Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости боздошти Додоҷони Атовулло


Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон бо мақсади боздошти Додоҷони Атовулло, ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла ба Русия дархости расмӣ ироъа кардааст.

Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон имрӯз сешанбе зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир мақомоти Тоҷикистон интизори посухи расмии ҷониби Русия дар ин маврид мебошанд. Ӯ мегӯяд: «Нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ ҳаст, ӯ дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Мо ҳуҷҷатҳоро ҳам ба мақомоти Русия ва кишварҳои дигаре, ки бо онҳо шартнома дорем, равон кардем барои боздошти ӯ ва ба Тоҷикистон додани ӯ. Посух ҳоло нест».

ТОҶИКИСТОН ХОСТОРИ ИСТИРДОДИ АТОВУЛЛО АСТ

Дар гузашта низ борҳо Тоҷикистон дархости боздошт ва истирдод ё вопасдоди Додоҷони Атовуллоро аз Русия намуда буд. Дар соли 2001
Додоҷони Атовулло
Додоҷони Атовулло зимни бозгашт аз Олмон ба Маскав боздошт шуд, аммо таҳти фишори мақомоти сиёсии кишварҳои аврупоӣ озод шуд. Дар соли 2008 низ дигарбора Тоҷикистон хостори боздошт ва вопасдоди оқои Атовуллоев шуд, аммо Русия боз ҳам далелҳои ҷониби Тоҷикистонро барои боздошти ӯ нокофӣ донист.

Дархости боздошти Додоҷони Атовулло бар асоси парвандаи ҷиноии дар соли соли 2008 бозшуда ва маводи илҳоқӣ ба он ба Русия ироъа шудааст. Мақомот ба ин боваранд, Додоҷони Атовулло дар Русия ба сар мебарад. Ва бино ба иттилои дарёфтӣ, дар аввали соли равон як гурӯҳи вижаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, таҳти сарварии мансабдори боломақоми Додистонии кулли Тоҷикистон ба Русия фиристода шуд, то дар ин бора бо мақомоти зидахли Русия вориди гуфтушунид шавад. Ин гурӯҳ агарчанд натавонист он замон бо мақомоти олирутбаи марбутаи Русия мулоқот кунад, аммо акнун маълум мешавад, ҳадди ақал муваффақ шудааст, ки дархости расмии худро таслим кунад.

Мақомоти Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоро дар даъват барои сарнагунии низоми ҳоким, тӯҳмату таҳқир ба унвони Президенти Тоҷикистон ва робита бо гурӯҳҳои зидди давлатии таҳти пайгард муттаҳам медонанд.

АТОВУЛЛО: "БА ФАЪОЛИЯТИ ХУД ИДОМА МЕДИҲАМ"

Аммо Додоҷони Атовулло зимни як тамоси телефоние, ки бо Озодӣ дошт, гуфт, аз ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон нигарон нест. Ва ҳаросеро низ дар дил намепарварад ва ба фаъолияти маъмулии худ идома медиҳад. Ӯ мегӯяд, аз сӯи мақомоти кишварҳое ҳам ахиран ба сар бурдааст, таъқиберо эҳсос накардааст. Оқои Атовулло афзуд, кишварҳое, ки Тоҷикистон аз онҳо дархости боздошт ва вопасдоди ӯро кардаанд, ба чунин пешниҳоде посухи рад хоҳанд дод.

Ӯ мегӯяд: «Касе, ки маслиҳати боздошти маро додааст, хато кардааст, зеро ман дар соли 2001 боздошт ва аз маҳбаси Русия озод шуда будам. Онҳо гумон мекунанд, ки ҳар коре, ки дар Тоҷикистон мекунанд, имкон дорад, ки дар ҳар гӯшаи дунё бикунанд. Ман як шиноснома ё паспорти махсуси Олмонро дорам, ки дар муқоваи он, дар саҳифаи аввалаш бо ҳарфҳои калон навишта шудааст, ки мутобиқи Конвенсияи ООН аз 28 июни соли 1951, ҳеҷ кишвар ҳаққи ба Тоҷикистон таслим кардани соҳиби ин паспортро надорад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша мегӯяд, ки дар паси «Ватандор» касе нест, он ягон созмони ҷиддӣ нест. Аммо ин ҳассосият худ гувоҳи он аст, ки аз «Ватандор» метарсанд. Онҳо аз ман наметарсанд, аз гуфтани ҳақиқат метарсанд».

ҲУШДОР БА ЖУРНАЛИСТОН?

Оқои Атовулло афзудааст, дархости боздошти дубораи ӯ ҳушдоре ба журналистон дар дохили Тоҷикистон низ ҳаст ва мақомот ба ин васила мехоҳанд бигӯянд, озодии баёнро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар ҳар куҷои дигар низ метавонанд маҳдуд кунанд. Ӯ мегӯяд, ба фаъолияти сиёсии худ ва мухолифат бо ҳукумати кунунии Тоҷикистон идома хоҳад дод. Аммо ҳеҷ гоҳ ба сарнагунии ҳукумат аз роҳи зӯрӣ даъват накардааст. Оқои Атовулло ҳамаи иттиҳомоти ворида ба худро рад мекунад.

"ТАХРИБИ ХОНАҲОИ ҚУШТЕППА ҚОНУНӢ БУДААСТ"

Аммо хариду фурӯши замин, мизони фасод дар миёни кормандони ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва шубҳаву гумонҳо роҷеъ ба фурӯши обу барқ ба хориҷ аз кишвар, аз мавзӯъҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳ дар нишасти хабарии додситони кулли Тоҷикистон буд. Шерхон Салимзода гуфт, тахриби хонаҳои маскунӣ дар маҳалаи Қуштеппа ноҳияи Рудакӣ як амри қонунӣ будааст. Ӯ афзуд, додситонӣ қабл аз бунёди ин хонаҳо ба соҳибони онҳо огоҳӣ ва амр дода буд, ки дар ин мавзеъ бунёди манзил мумкин нест. Аммо бо вуҷуди ин, сокинон ба бунёди манозил идом доданд. Ӯ гуфт, далели аслии мамнӯъ будани сохтани хона дар ин мавзеъ, замини корами обӣ будани ин мавзеъ аст.

Додситони кул инчунин афзуд, ки ҳеҷ мавриди фурӯши барқ ё об ба хориҷ аз кишвар низ ошкор нашуда ва мақомоти зидахл аз ҷумла «Барқи тоҷик» низ дар сар задани бӯҳрони бебарқӣ муқассир нестанд ва дар иҷрои масъулиятҳои вазифии онҳо кирдорӣ ҷиноие ошкор нашудааст.

Бино ба иттилои мақомоти додситонӣ, ҳамчунин нисбати марги Пиров Саъдулло, сардори раёсати амнияти дохилии ВКД, ки дар Хуҷанд ба вуқӯъ пайваста буд, ҳамчун куштор парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Аммо парвандаи ҳодисаи лату кӯби Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» ба гуфтаи мақомоти додстонӣ то кунун нокушода мондааст.
XS
SM
MD
LG