Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо Фаластин боз мусовӣ шуд


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии дувуми байналмилалии дӯстонаро бо тими миллии Фаластин бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом дод.

Бозии дувуми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Фаластину Тоҷикистон шаби чоршанбеи 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 16000 тамошобин баргузор шуд.

Нуриддин Давронов, капитани мунтахаби Тоҷикистон, ҳисобро дар дақиқаи 22-юм аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ боз кард. Ҷонатан Зорилла, бозигари меҳмонон, дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 52-юм, аз пеналтӣ ҳисобро баробар намуд. Вале баъди панҷ дақиқа ҳисоб тағйир ёфт. Голи дувуми мунтахаби Фаластинро Тамер Сеям дар дақиқаи 57-ум ба ҳадаф расонд. Голи ҷавобии мунтахаби Тоҷикистонро Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 60-ум зад ва ҳисоби бозӣ баробар (2:2) шуд. Аҳмад Абунаҳиа дар дақиқаи 69-ум голи севуми мунтахаби Фаластинро ба дарвозаи мизбонон равон кард. Ба Парвизҷон Умарбоев муяссар шуд, ки дар замони изофии таъинкардаи сардовари бозӣ Денис Измайлов, довари ФИФА аз Қазоқистон, голи севумро ба самар расонда, мунтахаби Тоҷикистонро аз шикаст наҷот бидиҳад.

Ҳоло дар рейтинг ё раддабандии ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) мунтахаби Фаластин дар мақоми 115-ум ва тими миллии Тоҷикистон дар ҷойи 144-ум қарор доранд.

Зимнан, ин дувумин дидори дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Фаластин ба шумор мерафт. Бозии аввали дӯстона миёни ин дастаҳо 6 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура»-и шаҳри Ҳеврон бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд.

Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи футболбозони тоҷик ба охир расид. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 39-ум ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 50-ум, Карлос Салом, бозигари мизбонон, аз ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро баробар кард.

Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба ҳайати даста 23 бозигарро даъват карда буд. Дар байни онҳо ҳафт легионер - шогирдони футболи тоҷик, ки дар бошгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, Абдуазиз Маҳкамов («Олой»-и Қирғизистон), Фарҳод Восиев («Оренбург», Русия), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов, Нуриддин Давронов (ҳарду - «Дунав»-и Булғористон), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон) ва Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо»-и Брести Беларус) - буданд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Фаластин:

Абдуазиз Маҳкамов, Искандар Ҷалилов, Фарҳод Восиев, Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Нуриддин Давронов (капитан), Амирбек Ҷӯрабоев (Ҷаҳонгир Эргашев, 59), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Алиев, 54), Умедҷон Шарифов (Аҳтам Назаров, 54), Парвизҷон Умарбоев, Манучеҳр Ҷалилов (Комил Саидов, 69).

Бояд гуфт, ки ин бозии панҷуми мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармурабии даста Ҳаким Фузайлов буд. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ футболбозони тоҷик бар тими миллии Бангладеш (5:0 ва 1:1) пирӯз шуда, се бозии дӯстонаро бо Сурия (0:0) ва Фаластин (1:1 ва 3:3) мусовӣ кардаанд.

Бозии навбатии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо мунтахаби Туркманистон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG