Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасвиби созишномаи пойгоҳи 201 аз сӯи парлумони Тоҷикистон ба як давраи тӯлонии танишомез дар равобити Тоҷикистону Русия нуқтаи таммат гузошт.

Парлумони Тоҷикистон баъди бозгашт аз таътил корашро аз тасвибиосзишномаи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201 оғоз кард. Созишномае, ки замони ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистонро дастикам то соли 2042 тамдид мекунад, рӯзи 1 октябр аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон бо иттифоқи оро ва бидуни баҳс тасвиб шуд.



Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии созишнома, ҳадафи пойгоҳи низомии Русияро ҳифзи субот дар минтақа унвон кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, «созишномаи мазкур манофеъи ҳар ду кишварро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳимоят намуда,ба муқобили дигар давлатҳо равона нагардидааст. Ин созишнома бо розигии тарафҳо ба таври автоматӣ то 5 соли минбаъда дароз карда мешавад.»



Ҷаноби Хайруллоев ҳамчунин афзуд,ин қарордод Русияро аз пардохти пули иҷора раҳо мекунад ва ҳам ба низомиёни рус дар қаламрави Тоҷикистон ҳаққи дахлнопазирӣ медиҳад. Бар иваз Русия кумак ба навсозии нерӯҳи мусаллаҳи Тоҷикистонро ваъда додааст. Хайруллоев гуфт, Русия аз соли 2005 ба ин сӯ ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон беш аз 411 миллион доллар кумак кардааст.

Шералӣ Хайруллоев

Шералӣ Хайруллоев

Вакили парлумони Тоҷикистон мегӯянд, тасвиби қарордоди тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-и Русия сулҳу субот ва амнияти натанҳо Тоҷикистон, балки минтақаро мушаххас мекунад. Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумон аз тасвиби қарордоди тамдиди пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистон истиқбол карда ва онро муҳим донист. Вай гуфт, ки бо ин васила "мавқеъи дурнамои стратегии сулҳу субот ва амнияти на танҳо Тоҷикистон, балки минтақаро мушаххас кардем.»

Ҷаноби Шарифов афзуд, дар ҳақиқат ин созишнома ба манфиатҳои давлатӣ ва миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ аст ва имкониятҳоеро дар сиёсат ва муносибатҳои сиёсӣ ва низомиро эҷод мекунад. Ин вакили парлумон гуфт, хуб мешуд, ки имрӯз созишномаи модернизатсияи артиши Тоҷикистонро ҳамзамон бо ин санад ба тасвиб мерасониданд.

Шодӣ Шабдолов.

Шодӣ Шабдолов.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари коммунистҳои тоҷик ва вакили порлумон низ тасвиби қарордоди тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ҷонибдорӣ кард, вале гуфт, "дар ҷаҳони имрӯз, ки шоҳиди таҳаввулотҳои сиёсӣ ва низомӣ дар Шарқу Ғарб ҳастем, бояд мавқеи геополитикии худро ошкор ва нотарсида муайян кунем."

Ба ин далел ҷаноби Шабдолов мегӯяд, ин муҳимтарин созишнома ба хотири таъмини амнияти на танҳо Тоҷикистон ва Русия, балки барои манофеи кишварҳои ИДМ аст. Зеро ба гуфтаи раҳбари коммунистҳои тоҷик, ҳаводис ва ошӯбҳо дар кишварҳои Ховари Миёна, ҷанги Афғонистону дигар минтақаҳо худ далолати он аст, ки таҳдид ба амнияти ҳар кишвар вуҷуд дошта метавонад.

Аммо Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки беҳтар мебуд, ҳузури пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон аввал барои даҳ сол баста мешуд ва баъдан метавонист тамдид карда шавад.



Хонум Бобоназарова мегӯяд, ҳар иқдоме ба хотири суботу оромии Тоҷикистон ва манофеъи ин кишвар аст, қобили қабул хоҳад буд. Аммо Ойниҳол Бобоназарова аз он изҳори тааҷуб кард, ки дар муддати як соли ахир бо он ки ин мавзуъ дар матбуот мавриди баҳсу баррасӣ қарор дошт, вале ҳукумати Тоҷикистон рӯшан накард, ки чӣ гуфтугузорҳое дар долонҳои ҳукумат бо ҷониби Русия мерафт.

Амнияти Абдуназар, муовини раҳбари ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон зидди тасвиби қарордоди тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон буда, мегӯяд, "ҳузури ин пойгоҳ дар қаламрави Тоҷикистон истиқлоли ин кишварро зери суол мебарад".




Ҷаноби Абдуназар афзуд, "бо таваҷҷӯҳ ба фишорҳо ва вобастагии Тоҷикистон ба Русия порлумон низ чораи дигаре ба ҷузъ тасвиби созишномаи тамдиди пойгоҳи низомии Русияро надорад." Ба таъкиди Амнияти Абдуназар, вакилони порлумон дастури ҳукуматро иҷро мекунанд ва худ дар тасмимгириҳо мустақил нестанд.

Ёдовар мешавем, дар иҷлосияи навбатии парлумони Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи 1 октябр доир шуд, 57 вакили парлумон ба тарафдорӣ аз созишномаи тамдиди пойгоҳи 201 - Русия дар қаламрави Тоҷикистон раъй доданд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки пас аз се рӯзи дигар ба имзои ин созишнома 1 сол пур мешавад ва дар ин муддат фикру андешаҳои мухталиф ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия садо додаанд, ки бархе аз ин санад ҷонибдорӣ карда ва иддаи дигар онро мавриди интиқод қарор доданд.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон ҳадафи ин созишномаро дифоъ аз манфиатҳои кишвар унвон кард.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили парлумон гуфт, «аз лиҳози усули, нигоҳи мо вакилони ҳиби наҳзат ин аст, ки Тоҷикистон чун кишвари соҳибихтиёр бояд қудрат ва тавони ҳимоят ва таъмини амнияти худро мустақилон дошта бошад.Аммо воқеияти имрӯза ин аст, ки бо назардошти таҳдидҳо ва хатарҳое, ки дар минтақа вуҷуд дорад,эҳтимоли он зиёд аст, ки дар ҳамин марҳила мо мустақилон натавонем амнияти худро таъмин кунем. Агар манфиатҳои давлатии мо талаб кунад, ки дар ҳамин марҳила Тоҷикистон дар қаламрави худаш пойгоҳи низомии яке аз кишварҳои дустро ҷо кунад,шояд беҳтарин интихоб боз ҳам Русия бошад.» Бо ин ҳама Кабирӣ пешниҳод кард, ки аз ин ба баъд ҳангоми қабули чунин санадҳо ва ба хотири шафофият, бояд назари мардум ва ҷомеа гирифта шавад.
Тасвиби қарордоди тамдиди замони ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз қабл мавзӯъи асосии рӯзномаи иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон гуфта мешуд.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон нигаронии бархе қишрҳоро дар бораи маҳдуд шудани истиқлолият ва то 30 соли дигар таҳти султаи Русия боқӣ мондани Тоҷикистонро бепоя хонда, гуфт: «Дар Ҷопон 47 пойгоҳи низомии Амрико 60 сол ба ин сӯ фаъолият доранд ва низомиёни амрикоӣ сад сад сад аз дахлнопазирӣ бархӯрдор ҳастанд, масалан, барои ягон ҷиноят умуман аз сӯи мақомоти Ҷопон боздошт ва муҷозот намешаванд. Як чизе муҳиме, ки дар атрофи он бисёр вақт дар сомонаҳо баҳс мешуд, ин дахлнопазирии ҳайати шахсии пойгоҳ аст, ки гӯё онҳо аз ҳар гуна ҷавобгарӣ дур мемонда бошанд. Аммо дар асл ин тавр нест, дар баробари дахлнопазирии онҳо нишон дода шудааст, ки мувофиқи кирдорашон онҳо мувофиқи қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.»

Маҳмадалӣ Ватанов

Маҳмадалӣ Ватанов

Маҳмадалӣ Ватанов гуфт, дахолати пойгоҳи 201 дар умури дохилии Тоҷикистон бо машварати роҳбарони Русия ва Тоҷикистон сурат мегирад, дар акси ҳол онҳо барои ҳимоят аз ягон нерӯ ҳуқуқ надоранд. Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон гуфт, 30 сентябр шӯрои парлумон дар умум созишномаро қабул кард ва умедвор аст, пас аз баррасиҳо дар иҷлосия намояндагони мардум онро ба тасвиб мерасонанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз қабл эълон кардаанд, ки ба муҷарради бозгашти вакилон аз таътил ба баррасии ин қарордоди муҳим хоҳанд пардохт. Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба ин манзур рӯзи 24 сентябр бо ирсоли матни созишнома ба кумитаҳои марбутаи парлумон раванди тасвиби онро расман оғоз бахшид.

Тӯл кашидани тасвиби қарордоде, ки ҳанӯз 5 октябри соли 2012 имзо шуда, замони ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистонро дастикам то соли 2042 ва он ҳам бидуни масъулияти пардохти кадом пули иҷора тамдид мекунад, як мояи танишҳои мудавоми як соли охир байни Маскаву Душанбе буд. Аммо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти рӯзи 1 август бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Маскав ваъда дод, ки парлумони Тоҷикистон ба зудӣ ин созишномаро ба баррасӣ хоҳад гирифт.

Аз қабл интизор мерафт, ки ин созишнома то боздиди Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия аз Тоҷикистон тасвиб хоҳад шуд. Сафари Наришкин ибтидо дар моҳи сентябр барномарезӣ шуда буд, вале баъдан ба моҳи октябр ба таъхир андохта шуд. Расонаҳои русӣ мегуфтанд, ки ин таъхир зоҳиран ба тӯл кашидани раванди тасвиби қарордоди пойгоҳ аз ҷониби Тоҷикистон рабт мегирад. Акнун гуфта мешавад, ки Наришкин алакай дар поёни ҳафтаи равон ба Душанбе хоҳад омад.


Қарордоди Тоҷикистону Русия дар бораи шароити ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз 5 октябри соли 2012 зимни сафари Путин ба Душанбе имзо шуда буд. Ин қарордод замони ҳузури ин пойгоҳро дастикам то соли 2042 тамдид карда, Русияро аз пардохти пули иҷора раҳо мекунад ва ҳам эътои ҳаққи дахлнопазирӣ ба низомиёни рус дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Ҷониби Русия алакай то моҳи апрел тамоми мароҳили тасвиби ин созишномаро пушти сар гузошт, вале парлумони Тоҷикистон тза ба баррасии ин масъала шурӯъ мекунад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози моҳи август дар пайи мулоқоташ бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дар Маскав гуфт, парлумони кишвараш ба зудӣ ба тасвиби созишномаи пойгоҳи 201 хоҳад пардохт. Дар матбуот ҳадс мезаданд, ки ин тавофуқ натиҷаи як навъ муомила байни Душанбеву Маскав дар ивази мувофиқати Русия ба ҳимоят аз номзадии оқои Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябр аст.

Мақомоти Тоҷикистон маътал кардани худ дар тасвиби ин қарордодро ба он бастагӣ медоданд, ки ҷониби Русия дар иҷрои ваъдаҳои худ зиёд шитоб намекунад. Аз ҷумла бо имзои як қарордод дар моҳи феврал Русия муваззаф шуда буд, ки дар соли 2013 ба Тоҷикистон 1 миллион тонна маводи сӯхташро бидуни боҷи гумрукӣ мефурӯшад. Вале ин созишнома то ҳол тасвиб ва иҷроӣ нашудааст ва дигар гумон аст, ки дар севуним моҳи боқимондаи сол Маскав битавонад ваъдаи фурӯши бидуни боҷи 1 миллион тонна бензину соляркаашро иҷро ва ба коҳиши нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон мусоидат кунад.

Ҳамин тавр, ваъдаи дигари Русия додани ҳаққи 15 рӯз будубоши бидуни сабти ном барои муҳоҷирони тоҷик низ ба истилоҳ дар ҳаво муаллақ мондааст. Бар изофа, боздошти дастаҷамъонаи муҳоҷирони корӣ ва ихроҷи онҳо аз қаламрави Русия дар моҳҳои охир муҳоҷиронро ноумед кардааст, ки ҳатто баъди ба иҷро даромадани созишномаи муҳоҷират ҳам вазъи онҳо беҳтар шавад. Парлумони Тоҷикистон рӯзи 1 октябр ин созишномаро тасвиб кард, вале ҷониби Русия ба то ҳол ваъдааш дар бораи додани сабукиҳо ба муҳоҷирони тоҷикро ба иҷро надаровардааст.

Пойгоҳи 201-ум, ки воҳидҳои низомиаш дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон мустақар мебошанд, бо наздики 7 000 аскару афсар бузургтарин пойгоҳи низомии Русия ва ҳам бузургтарин воҳиди нирӯҳои хушкигарди ин кишвар дар хориҷ ба шумор меравад.

Пойгоҳи 201-ум дар соли 2004 дар заминаи дивизияи 201-уми артиши Русия, маъруф ба “Гатчинская дивизия”, ташкил ёфта, нирӯҳояш дар ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, ҷанги солҳои 1979-1989 дар Афғонистон ва ҳам дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) ширкат кардаанд.

Як пурсиши назари мардум, ки хабарнигори Озодӣ ҳанӯз қабл аз тасвиби ин созишнома дар кӯчаҳои Душанбе анҷом дод, нишон медиҳад, ки назари сокинони оддӣ ба масъалаи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи Русия яксон набудааст:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG