Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот дар вилояти Суғд мегӯянд, ки тайи ним соли ахир шомил шудани сокинон дар шимоли кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав рӯ ба коҳиш ниҳодааст.

Додситонии Суғд мегӯяд, дар 6 моҳи охир шомил шудани сокинони дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав рӯ ба коҳиш доштааст. Дар ин бора Ҳабибуллоҳ Воҳидов, додситони вилояти Суғд рӯзи 8 апрел дар ҷаласаи мушовараи додситонӣ марбут ба ҷамъбасти фаъолияти ин ниҳод дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, гузориш додааст.

Ба гуфтаи додситони Суғд, дар 3 моҳи аввали 2016 дар қаламрави минтақа 198 ҷинояти хусусиятҳои экстремистиву ифротгароӣ доштаро ошкор кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 адад кам аст. Ҷаноби Воҳидов афзуд: “Ин ҷиноятҳое ҳам, ки ошкор кардем, на дар давраи ҳисоботӣ, балки пештар содир шудаанд ва имсол ошкор гаштанд.”

Додситони Суғд нисбатан кам шудани шомилшавии сокинон дар вилояти Суғд ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ифротгароро ба “амалиёти ҳарбии Русия дар Сурия” шурӯъ аз сентябри соли гузашта рабт дод ва афзуд, дар ин давра шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву ифротгаро дар Суғд камтар ба қайд гирифта шудааст.

Соли гузашта мақомоти Суғд аз ҳар вақти дигар бештар сокинони Суғдро бо ҷурмҳои шомил шудан ва фаъолият дар ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, мисли “Ҳизб ут - таҳрир”, “Ҳаракати исломии Узбакистон” дастгир намуда, равонаи зиндон намуданд.

Ҳамчунин масъулони ҳама мақомоту ниҳодҳо, ба шумули мақомоти расмии дин, тарғиботи густардаеро умдатан бо баргузор кардани мулоқоту сӯҳбатҳо ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шомил шудани сокинон ба созмону гурӯҳҳои ифротӣ роҳандозӣ намуданд, ки ҳоло коҳиши пайвастани сокинон ба ин гуна гурӯҳҳоро, мақомот аз самараҳои ҳамин маърака низ медонанд.

Неъматуллоҳи Мирсаид, коршиноси масоили амнияти минтақа мегӯяд: “Зиёд шудани корҳои ба истилоҳ фаҳмондадиҳӣ натиҷаи пурзӯр шудани корҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ аст. Аз ин чорабиниҳои густарда мардум фаҳмида истодаанд, ки ҳар мубориза зери парчами ислом ба хотири адолат ва ҳақиқат нест ва гурӯҳҳои ифротие, ки мардумро ба ин мубориза ҷалб карданӣ мешаванд, мақсадҳои бади худро доранд. Чашми мардум кушода шуда, худро аз гурӯҳҳои ифротгаро канор гирифта истодаанд.”

Ҷаноби Мирсаид ҳамчунин тақвияти мубориза алайҳи ифротгароӣ дар Русия ва ҷорӣ шудани назорати ҷиддитар дар ин кишварро омили дигари кам шудани сафари шаҳвандони Тоҷикистон аз Русия ба Сурия ва ҳамроҳ шудани онҳо ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” номид.

Ба маълумоти мақомоти додситонии Суғд, дар 3 моҳи аввали соли равон марбут ба ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои тундгаравӣ ва ифротгароии мазҳабӣ 129 нафар сокини минтақа ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, нисбат ба онҳо 90 парванда боз шудаст. Ҳоло 25 парванда алайҳи 45 нафар ба додгоҳ барои бозбинӣ, ирсол шудааст.

Ба ҷуз ин, айни замон 218 сокини вилояти Суғд ба гумони иртибот ва фаъолият дар ҳизбу ҳаркатҳои тундраву ифротгаро ва иштирок дар амалиётҳои низомӣ дар хориҷи кишвар таҳти ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доштаанд.

Ба гуфтаи мақомот, то кунун 7 ҷавони суғдӣ аз ҷанги Сурия ихтиёрӣ ба Тоҷикистон баргаштааст. Вале бар пояи маълумоти расмӣ, боз ҳам ҳудуди 170 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва бархе ҳам бо аҳли оилаи худ дар урдугоҳҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар Сурия, Афғонистон ва Покистон қарор доранд.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” пайвастаанд ва танҳо аз ҷангҳои Сурияву Ироқ дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистон гузоришҳо ба даст расидаанд. Қаблан гузориш шуда буд, ки танҳо аз рустои Чорқишлоқи Исфара 20 нафар, аз ҷумла бархе ҳамроҳ бо аҳли хонаводаи худ ба Сурия рафта, дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ меҷанганд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG