Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, тарҳи қонуни афвро ба тасвиб расонданд. Бар пояи ин қонун, ки аз сӯи раисиҷумҳур пешниҳод шудааст, гуноҳи беш аз 12 ҳазор нафар, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ бахшида хоҳад шуд.

Тарҳи қонуни афвро рӯзи 24-уми август Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Намояндагон муаррифӣ кард. Дар ин иҷлосия Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ва Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон низ иштирок доштанд.

Бар асоси тарҳи Қонуни афв онҳое, ки одам куштаанд, бо гуноҳи терроризм ва ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шудаанд, ё ҷиноятҳои «муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат» содир кардаанд, афв нахоҳанд шуд.

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, қонун "Дар бораи афв" нисбат ба афроде, ки дар кофтукоби ҷиноятӣ қарор дошта ва берун аз кишвар ба сар мебаранд (ба истиснои онҳое, ки ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд), низ татбиқ мешавад. Раиси Додгоҳи олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён ҳам гуфт, ин қонун нисбат ба он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби додгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ маҳкум шудаанд ва барои идомаи адои ҷазо ба дохили кишвар интиқол дода шудаанд, амалӣ мешавад.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили порлумон аз ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, зимни баррасии ин тарҳ пешниҳод кард, ки бояд Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолӣ ба масъалаи зиндониёни бемор таваҷҷуҳ намояд ва пас аз раҳоӣ онҳоро ба табобату муолиҷа фаро гирад. Додситони кулл ҳам гуфт, дар ин тарҳ ба занону ноболиғон таваҷҷуҳи махсус дода хоҳад шуд.

Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров

Ин қонун аз 22 модда иборат аст ва вакилон пас аз баҳсу баррасии дусоата, барои қабули ҳар як модда алоҳида-алоҳида ва ҳам барои ин қонун дар маҷмӯъ, раъй доданд ва он бо иттифоқи оро тасвиб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 17-уми август ба порлумон тарҳи “Қонуни авф”-ро пешниҳод кард ва ҳоло бо тасвиб шудани он гуноҳи беш аз 12 ҳазор нафар, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ бахшида хоҳад шуд. Тарҳи қонун "Дар бораи авф" бахшида ба 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки рӯзи нӯҳуми сентябр таҷлил мешавад.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, ​"мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ қонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар муттаҳам ба ҷиноят, боздоштшудагон ва зиндониён татбиқ мешавад." Аз ҷумла, бештар аз 3 ҳазор зиндониро озод карда, 4 ҳазор нафари дигарро, ки ҷазои шартӣ гирифтаанд, авф мекунанд. Парвандаи ҷиноии 5 ҳазор нафари дигар, ки дар тафтиш қарор дорад, лағв мешавад ва ҳукми зиндони теъдоди зиёди дигарро камтар мегардад. Шарҳи расмии қарор рӯзи 17-уми август дар вебсайти раисиҷумҳур нашр шуд.

Юсуф Раҳмон

Юсуф Раҳмон

КИҲОРО АФВ МЕКУНАНД?

Ба гуфтаи дафтари раёсати ҷумҳурӣ, мувофиқи моддаи якуми қонун занону ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурӯҳҳои якум, дуюм ва сеюм, беморони гирифтори саратон, беморони дил, сил, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони рафъи паёмади фалокати нерӯгоҳи атомии Чернобил, афроде, ки мукофоти давлатӣ гирифтаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ аз гурӯҳи афроде ҳастанд, ки қонуни авф нисбат ба онҳо татбиқ мешавад.

Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ қонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар муттаҳам ба ҷиноят, боздоштшудагон ва зиндониён татбиқ мешавад.

Дар шарҳи тарҳи Қонун дар бораи афв дар Тоҷикистон омадааст, ки "ҳангоми таҳияи лоиҳа ба шахсоне, ки бори аввал ҷиноят содир намудаанд, диққати махсус дода шудааст. Аз ҷумла, онҳое, ки барои бори аввал содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд."

Ҳамчунин гуноҳи онҳоеро мебахшанд ва аз зиндон озод мекунанд, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят кардаанд, масалан сабаби садамаи автомобилӣ шудаанд.

КИҲО АФВ НАМЕШАВАНД?

Бар асоси тарҳи Қонуни афв онҳое, ки одам куштаанд, бо гуноҳи терроризм ва ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шудаанд, ё ҷиноятҳои «муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат» содир кардаанд, афв намешаванд. Дар шарҳи қонун ҳамчунин омадааст, "нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд, шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, шахсоне, ки қаблан мувофиқи қонунҳо «Дар бораи авф» аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои ҷазо озод карда шудаанду боз ҷиноят содир намудаанд, шахсоне, ки дар маҳали адои ҷазо ҷиноят содир намудаанд ва маҳкумшудагоне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, Қонун «Дар бораи авф» татбиқ карда намешавад."

Охирин қонуни афв дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 дар арафаи 20-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон қабул шуда буд ва бар асоси он беш аз 10 ҳазор маҳбусу афроди гумонбар ба содир кардани ҷинояти мухталиф ба назди пайвандонашон баргаштанд.

Тибқи муқаррарот бояд "Қонуни афв" баъди баррасӣ ва тасвиб шуданаш дар порлумони Тоҷикистон бояд дар муддати се моҳ амалӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG