Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раванди тасвиби созишномаи пойгоҳи 201 дар парлумони Тоҷикистон расман рӯзи 23 сентябр бо баррасии ин мавзӯъ дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон оғоз ёфт.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи 23 сентябр созишнома дар бораи мақом ва шартҳои буду боши пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ кард.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон рӯзи 23 сентябр ба Радиои Озходӣ гуфт, "Шӯрои Маҷлиси намояндагон субҳи имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Шӯро дар канори чандин лоиҳаи қонунҳо ва санадҳо, созишнома дар бораи мақом ва шартҳои буду боши пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистонро низ маврид баррасӣ қарор дод."

Ба ин тартиб, раванди тасвиби ин паймон дар парлумони Тоҷикистон оғоз ёфта, интизор меравад, ин созишнома дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати чорум тасвиб шавад. Бо қарори Шӯро, ин иҷлосияро рӯзи 1 октябр даъват кардаанд.


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Маскав. 1 август

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Маскав. 1 август

Қарордоди Тоҷикистону Русия дар бораи шароити ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз 5 октябри соли 2012 зимни сафари Путин ба Душанбе имзо шуда буд. Ин қарордод замони ҳузури ин пойгоҳро дастикам то соли 2042 тамдид карда, Русияро аз пардохти пули иҷора раҳо мекунад ва ҳам эътои ҳаққи дахлнопазирӣ ба низомиёни рус дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Ҷониби Русия алакай то моҳи апрел тамоми мароҳили тасвиби ин созишномаро пушти сар гузошт, вале парлумони Тоҷикистон то ҳол ба баррасии ин паймон ҳатто шурӯъ накарда буд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 август дар пайи мулоқоташ бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дар Маскав гуфт, парлумони кишвараш ба зудӣ ба тасвиби созишномаи пойгоҳи 201 хоҳад пардохт. Дар матбуот ҳадс мезаданд, ки ин тавофуқ натиҷаи як навъ муомила байни Душанбеву Маскав дар ивази мувофиқати Русия ба ҳимоят аз номзадии оқои Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябр аст.

Раванди тасвиби созишномаи пойгоҳи 201-ум дар парлумони Тоҷикистон дуруст дар рӯзе оғоз ёфт, ки қарор аст, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочӣ дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кунад.

Пойгоҳи 201-ум, ки воҳидҳои низомиаш дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон мустақар мебошанд, бо наздики 7 000 аскару афсар бузургтарин пойгоҳи низомии Русия ва ҳам бузургтарин воҳиди нирӯҳои хушкигарди ин кишвар дар хориҷ ба шумор меравад.

Пойгоҳи 201-ум дар соли 2004 дар заминаи дивизияи 201-уми артиши Русия, маъруф ба “Гатчинская дивизия”, ташкил ёфт. Таърихи таъсиси ин дивизия аз 1 июни соли 1943, ки ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба нуқтаи авҷаш расида буд, оғоз мегирад. Пойгоҳи 201 ширкат дар набардҳо алайҳи Олмони фашистӣ, дар ҷанги солҳои 1979-1989 дар Афғонистон ва ҳам дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1995)-ро дар корномааш сабт кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG