Пайвандҳои дастрасӣ

Як кӯдаки 12-солаи сокини хона-интернати ноҳияи Ёвон мегӯяд, 7 сол боз ҳар рӯз роҳи модарашро мепояд, ки оё кай аз Русия бар хоҳад гашт? Лоиқ ҳанӯз 5 сол дошт, ки модараш ӯро ба инҷол супурду дигар барнагашт...

Лоиқ Юсуфӣ, зодаи ноҳияи Ёвон ҳамагӣ 5 сол дошт, ки модараш ӯро ба хонаи пиронсолон супурда, ба Русия рафт ва ваъда дод, ки тирамоҳ баргашта, ӯро бо худ мебарад.

Ҳафт тирамоҳи умри ин наврас дар интизори модари муҳоҷираш барҳадар рафт. Лоиқ, ки маъюби гурӯҳи якум буда, забонаш лакнат дорад, мегӯяд, шояд дар ин 7 сол ягон 700 бор бо дидани ҳар зане пушти дари хона-интернати пиронсолон сӯи дарвоза шитофтааст, аммо ҳар дафъа маълум мешуд, ки модари ӯ нею наздикони кадом ҳамтақдири дигари ӯ барои дидорбинӣ омадаанд.

Дафтари хотираҳои зеҳнии Лоиқ аз он шурӯъ мешавад, ки пас аз ҷудо шудани волидайнаш аз ҳам, падар соле пас мефавтад ва модар ба хотири беҳбудии зисташ ба Русия меравад.

“Модарам Русия рафт, падарам мурдааст. Хешу таборамон зиёданд аммо касе хабар намегирад. Вале мехоҳам модарам биёяд, маро хабар гирад, бо худаш барад. Охир ман модарамро дӯст медорам!”

Лоиқ қисса мекунад, ки нахустин рӯзҳои зиндагиро дар дурӣ аз модар дар ин макон ба сахтӣ, ғамгину бо мушкилот сипарӣ кардаву ҳоло ба ин муҳит одат кардааст. Ҳарчанд, ҳар лаҳза орзуи оғӯши кушодаву лабханд ва дидори модар, дар дили кӯчакаш шӯъла мезанад. Тавре худаш мегӯяд: “рӯзе ин орзуяш ки модар дасти ӯро гирифта аз ин макон мебарад” амалӣ хоҳад шуд.

“Ҳоло барои баргузории соли нав омодагӣ мебинем шеърҳо азёд мекунем. Ман мехоҳам дар оянда муаллим шавам ва барои кӯдакон дарс гӯям. Ин орзуи ман аст. Ба кӯдакон дарс гуфтану бо онҳо машғул шудан хеле ҷолиб аст.”

Дар ин маконе, ки Лоиқ ба сар мебарад, 54 нафар чунин кӯдакону наврасони бепарастор ва ноқисулақл ҳам ҳастанд ҳарчанд, муассисаи мазкур барои 40 нафар пешбинӣ шудааст. Аммо аксари бошандагони он мегуянд, солҳост, ки хона-интернати пиронсолон ва маъюбон манзили зисташонрову мураббияҳо волидонашонро иваз кардаанд.

Надежда Бобохонова

Надежда Бобохонова

Надежда Бобохонова, ҳамшираи шафқат дар ин хона-интернат аз рафтору гуфтори Лоиқ тавсиф мекунад. Хонум Бобохонова афзуд, ки солҳои аввали инҷо будани Лоиқ тағо ва холааш аз ӯ хабар мегирифтанд, аммо ҳоло онҳо дигар ба дидорбинияш намеоянд. Ӯ афзуд: “Лоиқ аввал дар интернати бепарасторон тарбия мегирифт ва баъд аз он ки ташхиси табибон ӯро маъюби гуруҳи якум муаян кард баъдан ӯ ба ин ҷо омад. Лоиқ ҳам ба мисли дигар ҳамтақдиронаш ки инҷо ҳастанд ҳар бор суол мекунад, ки модари ман кай меомада бошад? Ҳастанд нафароне ки волидонашон онҳоро хабаргирӣ меоянд ва барои як ё ду рӯз бо худ мебаранд, ин чиз Лоиқро нороҳат мекунад, ки чаро ӯро модараш намебарад?!”

Хона-интернати пиронсолону маъюбони Ёвон 20 соли пеш таъсис ёфта, барои нигоҳубину парастории 100 нафар пирони барҷомонда ва 40 кӯдаки ноқисулақл пешбинӣ шудааст. Аммо феълан дар ин ҷо 150 нафар бошандагон, бо шумули 96 нафар пирони бекас ва 54 нафар кӯдакони маъюбу ноқис ваё бесоҳиб нигоҳубин мешаванд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Зарина Рустамова, мудири шӯъбаи кӯдаконаи ин муассиса 5 сол пеш, дар ин муассиса ҳамагӣ 20 нафар ба сар мебурд.

Хонум Рустамова дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сол аз сол теъдоди бошандагони ин марказ аз ҳисоби кудакону наврасон бештар мешавад: “Сабабҳо гуногун ҳастанд, баъзе аз хонаводаҳо ҷои зист надоранд, гуруҳи дигар аз сабаби он ки падари хонавода ба муҳоҷират мераваду солҳои зиёд барнамегардад, тарбияи кудакон аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ барои модарони танҳо гарон меафтад. Гоҳи дигар волидон аз фарзандони худ ки маъюбу бонуқс таваллуд мешаванд даст мекашанд.”

Ба гуфтаи парасторон, аксари бошандагони ин хона-интернат мисли Лоиқ зиндаятманд ва волидонашон аз тангдастӣ онҳоро ба тарбияи ин муассиса гузоштаву худ роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд. Ҳарчанд ба гуфтаи онҳо солҳои қабл дар ин гуна макон онҳое ба сар мебурданд, ки куллан ятим буда ва парасторе надоштанд. Аммо муҳоҷирати корӣ боис шуда ки теъдоди кудакони ятиму маъюб дар хона-интернати пиронсолону маъюбон афзоиш ёбад.

Лоиқ ва ҳамтоҳои ӯ дар ин парваришгоҳ ҳар рӯзу шаб лаҳзашуморӣ мекунанд. Танҳо интизори як нафар, як оғӯш ва як табассуми модар ё падар ки шабҳо дар хоб орзуи онро доранд. Ба умеде ки ин орзуҳо рӯзе ба ҳақиқат табдил мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG