Пайвандҳои дастрасӣ

Тасвиби созишномаи Тоҷикистону Чин - шонсе барои афви маҳбусони тоҷик


Парлумони Тоҷикистон бо татбиқи “Созишномаи Тоҷикистону Чин “дар мавриди бозпас гардонидани маҳкумшудагон”, мехоҳад 16 шаҳрванди худро аз зиндонҳои Чин раҳо кунад.

Намояндагони мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон мегӯянд, бо татбиқи “Созишномаи Тоҷикистону Чин “дар мавриди бозпас гардонидани маҳкумшудагон”, афви 16 шаҳрванди Тоҷикистон, ки чаҳор нафари онҳо ба марг маҳкум шудаанд, имконпазир мегардад.

Ҳукми эъдоми чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон - се зан ва як мард, ки дар қочоқи маводи мухаддир даст доштаанд, то ҳол иҷро нашудааст.

Созишномаи табдили зиндониён дар байни Тоҷикистону Чин ҳанӯз соли 2014 дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд, аммо танҳо рӯзи чоршанбеи 20-уми май бо раъйи 63 вакили Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистонрӯзи чоршанбеи 20-уми май зимни муаррифии “Созишномаи миёни Тоҷикистон ва Чин дар бораи бозпас гардонидани маҳкумшудагон” гуфт, дар ҳоли ҳозир 16 шаҳрванди Тоҷикистон ва 3 шаҳрванди Чин дар зиндонҳои ин кишварҳо адои ҷазо мекунанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов аз 16 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳама барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шудаанд, 9 нафар мард ва 7 тани дигар зан мебошад.

Ҷаноби Раҳмонов афзуд,”аз шумораи умумии маҳкумшудагон се зан ва як мард ба ҷазои қатл, панҷ нафар ба ҳабси абадва боқимонда ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум шудаанд. Сокинони ҷумҳурии Чин, се нафаранд ва барои таҷовуз ба номус, қасдан расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ва даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар маҳбасҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд. Албатта бозпас гардонидани маҳкумшудагон хароҷотро талаб менамояд, ки ин яке аз хусусиятҳои чунин созишномаҳост”.

Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон, тибқи ин санад интиқоли маҳбусон бо ризоияти худи онҳо ва бо маблағи пайвандонашон сурат

хоҳад гирифт ва ҳукми онҳо ба қонунгузории Тоҷикистон мутобиқ хоҳад шуд.

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, вакил аз Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон мегӯяд, ин созишнома имкони афв ва ё бахшида шудани маҳбусонро низ фароҳам меорад.

Ӯ мегӯяд, ”дар моддаи 16-и Сарқонун омадааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ зери ҳимояи давлат мебошанд. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҳоло бархе аз шаҳрвандонамон дар Чин адои ҷазо мекунанд, қарордоди мазкур низ барои бозгардондани онҳо шартҳои худро дорад. Вале муҳим аз ҳама онаст, ки ҳангоми зарурият тарафҳо метавонанд нисбати маҳбусон ҳам қонуни афв ва ҳам бахшишро татбиқ кунанд ва ин як амали инсондӯстист”.

Ин вакил ҳадафи тасвиби шартномаро ҳифзи ҳуқуқу манфиати шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва фароҳам овардани имконияти гузаронидани қисми боқимондаи ҷазо дар ватани худ унвон кард.

Умедвории намояндаи порлумони Тоҷикистон дар ҳолест, ки Чин дар робита ба ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир шадидтарин қонунҳо дорад ва эъдоми муҷримони марбут ба қочоқи ин маводро ба таъхир намегузорад.

Ба гуфтаи намояндагони мардумӣ, ин созишнома дар нисбати онҳое амалӣ мешавад, ки шаҳрвандии Тоҷикистон ва Чинро дошта бошанд ва аллакай марҳилаи кассатсионӣ ва назоратии додгоҳиро гузаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ ба зарурати баргардондани маҳбусони тоҷик ба ватан таъкид карда гуфт, “бо вуҷуди он ки ин афрод ҷинояткор ҳастанд, вале шаҳрванди Тоҷикистонанд,бояд талош кард, ки онҳо ба ватан оварда шуда, дар ин ҷо адои ҷазо кунанд. Зеро дар он давлатҳо ҷоипурсишу кӯшиш нест, ҳмин ки вақт омад, ҳукм иҷро мешавад. Аз ин хотир, агар тезтар ин созишномаро тасдиқ кунем, ниҳодҳои зарурӣ барои ҳарчи тезтар амалӣ кардани ин шартнома кӯшиш хоҳанд кард ва мо ақаллан ҳаёти одамонро ҳифз карда метавонем. Зеро ҳеҷ чиз аз ҳаёти одамӣ болотар нест”, гуфт ӯ.

Эълони теъдоди маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Чин аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли гузашта миёни ду кишвар як амалиёти муштарак дар марз сурат гирифта буд, ки дар паи он 38 нафар бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир шуданд.

Дар паи ин амалиёт, ки муддати 25 рӯз - аз 27 октябр то 21 ноябри соли 2014 давом кард, 181 кило маводи мухаддир мусодира гардид.

Хабаргузории “Синҳуа” аз қавли Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин навишт, дар ҷараёни ин амалиёт асосан ҳероин, афюн, банг ва метафетамин ном як навъи маводи мухаддири синтетикӣ мусодира шудааст. Ин амалиёт асосан дар вилояти мухтори Шинҷон-Уйғур, воқеъ дар марз бо Тоҷикистон дар ғарби Чин сурат гирифт.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, нозирони умур низ мегӯянд, 16 нафаре, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар зиндонҳои Чин ба сар мебаранд, аз шумули боздоштшудаҳои ин амалиёт будаанд.

Тоҷикистон бо Чин дар қисмати вилояти Бадахшони Кӯҳӣ дар имтидоди 500 км марзи муштарак дорад ва ҳамчунин ин кишварҳо бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошанд.

Тасвиби созишномаи миёни Тоҷикистону Чин дар мавриди бозпас гардонидани маҳкумшудагон дар ҳолест, ки то кунун Тоҷикистон бо Русия, Эрон, Украина, Афғонистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамин гуна шартномаҳо бастааст.

Бино ба иттиллои додситони кулли Тоҷикистон, ҳоло ҳудудан 7 ҳазору 700 нафар маҳбуси тоҷик дар зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд ва

ҳар сол то сад нафари онҳо ба маҳбасҳои Тоҷикистон интиқол меёбанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG