Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот: "Роғун ва Талко хатаре ба муҳити зист надоранд"


Нерӯгоҳи "Роғун"

Нерӯгоҳи "Роғун"

Мақомоти Кумитаи ҳизфи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯянд, ҷанбаҳои экологии сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дар ҳоли омӯзиш қарор дорад ва иддаоҳо дар ин бора, ки ин нерӯгоҳ аз лиҳози зистмуҳитӣ зарар дорад, бепояанд.

Ойхон Шарипова, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 22-юми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҷанбаҳои экологии сохтмони нерӯгоҳи Роғун тавассути коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли омӯзиш аст ва танҳо пас аз таҳияи гузориши ниҳоӣ дар ин бора мешавад қазоват кард.

Аммо хонум Шарипова мегӯяд, иддаои ҷониби Узбакистон дар бораи он, ки ин нерӯгоҳ хатари экологӣ дар пай дорад, дуруст нест. Вай гуфт, коммисия ташкил шуда ва ҳама ҷанбаҳои сохтмони нерӯгоҳи Роғун таҳқиқ мешаванд ва бунёди ин нерӯгоҳ барои кишварҳои минтақа аз фоида холӣ нест.

Давлати Узбакистон, ки аз мухолифони сарсахти ин тарҳ аст, мегӯяд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун бо садди баланди 335-метрӣ, киштзорҳои васеи он беоб хоҳад монд. Давлати Тоҷикистон, ки бунёди нерӯгоҳи Роғунро масъалаи ҳаёту мамот барои кишвар хондааст, соли 2010 мувофиқат кард, то таъсироти зистмуҳити тарҳи азими нерӯгоҳи Роғунро гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ арзёбӣ кунанд.

Ойхон Шарипова.

Ойхон Шарипова.

Ҳамчунин масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бори дигар иддаои ҷониби Узбакистонро дар маврид хатари экологии корхонаи ТАЛКО радд кардаанд. Ин масъулон мегӯянд, даъвоҳои ҷониби Узбакистон дар ҳолест, ки дар марзи Узбакистон бо Тоҷикистон чандин корхонаи санотӣ фаъолият мекунад, ки метавонад ба вазъи зистмуҳитӣ халал ворид кунанд. Масъулони кумитаи ҳизфи муҳити зисти Тоҷикистон ба унвони мисол аз фаъолияти 3 корхонаи саноатӣ дар Бекобод ва 6 корхонаи дигар дар рӯ ба рӯи ноҳияҳои Ашту Исфара, Зафарободу Мастчо ёдоварӣ карданд.

Мақомоти ширкати Талко ҳам ин иддаоро ҳамвора рад карда ва гуфтанд, ки корхонаи тавлиди алюминии Тоҷикистон бо системаи муосири коҳиши зиёни партовҳо муаҷаҳҳаз аст ва мизони таъсироти ин партовҳо ба муҳит дар ҳадди минималии меъёрҳои пазируфташуда аст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

XS
SM
MD
LG