Пайвандҳои дастрасӣ

"Хулосаҳои тафтишот дар равобити Тоҷикистону Русия бетаъсир намемонад". ВИДЕО


Бархе мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қатъ шудани таҳқиқи парвандаи марги мармузи тифли шашмоҳаи тоҷик дар Санкт-Петербург дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия "бетаъсир” нахоҳад монд. Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург пас аз як соли таҳқиқи парвандаи марги Умаралӣ Назаров, як тифли муҳоҷирони тоҷик гуфтанд, ки ин қазия баста мешавад. Дар изҳороти Кумитаи тафтишоти Русия омадааст, ки “дар ҷараёни тафтиш мавридҳои сӯистифода аз ваколати мансабии кормандони УФМС ва ё пулис ошкор нашуд”. Кумитаи

Мутаассифона, мақомоти қудратии Русия вақтҳои охир ҳуқуқи шаҳрвандони моро бисёр вайрон мекунанд

тафтишот бо зикри ин ки “ягон амале, ки дар паи он марги кӯдак фаро расида бошад, собит нашуд”, гуфтааст, рӯзи 20 октябр қарори қатъ кардани парванда бинобар набуди амали ҷиноӣ қабул карда шуд.

Саидҷаъфар Усмонов, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалии Маҷлиси намояндагон рӯзи 21-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чунин ранг гирифтани таҳқиқи парванда дар нисбати шаҳрванди Тоҷикистон паёмади хуб надорад. Вай гуфт, қарори мазкур ба маънои он аст, ки тафтишот кормандони сохторҳои қудратиро беҷазо гузоштанд.

Ба гуфтаи ӯ, “барои як ҳодиса мо набояд президент ва ё ҳукумати як кишвари дигарро гунаҳкор кунем. Гап дар сари мақомоти қудратӣ меравад, ки омилони ин ҷиноятро бе ҷазо мондаанд. Мутаассифона, мақомоти қудратии Русия вақтҳои охир ҳуқуқи шаҳрвандони моро бисёр вайрон мекунанд”.

Ҷаноби Усмонов гуфт, ингуна ҳодисаҳо эътимоди шаҳрвандонро ба Русия коҳиш дода ба обрӯяш латма мезанад.

Мақомоти дигари Тоҷикистон дар робита ба ин қазия хомуширо ихтиёр карданд. Раҷабмоҳ Бадриддинова, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон аз изҳори назар дар ин робита парҳез кард.

Қатъи парвандаи омилони марги тифли шашмоҳаи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург дар моҳи октябри соли 2015 дар ҳолест, ки ин қазия дар саҳифаҳои матбуоти Тоҷикистон ва ҳам Русия сару садои зиёде кард ва ин мавзӯъ дар молоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири ин кишвар ҳам дар Душанбе матраҳ шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-уми октябри соли 2015 дар як мулоқоташ бо Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ба масъалаи марги фоҷеабори тифли тоҷик дар Санкт-Петербург муроҷиат ва изҳори умедворӣ кард ва мараҳ карда гуфта буд умедвор аст, “омилони ин ҳодисаи нангин ҷазои сазовор мегиранд”.

Медведев ҳам он вақт изҳори умедворӣ карда буд, ки ин масъала дар доираи қонун ҳал мешавад ва “бо ин кӯшишҳои истифодаи ин қазия аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдор барои тезутунд намудани руҳияи гурӯҳҳои маълум, аз ҷумла дар миёни муҳоҷирони корӣ ва зиён расондан ба муносибатҳои дӯстонаи мо барҳам зада мешаванд”.

Дар Русия он замон Валентина Матвиенко, раҳбари Шӯрои Федератсия Русия ҳам бо маҳкум кардани ҳодисаи марги кӯдаки тоҷик таҳқиқи ҳамаҷонибаи қазиро тақозо карда буд.

Бо вуҷуди исрори батакрори Душанбеи расмӣ аз Маскав ҷиҳати дарёфт ва муҷозот кардани омилони марги тифли нимсолаи тоҷик, Русия таҳқиқи ин парвандаро қатъ кард. Таҳлилгарони умур мегӯянд, Русия бо ин амалаш бояд нишон медод, ки таъбири “шарики стратегӣ”, ки зиёд дар таоруфоти дипломатӣ дар нисбати Тоҷикистон истифода мешавад, ибораи хушку холӣ нест.

Аммо Гавҳар Ҷураева, ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсон дар Русия мегӯяд, сабаби аслии беҷазо мондани омилони марги Умаралӣ дар набуди ташхиси мустақил ва бетарафи ин ҳодиа буд. Вай гуфт, “ман дар оғози ин қазия талаб карда будам, ки ташхиси мунсифона ва бетрафи ҷасади кӯдак гузаронида шавад. Аммо ҷасадро зуд ба Душанбе бурданд. Гуфтам, ки ақаллан дар Душанбе ташхиси алтернативии ҷасад гузаронида шавад, аммо нашуд ва ӯро зуд ба хок супуранд. Бе ин ташхис исбот кардани гуноҳи кормандони пулис ва ё УФМС ғайримкон аст”.

Марги тифли шашмоҳаи тоҷик пас аз як рейди Хадамоти муҳоҷирати Русия рӯзи 13 октябри 2015 иттифоқ уфтод. Дар паи ин рейд, модару кӯдакро ба идораи полис оварданд ва модарро бо гуноҳи мушкили санадҳо боздошт ва кӯдакро аз дасташ ҷудо карданд. Шаби ояндааш аз бемористон занг зада гуфтанд, ки ҷасади тифлро омада бубаранд.

Падару модари Умаралӣ Назарови ғӯрамарг

Падару модари Умаралӣ Назарови ғӯрамарг

Даъвои хонавода барои исбот кардани солим ва бедард будани кӯдак натиҷа надод ва мақомот, бо хулосаи ин ки «Умаралӣ дучори бемории сармохӯрдагӣ буд», гуноҳи худро ба гардан нагирифтанд. Баъди чанд моҳ Заррина Юнусова, модари Умаралӣ Назаров ба Тоҷикистон депорт шуд ва кӯдакро дар Тоҷикистон ба хок супурданд. Умаралӣ танҳо кӯдаки Назаровҳо буд, ки баъди чанд соли интизорӣ ва зери назари табибон чашм ба дунё кушод.

Ахиран дар Санкт-Петербург ба ёдбуди ин кӯдак намоиши эътирозӣ баргузор гардид.

Вобаста

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG