Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки бинобар камранг шудани нақши вазорати кишоварзӣ дар пешрафти бахши аграрии кишвар, масъалаи ихтисор ё барҳам додани онро дар миён хоҳад гузошт.

Ҳизби демократии Тоҷикистон бо дарназардошти камранг шудани нақши Вазорати кишоварзӣ дар таъмину назорат ва пешрафти соҳаи аграрии кишвар, масъалаи ихтисор ва аз байн бардоштани онро дар парлумон дар миён хоҳад гузошт.

Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ҲДТ ва ягона вакили ин ҳизб дар парлумони Тоҷикистон ба ин назар аст, ки нақши вазорати кишоварзӣ дар бозору соҳаҳои хоҷагии кишвар нозарур шудааст ва ин ниҳод зарурат ба ихтисор дорад: “Мо чанд тан аз олимони cоҳаи кишоварзиро даъват кардем ва қисман корҳоеро анҷом додем. Дар ноҳияҳо ва маҳаллаҳо маасъалаҳои кишоварзиро баррасӣ мекунем ва баъдан аз номи Ҳизби демократӣ ман ҳамчун вакил дар парлумон, ба ҳукумати кишвар масъалаи ихтисор ва ё дигар кардани сохтори идории кишоварзиро дар миён хоҳем гузошт.”

Масъулияти Вазорати кишоварзӣ аз он чӣ, ки дар замони шӯравӣ дошт ҳоло ба кулли фарқ мекунад. Ба гуфтаи мутахасиcони ин соҳа, дар замони Шӯравӣ ин ниҳод сиёсати кишоварзиро мушаххас мекард, деҳқонро бо замину обу тухмӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин менамуд ва кишту ҳосилро ба нақша мегирифт. Аммо суқути Шӯравӣ ва мустақил

Саъидҷаъфар Исмонов

Саъидҷаъфар Исмонов

шудани кишварҳо ва сиёсати бозори иқтисодӣ ба ислоҳоти сохторӣ овард ва тақсим шудани он ба ниҳодҳои дигар, ин вазоратро заиф намуд. Ҳоло қисме аз масъулиятҳои ин вазорат ба ниҳодҳои дигар вогузор шуда ва вазорати кишоварзӣ ба қавли Саидҷаъфар Исмонов, ба сурати умум дар барномарезӣ ва дар пешрафти ин соҳа нақше надорад,

Аммо Нусратулло Нозанинзода, муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, аз байн бурдани ин вазоратхона, ба масъулияти кадом вакили парлумон бастагӣ надорад: ”Кумитаи замин ва геодезӣ масъалаҳои марбут ба соҳаи худашро пеш мебарад, ба бисёр масъалҳои кишоварзи дахолат карда наметавонад. Кумитаи замин назорати заминро бар ӯҳда дорад. Вале дар мавриди масъалаҳои аграрӣ, ҳамаи назоратро вазорати кишоварзӣ пеш мебарад. Нақши вазорати кишоварзӣ муҳим аст, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониро назорат мебарад ва ба онҳо кӯмак мекунад ва дар кишту кори маҳсулот роҳнамоӣ мекунад. Дар тамоми дунё ин вазорат мавҷуд аст ва бояд дар Тоҷикистон бошад. Агар дигар мақомотро тобеи ин вазорат кунем, пурқувваттар мешавад. Ҳамаи салоҳиятҳое, ки бар дӯши вазорати кишоварзӣ аст, аз тарафи ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст ва масъалаи барҳам додани он низ ба салоҳияти ҳукумат аст, на ба салоҳияти вакилони парлумон.”

Ҳукумати кишвар дар соли равон барои се соҳа кишоварзӣ, заминсозӣ ва хоҷагии об, ҳамагӣ 43 миллиону 204 ҳазор сомонӣ аз буҷаи худ ҷудо кардааст. Мутахасисони соҳаи кишоварзӣ мегӯянд, ҳоло таъмини будҷаи раёсати кишоварзии вилоятҳо ва ноҳияҳо, бар дӯши ҳукуматҳои навоҳиҳо мебошад. Ва вазорати кишоварзӣ раёсатҳои худро бо маблағ таъмин намекунад ва ҳамчун як ниҳоди марказӣ, тавони маслиҳат додан ва ё назорат бурданро тақрибан аз даст дода ва дар рушди соҳаи хоҷагиии деҳқонии Тоҷикистон, ки таъмини бозорҳои маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ба ҳосили заҳмати онҳо вобаста аст, нақши камранге дорад.

Масъулони хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон мегӯянд, вазорат муваззаф аст, ки барои ба даст овардани ҳосили бештар, тухмиҳои серҳосил пешниҳод кунад, вале аз ҷониби вазорат чунин иқдом сурат намегирад ва тухмиҳое, ки барои гандуму пахтаву дигар зироат истифода шудаанд, камҳосил шуда, ҳамагӣ то 25-30 сентнер ҳосил медиҳанд.

Ураз Бекмирзоев, як масъули хоҷагии деҳқонӣ дар вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло камтаваҷҷуҳии вазорати кишоварзӣ дар масъалаи тухмии зироатҳо, ҳосили хоҷагии деҳқониро кам кардааст ва ин вазорат вазифаи худро ба таври бояду шояд иҷро намекунад: “Агар вазорати кишоварзӣ тухмиҳои босифатро аз хориҷи кишвар оварда хоҷагиҳоро таъмин кунад, ин вазорат зарур аст, вале агар оварда натавонад, будани он зарур нест.”

Дар ҳоли ҳозир беш аз 62 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд ва бозори маҳсулоти мавриди ниёзи мардум таъмин мекунанд, вале бо ин вуҷуд, бахши аъзами маҳсулот ба мисли орду шакар, ҳатто картошкаву гӯшту биринҷ, анвои равған ва меваҷот, аз хориҷи Тоҷикистон ворид мешавад.

Бо ин вуҷуд, Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки муттаҳид намудани вазорати кишоварзӣ бо Кумитаи замину геодезӣ ва Вазорати обу мелиоратсия ба суди соҳаи аграрии Тоҷикистон анҷом хоҳад ёфт ва ба рушду нумӯи соҳаи агарарии Тоҷикистон мусодиат хоҳад кард, вагарна вазорати кишварзӣ танҳо ба хотири назорати ин соҳа зарурат надорад

Ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта бо назардошти беҳбуд бахшидани соҳаҳои мухталиф дар вазорату кумитаҳои давлатӣ тағйироти сохтории идорӣ анҷом дода, идораҳои марбутаро барои рушд бахшидан, муттаҳид кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG