комилан бегуноҳ метавонанд ба қатл маҳкум шаванд.

Тоҷикистон дар соли 2004-ум ба ҳукми қатл моратория ё таҳрим эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд.
XS
SM
MD
LG