Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ҳейг: "Младич даст ба наслкушӣ зада буд"


Дар додгоҳи байнулмилалии Ҳейг мурофиаи парвандаи генерали сербҳои Боснӣ Ратко Младич шурӯъ шуд.

Додситонҳои додгоҳи Ҳейг ё Гаага мегӯянд, ки асноду далелҳои парвандаи ҷиноӣ даст доштани Ратко Младич дар куштори мусалмонҳову хорватҳо ва дигар мардуми ғайрисерб дар ҷанг дар Боснӣ ва Ҳерсеговинаро собит мекунанд.

Генерал Младич дар маҷмӯъ дар 11 далели қатли ом, ҷиноёти низомӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият гумонбар мешавад. Додситон Дермот Грум дар ибтидои мурофиа
Ёди қурбониёнро гиромӣ медоранд.
Ёди қурбониёнро гиромӣ медоранд.
гуфт, ки “ду даҳсола пеш раҳбарони Боснӣ ҷанг алайҳи ҳамватанҳои худ дар Боснӣ ва Ҳерсеговинаро шурӯъ карданд. Сокинони осоишта фақат ба он хотир ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд, ки онҳо сербҳои Боснӣ набуданд. Сарзамини онҳо, зиндагиву шаъну шарафи онҳо ба таҳдид мувоҷеҳ гардид, ҳамла ба онҳо ҳамоҳангшуда ва қаблан тарҳрезишуда буд. Дар баъзе минтақаҳо он ба қатли оми мардум табдил гардид”.

Младич дар куштори тақрибан ҳашт ҳазор мардону наврасони Сребренитса дар соли 1995 – мудҳиштарин ҷиноят дар Аврупо баъд аз хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон - гумонбар мешавад. Додгоҳ ӯро ҳамчунин дар муҳосираи 44-моҳаи шаҳри Сараево айбдор мехонад, ки дар он тақрибан 100 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд ва беш аз 2 миллион 200 ҳазор нафар бесарпаноҳ монданд.

Додситон Грум таъкид кард, ки куштори мусалмонҳо ва мардуми ғайрисерби Боснӣ як бахши барномаи ташкили “Сербистони бузург” буд. Ба гуфтаи ӯ, чаҳор рӯз пеш аз фармондеҳи ситоди артиши Ҷумҳурии Сербска таъйин гаштани Ратко Младич бист сол пур шуд.

“Аз ҳамон рӯз ширкати Младич дар фаъолияти ҷиноӣ оғоз ёфт, аз ҳамон рӯз ӯ ба содир кардани ҷиноёти ҷиддӣ ҷалб шуд, ки ҳадафаш поксозии қавмии бахши аъзами қаламрави Боснӣ буд”, гуфт додситони Додгоҳи Ҳейг.

Ратко Младич иттиҳоми додситониро “ваҳшатнок” номид ва гуфт, ӯ барои Ватан ва мардуми худ мубориза мебурд. Генерали собиқ ҳамчунин изҳор намуд, ки бар асари беморӣ тавони дар мурофиа ширкат карданро надорад.

Ба гуфтаи коршиносон, мурофиаи Младич шояд то се соли дигар идома кунад. Агар додгоҳ ӯро муҷрим шиносад, фармондеҳи собиқ барои мӯҳлати тулонӣ маҳкум ба зиндон хоҳад шуд.

Радован Караҷич, раҳбари сербҳои Боснӣ ва яке аз ҳамсафҳои Ратко Младич, ки мурофиааш дар Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг идома дорад, низ дар рӯбарӯи ҳамин гуна муҷозот қарор дорад. Айбҳои ба ҳардуи онҳо эълоншуда яксонанд. Караҷич соли 2008 дар Сербия боздошт ва ба Ҳейг интиқол дода шуд. Младич бошад се сол баъд аз ӯ бар асари як амалиёти вижаи хадамоти кашфи Сербия ба даст уфтод.
XS
SM
MD
LG