Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ба ширкати “Чакан” дар Кӯлоб мӯҳлат додааст, то бинояшро дар дохили Боғи фарҳангу фароғати ин шаҳр тахриб кунад. Дар ин ширкат беш аз 50 зани маҳаллӣ кор мекунад ва аз ангуштшумор маконҳоест, ки сайёҳони хориҷии дар ҳоли сафар ба Бадахшонро дар Кӯлоб ба худ ҷалб месозад.

Зариф Валиев, раиси ширкати “Чакан” дар Кӯлоб рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бори сеюм аст, ки масъулони ин кумита ба коргоҳаш омада ва барои тахриби бинояш қабл аз таҷлили ҷашни 25 солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар 9-уми сентябр ҳушдор додаанд. Ӯ мегӯяд, бинои ин ширкат даҳ соли пеш дар остонаи таҷлил аз 2700-солагии Кӯлоб бунёд ёфта буд ва ҳеҷ нуқсе дар ҳуҷҷатгузориаш вуҷуд надорад.

Ин масъули ширкати "Чакан" афзуд, "гуфтанд, ки дар ҷои ин бояд Нишони давлатии Тоҷикистон гузошта шавад. Гуфтам, қариб 400 ҳазор сомонӣ барои сохтмонаш сарф кардам, инро кӣ ҷуброн мекунад? Дар шабу рӯзе мехоҳанд, биноро вайрон кунам, ки ҳоло дархостҳои зиёде аз тамоми ҷумҳурӣ дорам. Бояд то ҷашни истиқлолият наздик ба 500 куртаи чакан бидӯзам. Аз тарафи дигар, мавсими сафари сайёҳон ба Бадахшон аст ва онҳо аз мо маҳсулоти зиёд мехаранд. Мо инро вайрон кунем ва ҷои дигар равем, зарари калон мебинем ва шояд дигар бино ҳам сохта натавонем."

Аз сӯи дигар, ҷаноби Валиев мегӯяд, дар сурати тахриби бинои ширкаташ эҳтимоли бекор мондани 50 зани маҳаллӣ вуҷуд дорад. Ӯ мегӯяд, ба масъулони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфтааст, ки агар ба ин 50 зан дар Кӯлоб ҳар касе ҷои кори доимӣ пайдо кунад, он гаҳ ба иқдоми онҳо розӣ хоҳад шуд. Вай афзуд: “Бо таъсиси ин ширкат на танҳо мо ба зиёда аз 50 зан ҷои кор додем, балки ҳунари дар ҳоли аз миён рафтаро дубора эҳё кардем.”

Занҳои маҳаллӣ бо ин ширкат дар асоси қарордод кор мекунанд ва ба ҳисоби миёна моҳе аз 700 то 1,5 ҳазор сомонӣ даромад доранд.

Намояндагии Кумитаи сохтмон ва меъморӣ аз сӯҳбат дар ин мавзӯъ худдорӣ карданд. Аммо Сарахон Абдуқаҳоров, мудири Шӯъбаи фарҳанги ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба масоили сохтмонӣ коре надорад, аммо аз лиҳози фарҳангӣ, бо ин ширкат ҳеҷ мушкиле надоранд.

Маҳбуба Насимова, як зани чакандӯз дар Кӯлоб, ки ҳамзамон корманди ин ширкат аст, гуфт, воқеан то таъсиси ин ширкат маҳсулоташон тақрибан харидоре надошт: "Аз рӯзе ин ширкат пайдо шуд, чаканҳои дӯхтаи моро худаш бурда мефурӯшад ва моро ҳаққи хуб медиҳад. То ташкил шудани ин ширкат мо барои ягон наварӯс ҷиҳоз медӯхтем ва қариб даромаде ҳам надоштем."

Чакан, як навъ гулдӯзии қадимист, ки то ҳол дар навоҳии Кӯлоб ва Дарвози Тоҷикистон аз гулдӯзиҳои он истифода мекунанд. Авоили соли ҷорӣ ЮНЕСКО - Бунёди маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид чаканро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид кард.

Ширкати “Чакан”, ягона ширкатест дар Тоҷикистон, ки ба тавлиди гулдӯзиҳои чакан машғул аст. То замони таъсиси ширкати “Чакан”, ин навъи гулдӯзиро бештар хонадонҳои ҳунараманд анҷом медоданд ва фурӯшаш низ чандон роиҷ набуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG