Пайвандҳои дастрасӣ

Интихобот-2013: Исми номзади ягона дар ин серия ҳам эълон нашуд


Раҳматулло Зоиров(аз чап), Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадалии Ҳаит дар ҷаласаи 10 август

Раҳматулло Зоиров(аз чап), Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадалии Ҳаит дар ҷаласаи 10 август

Ҷаласаи навбатии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ барои интихоботи демократӣ дар қароргоҳи марказии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) дар Душанбе низ исми номзади ягонаи мухолифинро мушаххас накард.

Намояндагони аҳзоби мухолифи Тоҷикистон мегӯянд, номзади ягонаи онҳо дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ танҳо чор сол фаъолият хоҳад кард. Ин нукта дар санади ҳусни тафоҳум таҳти унвони Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон таъкид шудааст. Аммо ин мавзӯъ дар ҷаласаи навбатии Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ, ки рӯзи 10 август дар қароргоҳи ҳзби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) – бузургтарин ташаккули сиёсии мухолифин - доир шуд, аммо баҳсеро байни аҳли нишаст ба вуҷуд овард.



Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал – демократ(ҲСДТ) ва аз мубтакирони ин танзими ҷадиди сиёсӣ дар Тоҷикистон гуфт, номзади ягонаи мухолифин консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳодро амалӣ карда, тайи чор сол барои як интихоботи демократӣ замина фароҳам меорад, аммо худ дигарбора номзадиашро намегузорад: «Мо аз таҷрибаи ҷаҳонӣ медонем, он одаме, ки дар вазифа аст, 90 дарсад имкон дорад, ки масъаларо ба нафъи худ ҳал кунад. Аз ин хотир, мо пешниҳод дорем, агар номзади мо, ки ба ин мансаб интихоб мешавад, худро дар ин чорчӯба маҳдуд кунад ва номзадии худашро дигар пешниҳод карда натавонад. Вазифаи асосии мо ба вуҷуд овардани як низоми конститутсионӣ аст, ки ӯ ҳуқуқҳои дигаронро маҳдуд карда натавонад.»

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки рӯзи 27 июл аз сӯи аҳзоби умдаи мухолиф – ҲНИТ ва ҲСДТ ва созмонҳои дигари ҷамъиятӣ ташкил шуд, ҳадаф дорад, то дар интихоботи президентии моҳи ноябр номзади ягонаеро пешбарӣ кунад. То ба ҳол машваратҳое, ки дар толори ҲНИТ баргузор мешаванд, сари шахсият, барномаи интихоботӣ ва ҳатто баъдиинтихоботии ин номзад идома доранд, аммо худи номзади ягонаро ҳанӯз мушаххас ва интихоб накардаанд.

Ин ки мухолифин мегӯянд, номзади онҳо бояд чор сол фаъолият карда, барои интихоботи дигар замина фароҳам мекунад, аз нигоҳи Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва аз фаъолони ҳизби демократи Тоҷикистон, норӯшаниҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дорад. Вай гуфт: «Ҳар қадар фикр мекунам, таҷрибаи монандеро пайдо намекунам. Ин гуна пешниҳодҳо фақат дар ҳоле рух додаанд, ки ё табадуллоти давлатӣ ё инқилобҳо рух медоданд. Ин таври матраҳ кардани масъала ноқисии ҳуқуқӣ дорад, чун ба Сарқонун мухолифат мекунад.»

Иддае дигар мегӯянд, дар ҳоли ба қудрат расидани номзади ягонаи мухолифин касе итминон дода наметавонад, ки номзади интихобшуда «ба ду дасти адаб» софу содда аз ҳаққи қонунии ҳафтсолаи раёсаташ даст кашад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ин нигарониҳоро асоснок хонда, гуфт, ҳамин чор сол ҳам барои як диктатура заминаро фароҳам мекунад, аммо номзади мухолифин аз қабл ба мардум ваъда медиҳад, зеро зери Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳ имзо мегузорад, ки ба истеъфо хоҳад рафт: «Ӯ дар пеши виҷдонаш, дар пеши мардуми интихобкардааш, дар пеши имзое, ки дар ин санад мегузорад, вазифадор аст, ки ин корро кунад. Вазифаи Иттиҳод ҳам пешбарии номзадест, ки аз нигоҳи ахлоқӣ боэътимод бошад, на вазифа ширинӣ кунаду гӯяд, ки Сарқонун ба ман иҷоза медиҳад ва даҳ далели дигар ҳам пайдо кунад. Мо дидем, ки аз муҳлати конститутсионӣ ҳам баромаданд.»

Ҷаласаи аввали машваратӣ дар қароргоҳи ҲНИТ рӯзи 27 июл доир шуд. Дар он маҳфили мураккаб аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи маданӣ ва хабарнигорон баҳс дар бораи хислатҳои номзад ба мақоми раисиҷумҳур, онҳо аз ҷумла гуфтанд, ки номзади ягона бояд “ҳеҷ пайванде бо мансабдорони кунунӣ надошта бошад.”

Ба ҳамин минвол, мухолифини ҳукумати Тоҷикистон машваратҳои худро аз шанбе ба шанбе идома медиҳанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки то интихоботи раисҷумҳурӣ дар Тоҷикистон камтар аз се моҳи дигар мондааст.

Интизор меравад, баъди бозгашти Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз таътил дар рӯзи 15 август масъалаи таъйини рӯзи интихобот низ матраҳ шавад. Рӯзи интихоботро дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон – Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ - эълон мекунанд. Маъракаи интихоботӣ дар Тоҷикистон ду моҳ қабл аз рӯзи интихобот шурӯъ мешавад.

Вале дар ин камтар аз 3 моҳи боқимонда то интихобот то ҳол маълум нест, ки оё ин навбат кӣ худро дар муқобили раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки баъди 21 соли раҳбарӣ бар Тоҷикистон зоҳиран барои дарёфти боз як давраи ҳафтсолаи раёсат ба интихобот хоҳад рафт, номзад хоҳад кард?


Дар интихоботи соли 2006 ҳеҷ кадом аз раҳбарони аҳзоби мухолиф ширкат накард ва барои алтернативу пуррақобат нишон додани он корзор дар баробари Эмомалӣ Раҳмон аз номи аҳзобе, ки дар маҳофил "кисагӣ"-ашон унвон мекунанд, 4 нафарро пешбарӣ карданд, ки дар ҷараёни маъракаҳои таблиғотии худ бештар машғули таблиғи раисиҷумҳур буданд, то дар фикри муаррифии барномаи худ.

Дар ҳар сурат, дар ин серияи сериали "Интихобот-2013" низ исми номзади ягонаи мухолифин маълум нашуд. Бубинем, ки оё дар серияи навбатии ин сериал ин таклиф то куҷо рӯшан мешавад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG