Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ҳама нишонаҳои табаддулот буд"


Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 4 август зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳама нишонаҳои табаддулоти давлатӣ дар талошҳои муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" исботи худро ёфтанд ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи ҲНИТ сарфи назар аз он, ки даст доштани худ дар ин ошӯбро радд мекунад, дар он дахил будааст.

Додситони кулли Тоҷикистон аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин робита худдорӣ намуд ва гуфт, ки "мавзӯъ аз ин бештар шарҳ дода намешавад."

Додситони кулли Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки Тоҷикистон ҳоло Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст ва ӯ аз сӯи "Интерпол" ҷустуҷӯ мешавад. Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ чанд рӯз қабл иддаои мақомоти тоҷик дар мавриди дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштани худро рад карда буд. Аммо Раҳмон Юсуф дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки ин назари шахсии Муҳиддин Кабирӣ мебошад ва ӯ ҳоло дар пайгард қарор дорад ва дар ҳолати боздошту истирдод, ба ҷавогарӣ кашида мешавад.

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, Муҳиддин Кабирӣ "ҳамчун ташкилкунандаи суиқасди табаддулоти давлатӣ айни замон дар кофтукови байналмиллаӣ қарор дорад. Ҳама ҳуҷҷатҳои лозима аз ҷониби Додситонии кулл фиристода шудааст. Дар сурати дастгир кардан, истирдоди онро ба Тоҷикистонро дар миён мегузорем ва вай ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад."

Додситонии кулли Тоҷикистон айни замон гуфт, ки дар нисбати 200 нафар аз тарафдорони муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда ва ҳоло ҳукми 170 нафари онҳо дар додгоҳҳои кишвар содир шудааст. Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, додгоҳҳои Тоҷикистон алайҳи 25 нафар аз аъзои Ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳазти исломӣ низ ҳукм содир кардаанд.

Субҳи 4 сентябри соли 2015 ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва посгоҳи кормандони пулис дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо кори дасти Абдуҳалим Назарзода донистанд, ки то он рӯз муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард, ки дар пайи он 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 тан аз аъзоёни ин гурӯҳ кушта шуд.

Дар пайи аз байн бурдани гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода мақомоти Тоҷикистон ҳизби мухолифи наҳзати исломиро ба раҳбарии ин талоши шӯриш айбдор карданд ва фаъолияти ин ҳизб бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 29 сентябри 2015 расман манъ карда шуд.

XS
SM
MD
LG