Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи Амрико мавриди таваҷҷӯҳи соҳибназарони тоҷик қарор дошта ва аксарият мутмаинанд, ки Обама пирӯз мешавад.

Аммо ҳастанд, гурӯҳҳое, ки умедворанд, Митт Ромнӣ, аз ҳизби ҷумҳурихоҳон шонси камтар аз Обама надорад. Онҳо мегӯянд, бо ба сари қудрат расидани Ромнӣ, ИМА сиёсати хориҷии ошкортареро, аз ҷумла дар қиболи минтақаи Осиёи Миёна пеш хоҳад гирифт.

Масъулони давлати Тоҷикистон бо он ки интихоботи ИМА-ро ҳаққи мардуму миллати ин кишвар медонанд, аммо умедворанд, ки интихоби мардуми Амрико боиси густариши бештари муносибот бо Тоҷикистон гардад. Давлат Назриев, сардори раёсати таҳлилу иттилооти вазорати хориҷии Тоҷикистон мегӯяд: Давлат Назриев, сардори Раёсати таҳлилу иттилооти вазорати умури хориҷии Амрико.

Давлат Назриев, сардори Раёсати таҳлилу иттилооти вазорати умури хориҷии Амрико.

«Нафаре, ки аз ду номзад -- Обама ва Ромнӣ интихоб мешавад, интихоби мардуми Амрикост. Аммо мо умедворем, ки он муносибатҳои хубе, ки тайи солҳои истиқлол доштем, густаришу тақвият хоҳад ёфт».

Худойбердӣ Холиқназаров, муовини авали раиси Маркази мутолеоти стратегӣ, вобаста ба раёсатҷумҳури Тоҷикистон низ бовар дорад, ки дар сурати пирӯзии ҳар кадом аз ин номзадҳо, доктринаи амнияти миллии Амрико тағйир нахоҳад хӯрд: «Дар сурати пирӯзии ҳам Барак Обама ва ҳам Митт Ромнӣ, ин доктрина дар муносбат бо Ховари Миёна ва ҳам дар муносибат бо Осиёи Марказӣ тағйир намеёбад. Чун ин марҳилае аст, ки мисли марҳилаи сарнавиштсоз дар Амрико дар солҳои 2001 ба вуқӯъ пайваст, мисли он нест. Ҳоло он доктринаеро, ки Амрико пазируфтааст, ҳар ду тараф, яъне номзадҳо пайгирӣ мекунанд. Он ҳам ҳар чӣ қадар пурнуфуз шудани Амрико дар ҷаҳон аст ва ҳам он амнияти пешгиронае, ки Амрико мадди назар дорад, тарафҳо идома хоҳанд дод».

Бо ин ҳама, ба ақидаи шахсии ин масъули Маркази мутолеоти стратегӣ, имкони пирӯзии Барак Обама дар интихобот бештар аст ва ин ба нафъи тақвияти равобиту ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ҳам хоҳад шуд.

Аксари масъулони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон низ аз шонси пирӯзии Барак Обама, раиси ҷумҳури феълӣ сӯҳбат мекунанд. Демократҳои Тоҷикистон пуштибонӣ ҳамтои амрикоии худ ҳастанд ва он гуна, ки Масъуд Собиров, раҳбари ин ҳизб мегӯяд: «Чорсоли раёсати Барак Обама ҳанӯз фурсати лозимро барои тақвият бахшидани муносибот ва ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон надодааст. Вале дар ҳар сурат алоқаҳои дипломатӣ ҳамеша дар сатҳи зарурӣ қарор доранд ва ИМА Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ.

дар равобити дипломатӣ ва сиёсӣ Тоҷикистонро ҳеҷ гоҳ сарфи назар накардааст, ба хусус дар замони раҳбарии Барак Обама.»

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ низ ҷонибдори идомаи раёсати Барак Обама ҳаст, аммо мегӯяд, омадани вай ё Митт Ромнӣ ба мансаби президентӣ дар равобити Амрико бо Тоҷикистон тағйироти ҷиддие нахоҳад овард. Кабирӣ барои тақвияти фикраш ин далелро меорад: «Аслан Тоҷикистон барои Амрико кишвари аз лиҳози геополитикӣ чандон муҳим нест. Мо ахиран дидем, ки Амрико Узбакистонро ҳамчун шарики стратегии худ интихоб кард ва то ҳадде водор намуд, ки Русия ин мушоракот ва дӯстии бештарро бо Қирғизистону Тоҷикистон ҷустуҷӯ кунад. Ва ҳатто Ромнӣ ҳам пирӯз шавад, тағйироти ҷиддие ҳам дар робитаҳо нахоҳад буд, чун Тоҷикистон ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам лиҳози геополитикӣ барои Амрико муҳим ҳисоб намешавад. Илова бар ин, аксари Амрико ба ин қаноат расиданд, ки Тоҷикистон ин ҳавзаи геополитикии Русия аст ва зиёд дахолат дар ин минтақа нахоҳанд кард.»

Аммо дида мешавад, раҳбарони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба дубора президент шудани Барак Обамаи демократ зиёд алоқаманд нестанд ва мегӯянд, муддати чор соли фаъолият, Обама сиёсати агрессивиро дар ҷаҳонро тақвият бахшид.

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ.

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ.

Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, шонси Митт Ромнӣ, номзади ҷумҳурихоҳ барои пирӯзӣ дар интихоботи ИМА бештар аст. Чун ба таъкиди вай, Ромнӣ дар қиболи "ҳилаву найранг"-и Обама, ошкоргӯ аст: «Ман ҳамин хел фикр мекунам, ки Ромнӣ, шахсияте аст, ки сиёсати худро бе ягон пардапӯшона ба мардум мегӯяд. Мо умед доштем, ки Барак Обама дар сиёсати ҷаҳони муосир мавқеи худашро барои мардуми меҳнаткаш муайян мекунад. Лекин дар ин ҷо то як андоза ҳилаву найрангҳо ба кор омад.»

Ба ин тартиб, муовини раҳбари коммунистҳо мутмаин аст, ки дар сӯрати пирӯзии Митт Ромнӣ, саҳифаи наве дар муносиботи дӯстонаи ИМА бо Тоҷикистон боз хоҳад шуд, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду кишвар хоҳад буд.

Зимнан, аз оғози равобити дипломатии Тоҷикистон ва ИМА 20 сол гузашт ва кӯмакҳои молие, ки Амрико то кунун ба Тоҷикистон кардааст , аз марзи 1 миллиард доллар мегузарад. Ба назари таҳлилгарон, таваҷҷуҳи Амрико ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон, баъди аз хуруҷи нирӯҳои эътилоф то поёни соли 2014 тақвият хоҳад ёфт. Вале инки ин равобит дар оянда чӣ ранг ҷомае ба бар хоҳад кард, дар интихоботи имрӯзаи раёсатҷумҳурии Амрико муайян хоҳад шуд.


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG