Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамони Тоҷикистон - "сокини" гузаргоҳи зеризаминӣ (АКСУ ВИДЕО)


Убайдулло Мирзоеви 77-сола ҳар рӯз аз Ҳисор ба Душанбе меояд, ба гуфтаи худаш барои тарғиби варзиш.

Убайдулло Мирзоеви 77-сола ҳар рӯз аз Ҳисор ба Душанбе меояд, ба гуфтаи худаш барои тарғиби варзиш.

Убайдулло Мирзоеви 77-сола, қаҳрамони чандкаратаи гуштӣ дар Тоҷикистонро ҳар субҳ метавонед дар яке аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар маркази пойтахт пайдо кунед. Дар инҷо умдатан талбандаҳо менишинанд, вале ӯ мегӯяд, кораш на талбандагӣ, балки тарғиби варзиш аст.

Убайдулло Мирзоеви 77-сола ҳар субҳ ба гузаргоҳи зеризаминии назди Фурӯшгоҳи марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон меояд. Хонаи ӯ дар 25-километрии Душанбе, дар деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Ҳисор, воқеъ аст. Зиёда аз 20 рӯз аст, ки ин пирамард бо диплому аксҳои гирду атрофаш диққати роҳгузаронро ҷалб мекунад.

Ӯ давоми 14 сол, аз соли 1959 то солҳои 1973 қаҳрамони Тоҷикистон оид ба гуштии классикӣ будааст. Соли 1960 дар шаҳри Ростови лаби Дони Русия байни кишварҳои Шӯравии собиқ мақоми сеюмро ишғол кардааст.

Убайдулло Мирзоев мегӯяд, дар гуштии миллӣ ва тарзи озод низ қувва меозмуд ва ба иддаои ӯ дар вазни худаш дар Тоҷикистон касе ба вай баробар шуда наметавонист. "Гуштигирӣ барои ман мероси аҷдодӣ буд. Падарам ҳам дар Шоҳон аз паҳлавонони маъруф буд. Ман дар Тоҷикистон номдор шудам”, - мегӯяд ӯ.

Бо грамотаҳоям ташвиқот мекунам ба ҷавонон, ки ба роҳи бад нараванд.

Бобои Убайдулло мегӯяд, ҳадафи аз субҳ то шом дар сари роҳ нишастанаш талбандагӣ нест. Ӯ ба ин восита варзишро дар байни ҷавонон тарғиб мекунад. "Бо грамотаҳоям ташвиқот мекунам ба ҷавонон, ки ба роҳи бад нараванд, ба варзиш машғул шаванд ва ба ин восита обрӯи миллати худро баланд бардоранд", - мегӯяд ӯ.

Хуршед Каримов, як наврас мегӯяд, зиндагӣ ва дастовардҳои ин пирамард барояшон аҷиб аст ва ба хотири барҷомонда шуданаш ба ӯ кумаки молӣ мекунанд. Он ёрие, ки ҷавонон ба Убайдулло мекунанд, як қисми хароҷоти оилаашро мепӯшонад.

Ин пирамард 85 сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегирад ва мегӯяд, ки бисёр кам аст. Ба қавли ӯ, дар ҳоле ки то ба нафақа баромаданаш дар мақомот кор кардааст, ин гуна нафақа аз рӯи адолат нест.

Аксҳои бештар:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG