Пайвандҳои дастрасӣ

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, мушкили шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвар замоне ҳал мешавад, ки ҷойгоҳи онҳоро қонун муайян кунад.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон Зариф Ализода дар нишасти хабарии худ вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар, боздошти вакил Шӯҳрат Қудратов, баста шудани бархе аз шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ кард ва гуфт, дар зиндон аз вазирони пешини ҳукумат Ёқуб Салимов ва Зайд Саидов дидан кардааст.

Омбудсмен: Шӯҳрат Қудратов бо айби мушаххас боздошт шудаст

Ваколатдори ҳуқуи инсон ё омбудсмени тоҷик мегӯяд, Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъ бо айби мушаххас дастгир шудааст.

Зариф Ализода рӯзи панҷшанбеи 31 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон дар бораи боздошти Шӯҳрат Қудратов гуфт, ки "вай бо айби мушаххас дастгир шудааст."

Ҷаноби Ализода таъкид кард, ки "талош хоҳад кард, то барои таъмин будани Шӯҳрат Қудратов бо вакили дифоъ ва ҳуқуҳои вай мусоидат кунад."

Ҳамзамон Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз кору фаъолияти Шӯҳрат Қудратов тавсиф карда ва гуфт, вай Қудратовро ҳамчун яке аз вакилони хуби дифоъ мешиносад.

Шӯҳрат Қудратов, ки дар чандин парвандаи пурсарусадо аз ҷумла аз вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи ҷангал ва язнаи президенти Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ҳимоят кардааст, рӯзи 21-уми июл бо иттиҳоми ришва боздошт шуд.

Фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ танзим шавад

Ваколатдори ҳуқуқи башар дпр посух ба суоли хабарнигорон роҷеъ ба масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоӣ, назири Ютуб ва Одноклассникӣ гуфт, ки "бояд фаъолияти ин шабақаҳои интернетӣ танзим шаванд."

Зеро ба гуфтаи Зариф Ализода, "бештари сокинон шабакаҳои иҷтимоиро аз ВАО фарқ намекунанд, ки ин хуб нест."

Ин дар ҳолест, ки масъулони “Одноклассники” дар Маскав мегӯянд, барои муайян кардани сабаби масдуд шудани ин шабака ду дафьа ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, вале посухе нагирифтанд. Шабакаи иҷтимоии «Одноклассники», ки аз пуристифодабарандатарин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад, сар аз 18-уми июл дигар тариқи аксари ширкатҳои дастраскунандаи интернет боз намешавад. Дар моҳи июн Гугл ва Ютюб баста шуданд. Дертар Гугул боз шуд, аммо дастрасии сокинони Тоҷикистон ба Ютюб ҳамоно маҳдуд аст ва бисёриҳо инро нақзи ҳуқуқ мешуморанд.

"Дар Тоҷикистон маҳбуси сиёсӣ нест!"

Ҷаноби Ализода ҳамчсунин дар бораи маҳбусон суҳбат карда ва гуфт, ки зимни боздид аз зиндонҳо бо Ёқуб Салимов ва Зайд Саидов мулоқот кардааст.

Аммо ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон роҷеъ ба маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки "ибораи маҳбуси сиёсӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Бо вуҷуди ин, дар Тоҷикистон касе барои ақидаи сиёсӣ таъқиб намешавад, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва бавижа коршиносони хориҷӣ вуҷуди зиндониёни сиёсиро дар Тоҷикистон тасдиқ мекунанд. Чанд сол қабл Раҳматулло Зойиров, раиси ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, нахустин бор аз мавҷудияти то 1000 маҳбуси сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон сухан кушод ва ҳабси раҳбари демократҳо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, сиёсатмадори дигарандешРустам Файзиев, вазири собиқи умури дохилӣ Ёқуб Салимов ва аъзои гурӯҳҳои мазҳабие, чун Ҳизб-ут-таҳрирро мисол овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG