Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порлумони Тоҷикистон бо ворид кардани илова ба будҷаи соли 2014 воридоти бланкаҳои шиносномаҳои биометрӣ ва ID Card-ҳоро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод кард.

Маҳмудҷон Собиров, муовини вазири корҳои хориҷӣ, зимни пешниҳоди ин илова ба будҷа дар парлумон, ин тасмимро барои тезонидани таъмини аҳолӣ бо шиносномаҳои биометрӣ ва ID card рабт дод. Ба гуфтаи вай, шурӯъ аз моҳи март шаҳрвандон метавонанд ID card гиранд. Аммо иваз кардни шиносномаҳои ҳозира ба ID card ба гуфтаи мақомот ҳатмӣ набуда, ҳар кас агар хоҳиш дошта бошад метавонад онро иваз кунад.

Ба гуфтаи Маҳмудҷон Собиров, барои ворид кардани 540 000 бланкаи шиносномаҳои биометрӣ, 600 000 бланкаҳои ID card ва таҷҳизот барои чопи ID card ба андозаи 16 миллион сомонӣ бояд андозу боҷи гумрукӣ супорида мешуд. Бо қарори порлумон, воридоти ин ҳама аз пардохти андозу боҷ озод карда шуд.

Маҳмудҷон Собиров гуфт, ки шаҳрвандон метавонанд аз 100 нуқтаи шиносномадиҳӣ дар кишвар ин навъи шиносномаву аснодро дастрас кунанд.

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков

Аммо Исмоил Талбаков, вакил аз ҳизби коммунисти Тоҷикистон, дар ҷаласаи парлумонии рӯзи 29-уми январ дар ҷараёни баррасии пешниҳоди имтиёз барои воридоти бланкаҳои шиносномаҳои биометрӣ ва ID- card-ҳо ба Тоҷикистон гуфт, бояд нархи ин аснод пойин бурда шавад. Ба иддаои ин вакил, на ҳама имкони гирифтани шиносномаҳои биометриро доранд: «Тибқи таҳлилҳои мо, аз нархи бланкаҳое, ки ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, арзиши хидматрасонӣ дар кишвар, яъне ворид кардани маълумоти шаҳвандон дар онҳо, ба маротиб гаронтар аст. Бояд мақомот бисанҷанд, ки дар арзиши аслии ин санад қиммати хидматрасонӣ, пур кардану ба мардум фурӯхтанаш боло набошад.»

Ба гуфтаи Исмоил Талбаков, ҳоли ҳозир як бланкаи шиносномаи биометрӣ ба ивази 10 доллар ва як ID-card бо нархи 6,4 евро ба Тоҷикистон оварда мешавад. Ин вакил мегӯяд, бо вуҷуди он ки ҳукумат барои воридоти ин аснод имтиёз додааст, аммо шиносномаи биометриро дар Тоҷикистон то 120 доллар мефурӯшанд.

Вале Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар посух ба пешниҳоди Исмоил Талбаков ҷиҳати пойин бурдани нархи шиносномаҳои биометрӣ гуфт, бояд ин масъала таҳқиқ карда шавад,зеро нархгузорӣ дар асоси хароҷот сурат мегирад: «Вақте ки шумо мегӯед, ки бо нархи қимат фурӯхта мешавад, мардум гумон мекунанд, ки ин ҷо чӣ гапе ҳаст. Ва дар ин робита суолҳои зиёд ба вуҷуд меояд. Аз ин хотир, ба шумо супориш дода мешавад, ки рақамҳоеро, ки ин ҷо овардед, таҳқиқ кунед, ва ба ман пешниҳод намоед. Баъдан ин масъаларо мебинем.»

Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи расмии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон оварда шудааст, нархи шиносномаи оддии биомтерӣ 75 доллар ва нархи шиносномаи дипломатӣ 120 доллар таъйин шудааст. Ва аммо барои афроди зери синни 16 шиносномаи биометрӣ ба ивази 25 доллар дода мешавад.

Шиносномаи хориҷии биометрӣ, ки аз 1-уми феврали моли 2010 дар Тоҷикистон ҷорӣ шуд, аз шиносномаи маъмулӣ тафовути зиёд надорад. Шиносномаи биометрии Тоҷикистон аз 48 саҳифа иборат буда, барои 10 сол дода мешавад. Дар ин санад дар баробари акс ва маълумоти хусусӣ ҳамчунин нақши ангуштон, тасвири пардаи чашм ва сабти овози соҳиби он низ илова мешавад.

Ва аммо Исматуллоҳ Азизов, сокини 29-солаи Душанбе, ки се сол пеш бар ивази 83 доллар соҳиби шиносномаи биометрӣ шудааст, ин нархро зарба ба кисаи мардум медонад. Ӯ мегӯяд, «ин нархе ки барои шиносномаҳои беометрӣ таъйин шудааст, шояд ба мо ки чунин имкониятро дорем, дастрас бошад. Аммо нафароне ҳастанд, ки имконияти молиявияшон ба онҳо иҷозаи гирифтани чунин санадро намедиҳад. Албатта, ҳар қадар арзишаш пасттар бошад ҳамон қадар беҳтар аст. Чунки то ҷое ман мушоҳида кардам, аксаран онҳое соҳиби шиносномаҳои биометрианд, ки сафарҳои корӣ ба хориҷа доранд. Аммо онҳое, ки муҳоҷиранд, бар ивази 70 ва ё 80 доллар гирифтани шиносномаи биомтерӣ барояшон хушоянд нест.»

ID card, яъне чӣ?

ID card-и шаҳрванди Чехия

ID card-и шаҳрванди Чехия

Бо ин ҳол, бо онки то ворид кардани ID card ба ҷои шиносномаи дохилӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ як моҳи дигар мондааст, то ҳол тартиби гирифтани кортҳои шиносоӣ ва нархи ин хидматгузории нав дар Тоҷикистон маълум нест. Корти шиносоӣ ба фарқ аз шиносномаи дохилӣ ба истилоҳ "китобчаи пурсаҳифа" нест, балки мисли ҳуҷҷати ронандагӣ танҳо аз як варақ иборат аст, ки дар пушту рӯяш иттилоъи асосӣ дар бораи соҳибашро мегунҷонанд. Кортҳои шиносоии насли нав чипҳои махсусе ҳам доранд, ки дар он маълумоти биометрӣ дар бораи соҳиби корт ҷо дода мешавад.

Дар бисёре аз кишварҳои дунё аллакай шиносномаҳои дохилиро бо кортҳои шиносоӣ ё ID card иваз кардаанд, зеро корт ҳамагӣ як саҳифа ва хеле хурдтар буда, нисбат ба шиноснома бо худ гирифтанаш осон аст.

Зимнан, Арманистон – яке дигар аз кишварҳои пасошӯравӣ - низ эълон кардааст, ки аз 1 январи соли 2014 шиносномаҳои дохилии шаҳрвандонашро бо корти шиносоӣ иваз мекунад. Ин барнома аз 1 июни соли 2012 дар се минтақаи Арманистон – Ереван, Гюмрӣ ва Ванадзор – озмоиш шуда, то имрӯз алакай ба 91 000 нафар ба ҷои шиноснома чунин корт додаанд. Барои гирифтани корти шиносоии шаҳрванди Арманистон ҳамагӣ 3000 дирам, муодили 7,4 доллар нарх муқаррар кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG