Пайвандҳои дастрасӣ

"Памперс...ценипар ва боз памперс"


Телевизиони Тоҷикистон

Телевизиони Тоҷикистон

Баррасии тарҳи Қонун дар бораи «Телевизион ва радиоишунавонӣ» баҳси тундеро дар парлумон ба миён овард.

Хабарнигори радиои Озодӣ аз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар дод, ки зимни баррасии тағйирот дар Қонуни телевизион ва радио, қарор буд танҳо номи ин ниҳод аз «Кумита оид ба телевизион ва радиошунавонӣ» ба «Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ» табдил шавад. Вале пас аз суханронии муовини раиси он Саидалии Сиддиқ баҳси гарме бархост ва вакилон бо норозигӣ аз фаъолияти шабакаҳои ТВ Тоҷикистон суолҳои зиёдеро дар миён гузоштанд.

Аз ҷумла, Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон аз пахши зиёди рекламаву таблиғоти тиҷоратӣ изҳори норизоият кардааст. Талбаков аз ҷумла суол кард, ки «Чаро мардум ва аз ҷумла депутатҳо барои фаъолияти телевизион андоз месупоранд, аммо ҳар вақте ки телевизиони тоҷикро рӯшан кунӣ, фақат реклама ва рекламаи памперсро мебинӣ?».

Намояндаи Кумитаи радио ва телвизион ба ин суол посухи возеҳ надод ва ба ҷои ӯ Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон талош кард лаҳни баҳсро нармтар кунад ва гуфт, "изҳори умедворӣ мекунем дар ояндаи наздик барномаҳои телевизион ҷолибтар хоҳанд шуд."

Вакили дигари парлумон Муҳиддин Кабирӣ дар муроҷиат ба намояндаи Кумитаи телевизион шикоят кард, ки телевизиони давлатӣ зимни гузоришҳо аз нишастҳои парлумон ҳеҷ гоҳ ӯро, "аққалан ҳамчун вакили маҷлис нишон намедиҳанд ва чеҳраи ӯро аз дурбини телевизион қайчӣ мекунанд". Раиси ҲНИТ ва намояндаи ҳизби оппозитсионӣ дар парлумон гуфт, ин вазъият ба ҷое расондааст, ки интихобкунандагон дар мулоқотҳо аз вай суол мекунанд, ки дар иҷлосияҳои парлумонӣ ширкат мекунад ё на. Ба ин суоли вакил Муҳиддин Кабирӣ низ намояндаи Кумитаи телевизион ва радиоишунавонӣ тақрибан посух надодааст.

Суоли дигар ва умдае, ки вакилон аз намояндаи ин кумита кардаанд ин буд, ки бо чӣ сабаб то ҳол масъалаи дастрасии шабакаҳои телевизонҳои Тоҷикистон дар манотиқи марзӣ тақрибан ҳал нашудааст ва сокинони навоҳии марзии Тоҷикистон аз тамошои барномаҳои ТВ давлатии кишвар маҳрум ҳастанд. Саидалии Сиддиқ ба ин пурсиши вакилон гуфтаст, ки дар ҳоли ҳозир дар 99,7 дарсади қаламрави Тоҷикистон, барномаҳои шабакаҳои телевизион мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG