Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасани Рӯҳонӣ меҳмони Владимир Путин мешавад


Боку, августи соли 2016
Боку, августи соли 2016

Кремлин хабар дод, ки президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзҳои 27 ва 28 март ба Маскав бо ҳадафи дидору гуфтугӯ бо президенти Русия Владимир Путин меравад. Дар изҳороти Кремлин аз рӯзи 23 март гуфта шудааст, ки дар мулоқот таваҷҷӯҳ ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ равона хоҳад шуд.

Дар ин мулоқот “роҳҳои иҷрои тарҳҳои муштарак дар соҳаи энержӣ ва нақлиёт” баррасӣ мешавад. Ҷузъиёти дигари ин сафар маълум нест.

Баъди соли 2015 Русия дар фикри тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Эрон шуд. Он сол Ҷумҳурии Исломӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ ба созиш расиданд, ки бар ивази бекор шудани таҳримҳои иқтисодӣ, Эрон аз барномаи ҳастаиаш даст мекашад. Дар ҷанги шашсолаи Сурия ва мухолифони ҳукумат, Русия ва Эрон аз президенти ин кишвар Башор Асад ҳимоят кардаанд.

XS
SM
MD
LG