Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон ба занони ҳомила ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои гарми тобистон, ки ҳарорат аз 47 дараҷа болост, аз эҳтиёт кор бигиранд, то ба саломатии худ ва тифлони дар батнашон буда, осебе нарасад.

Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон занони ҳомиларо аз кор дар саҳро дар ин рӯзҳои гарм, ҳушдор дод. Пизишкони маҳаллӣ ва момадояҳо дар сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ ба занони ҳомилаи рустоӣ паёми раёсати тандурустии вилояти Хатлонро барои аз эҳтиёт кор гирифтани онҳо дар рӯзҳои гармои тобистон расонидаанд.

Парвина Убайдуллоева, сардори маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон рӯзи душанбеи 6 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз беш аз 70 ҳазор зани ҳомила, ки дар қайди марказҳои саломатӣ ҳастанд, 40 дар садашон аз камхунӣ ранҷ мебаранд: “Камхунӣ ба лоғарӣ ва дар натиҷа нуқсонҳои модарзодӣ мебарад. Дар ҳавои гарм аз ҳуш рафтан ва бештар шудани бемадориии занони ҳормила имкон дорад. Ин ба ҷони кӯдаки дар батнаш буда низ хатари ҷиддӣ дорад.”

Хонум Убайдуллоева гуфт, ки онҳо барои пешгирӣ аз бемории камхунии занон, ки ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки бо кӯмаки Хазинаи нуфузи Созмони Милали Муттаҳид доруҳоеро дар миёни ин гуна занон тақсим кардаанд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба кофӣ набудани доруҳои ҷилавгирӣ аз бемории камхунӣ, хонум Убайдуллоева таъкид кард, ки ба занони ҳомила маслиҳат додаанд, то аз ғизои муқаввӣ истифода кунанд.

Одинагул Тошгулова, зани 35-сола ва модари се фарзанд, аз деҳаи “Гардӣ”-и ноҳияи Ҷиликул, ки ду моҳа ҳомиладор аст, аммо ба гармои ҳаво нигоҳ накарда, дар пахтазор кор мекунад.

Вай мегӯяд, агарчи дар бораи хатари камхунӣ ва бемадорияш ба ҳангоми ҳомиладорӣ огоҳ аст, вале наметавонад, каландашро ба замин гузораду истироҳат кунад. “Хуни ман кам аст, духтурам мегӯяд, ки хунат кам аст. Аммо ман чобуқ мекардам, алаф медаравидам. Дар деҳа кор накунӣ, намешавад, касе ба ту кӯмак намекунад. Занони ҳомилае, ки мисли ман кор мекунанд, дар деҳа кам нестанд, ҳама кор мекунад. Кор накунӣ намешавад. Зимистон ҳезум даркор ва кор мекунӣ, ки зимистон роҳаташро мебинӣ.”

Ҳамакнун Одинагул ва чандин нафари занони деҳаи онҳо барои як ҳафта аз кори пахтазор таътил ҳастанд, аммо бо ин ҳам дар рӯзҳои таътилашон корҳои дигареро дар замини наздиҳавлигиашон анҷом медиҳанд, то аробаи зиндагияшонро бичархонанд. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон 47 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ фаъолият мекунад, ки 90 дар сади кормандонашон аз ҷумлаи занону духтаронанд.

Моҳиниссо Шоназарова, роҳбари созмони иҷтимоии “Ахтари бахт” дар Хатлон, ки лоиҳаеро бо занону духтарони кишоварз пиёда сохтааст, мегӯяд, шоҳиди кори сангини занону духатрони хатлонӣ дар пахтазор ва кишоварзӣ будааст. Ба гуфтаи вай, занону духтарони хатлонӣ ба хотири дарёфти пули андак, ҷонашонро дар хатар мегузоранд.

Хонум Шоназарова мегӯяд: “Ин занон аввалан дар зери офтоб кор мекунад, ки бемориҳои саратони пустро зиёд мекунад. Мардҳо дар муҳоҷират ҳастанд ва ба ин далел бештар занону духтарон кор мекунад. Аксарияти заминҳои пахта, ки дар замони Шӯравӣ заҳрхимикат пошида шудааст, баъди обмонӣ ва бухор шудан, ба саломатии занон таҳдид мекунад.”

Дар ҳоле, ки пизишкон барои занони ҳомилае, ки аз камхунӣ ранҷ мебаранд, истеъмоли ғизоҳои қавӣ, мисли гӯшт ва меваҷоту сабзиҷотро тавсия медиҳанд, аммо аксарияти ин хонаводаҳо, ки дар шароити бади иҷтимоӣ қарор доранд, наметавонад аз ин маҳсулот истифода кунанд. Аммо занони деҳотӣ имкони истифода аз ширу қаймоқ ва кадую карами заминҳояшонро доранд, ки то андозае ниёзашонро бароварда мекунад.

Зимнан, тибқи иттилои расмӣ дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 45 ҳазор таваллуд шудааст. Миёни заноне, ки ин кӯдаконро ба дунё овардаанд, садҳо нафари онҳо гирифтори бемории камхунӣ будаанд ва ҳангоми зоймон ба марг дасту панҷа нарм кардаанд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 9 мавриди фавти модар ба ҳангоми зоймон сабт шуда ва сабаби аслии ин амр низ камхунӣ онҳо будааст, ки сари вақт ба пизишкон муроҷат накардаанд ва аз ин беморӣ ҷилавгирӣ накардаанд.

XS
SM
MD
LG