Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷабмоҳ Бадриддинова Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак шуд


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тарафдории аксари кулли вакилон номзадии Раҷабмоҳ Бадриддиноваро ба мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки ин кишвар тасдиқ кард.

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар рӯзи ҷумъаи 13 май номзадии Раҷабмоҳ Бадриддинова ба мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки ин кишвар, ки аз ҷониби раисиҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, бо тарафдории аксари кулли вакилон тасдиқ гардид.

Ӯ ҳамзамон муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен низ кор карда, дар сурати набудани аввалӣ вазифаи ӯро иҷро хоҳад намуд. Хонуми Бадриддинова дар парлумон расман савганд ёд кард. Раҷабмоҳ Бадриддинова то ҳол ба ҳайси сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон кор мекард.

Парлумони Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта бо ислоҳи қонун дар бораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон заминаро барои таъсиси Омбудсмени кӯдак муҳайё кард. Бештари намояндагони парлумони таъсиси Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакро дар Тоҷикистон як амри муҳим ва зарурӣ хонда ва гуфтанд, ки вазъи кӯдакону ноболиғон ба чунин иқдом водор кардааст.

Тибқи ин санад, Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак шахсе интихоб мешавад, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқӣ буда, синнаш аз 35 болост. Дар назар аст, дар ҳамаи вилоятҳои Тоҷикистон ва дар бархе аз кишварҳои хориҷӣ намояндагиии Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Тоҷикистон таъсис шавад. Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак аз тарафи президент ва бо ризояти Маҷлиси Намояндагон таъин карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар пасманзари сару садоҳо дар мавриди таъсиси идораи Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон, бархе аз ҳуқуқдонҳои тоҷик пешниҳод карда буданд, ки беҳтар аст омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар назди парлумон ва ё раёсати ҷумҳурӣ таъсис дода шавад. Ба қавли ҳуқуқдонҳои тоҷик ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, худ аз ҳаводиси пурсарусадо канораҷӯӣ мекунад.

Аз таъсиси Омбудсмени ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон 7 сол сол сипарӣ мешавад, аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар ин муддатро давраи имкониятҳои аздастрафта ва бидуни пешрафт меноманд. Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди он, ки қонунгузории Тоҷикистон ба омбудсмен ваколатҳои зиёд додааст, вай то кунун натавонистааст аз ин зарфиятҳо истифодаи назаррас кунад. Ин аст, ки бархе аз ҳуқуқдонҳои тоҷик пешниҳод доранд, ки ниҳоди ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдак ҷудо аз идораи омбудсмен таъсис дода шавад.

Идораи Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар ҳоле таъсис шуд, ки масъалаи ҳуқуқи кӯдак ҳамвора яке аз масоили доғ дар Тоҷикистон будааст. Созмонҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи маданӣ ҳамеша аз мавориди хушунату зӯроварӣ нисбати кӯдакон истифода аз нерӯи кории онҳо ва ҳамчуни камбуди ғизои атфоли тоҷик нигаронӣ карданд. Ахиран як таҳқиқ нишон додааст, ки сабаби кӯтоҳқад будани 300 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон истеъмоли ғизои камвитамин ва номуносиб аст.

XS
SM
MD
LG