Пайвандҳои дастрасӣ

Додоҷони Атовулло дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ӯро баъди 4 соати боздошт дар фурудгоҳи Шереметево дубора ба Аврупо баргардондаанд.

Додоҷони Атовулло гуфт, мақомоти марзбонии фурудгоҳи Маскав ӯро дубора ба ҳавопаймои Прага шинонданд. Ӯ афзуд, 4 соат боздошташ дар Шереметево ва роҳ надоданаш ба қаламрави Русияро таҳқир меҳисобад, вале баробари ҳалли шудани мушкил ҳатман барои сафар ба Маскав дубора талош хоҳад кард.

Додоҷони Атовулло гуфт, яке аз масъулоне ки ӯро то дари ҳавопаймо раҳнамоӣ мекард, гуфтааст, ки "ту одами хушбахтӣ, чунки амри сарнавишт метавонист дар ин чанд соати охир тамоман ба самти дигарат бибарад."



Рӯзи 15 июл наздикони ин хабарнигори мухолифи тоҷик хабар доданд, ки Додоҷони Атовуллоро соати 11-40 баъди пойин шуданаш аз ҳавопаймои Прага-Маскав дар фурудгоҳи Шереметево дастгир кардаанд. Ӯ баъди боздошт тавассути телефон ба хешовандонаш гуфтааст, ки ӯро бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт кардаанд.

Аммо мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон аз сӯи ин ниҳод ирсол шудани дархост боздошти Додоҷони Атовуллоро рад карданд. Абдурашид Кишварзода, муовини додситони кули Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "мо дар ин бора ягон маълумоте надорем ва ин ҳама гапу овозаҳои зиёдатӣ аст." Ҷаноби Кишварзода дар посух ба ин суол ки "оё дар гузашта додситонии кул дархости боздошти Додоҷони Атовуллоро карда буд?" гуфт, ки "ин тавр набуд ва ин гуна гапҳо ҳам нест."

Баъди тақрибан ду соати боздошти Додоҷони Атовулло дар терминали "F'-и фурудгоҳи Шереметево, намояндаи Хадамоти марзбонии Русия дар ин фурудгоҳ ба Озодӣ хабар дод, Додоҷони Атовуллоро ба қаламрави Русия роҳ надодаанд ва ӯ ҳамон ҳавопаймое ки омада буд, ба Прага қафо гардондаанд.



Додоҷони Атовулло, 56 сол дошта, муассиси нашрияи мустақили «Чароғи рӯз» ва раҳбари ҷунбиши Ватандор аз поёни соли 1992 ба ин тараф дар хориҷ ва умдатан дар Маскав ба сар мебурд.

Ӯ ахиран дар шабакаи телевизионии К+ силсилаи барномаҳои интиқодӣ алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистонро нашр кард. Баъди нашри ин барномаҳо Додоҷони Атовулло тайи тақрибан як моҳи охир дар кишварҳои мухталифи Аврупо қарор дошт. Ӯву наздиконаш мегуфтанд, ки алайҳаш сӯъиқасд таҳия шудааст ва ӯ ба далоили амниятӣ як муддат аз Маскав ба Аврупо рафтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG