Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарватҳои мақомоти давлатиро кӣ ҳисоб мекунад?


Ҳамасола мансабдорон ва хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон даъват мешавад, ки дороии худро ба ҷомеъа ошкор кунанд. Вале ҳеҷ кадоме ин корро намекунанд.

Ба ин тартиб шаҳрвандон, намедонанд, ки даромади солонаи президент нахуствазир, вазирҳо ва намояндагони парлумон чӣ қадар аст ва онҳо чанд хонаву бщстонсаро ва чӣ қадар мошину захираи пулӣ доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз якуми августи соли 2005 ҳамаи хизматчиёни давлатиро вазифадор карда буд, ки ҳар сол даромад ва дороии худро эълон кунанд. Чанд сол пеш раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёме аз ҳамаи мансабдорони давлат хоста буд, даромади солонаи худро ошкор намоянд. Ин даъват бисёриҳоро умедвор карда буд, ки вазирону раисон ва вакилону сардорон бо эъломи моликияти худ ба шаффофияти фаъолияти хеш таъкид хоҳанд кард. Аммо ин тавр нашуд.

Аз сӯи дигар, мақомот барои ошкор накардани дороиҳои худ асоси қонунӣ пайдо карданд. Бино бар «Эъломияи андоз аз даромад ва эъломияи амволи хизматчиии давлатӣ» маълумоти мазкур, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст ошкор ва нашр карда намешавад.

Дар кишварҳои узви ИДМ бо шумули Русия Украина ва ҳатто ҳамсоякишвари Тоҷикистон, Қирғизистон ҳамсола эъломияи дороӣ ва молу мулки мансабдорон дар моҳи апрел нашр мешавад. Дар заминаи ин маълумот мақомоти қудратии ин кишварҳо аз пайи ҷустӯҷӯи манбаи бархе аз сарватҳои ҳангуфти мансабдорон низ мешаванд.

Аммо Ҳукумати Тоҷикистон, зоҳиран бо роҳи худ рафтааст, чаро?
Констатин Бондаренко роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» мегӯяд, махфӣ будани эъломияи даромад ва дороии
Константин Бондаренко
Константин Бондаренко
мансабдорон як иқдоми ғайримуқарарист: «Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳукумат мехоҳад мансабдорон ба ӯ ҳисоботдеҳ бошанд, вале дар ҳамин ҳол чунин мепиндорад, ки ба мардум ҳисобот додани хитзматчиёни давлатӣ чандон зарур ҳам нест. Яъне ин сохтор ва ё зинаи итоати ҳукукматӣ моро бозгӯ мекунад. Муҳим он аст, ки як мансабдор дар назди раҳбарияти олӣ хуб бошад. Раҳбарият бошад дар ҳолати зарурӣ аз мансабдор метавонад пурсад, ки фалон дороии ӯ аз куҷост. Дар ҳолате, ки як мансабдор ва ё нафаре, аз боварии роҳбарияти олӣ баромад, маҳз манбаи даромади вай чун як фишанги фишор истифода мешавад", мегӯяд ҷаноби Бондаренко.

Ӯ меафзояд, низоми талаби эъломияҳои дороии мансабдорон барои мубориза бо коррупсия ва шаффофияти кори онҳо муҳим аст, вале танҳо дар сурате, ки ин маълумот дастраси ҷомеа бошад.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои Раёсати хизмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, аксари кулли хизматчиёни давлатии Тоҷикистон эъломияи даромад ва амволи хешро ба мақомоти андоз супурдаанд.

Гурез Қосимов, муовини раиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон, ки ҷараёни супурдани эъломияҳои даромад ва амволи хизматчиёни давлатиро назорат мекунад рӯзи 16-уми апрел дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, аксарияти мансабдорони кишвар эъломияҳои худро ба мақомоти андози маҳалли зисташон супурданд. Ӯ ҳамчуни н гуфт, "ҳастанд ҳолатҳое , ки хизматчиёни давлатӣ бо сабабҳои узрнок эъломияро дар вақташ супурда наметавонанд. Масалан, бо сабабҳои дар рухсатии меҳнатӣ ва сафари хидматӣ дар хориҷ аз кишвар қарор доштан. Ин ҳолатҳоро низ қонун муайян кардааст".

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Қосимов мӯҳтавои эъломияи мансабдорони тоҷик, ки ба мақмоти андоз пешниҳод карда мешавад махфӣ аст ва он ошкор карда намешавад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд: «Мо наметавонем ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол карда, ҳуҷҷатҳои ба мақомоти андоз пешниҳодкардаи онҳоро нашр кунем. Тассавур кунед, ки як шаҳрванд маълумотеро ба кумитаи андоз супурд, мо наметавонем, гӯем, ки ин маълумот нашр карда шавад».

Бино бар оморҳои тоза, ҳоло дар мақомоти давлатии Тоҷикистон 19 ҳазор нафар кор мекунанд. Ҳарчанд даромад ва сарвати онҳо махфист, ҳамсоягон ва афроди огоҳ медонанд, ки бархе аз вазирон ё мансабдорон чандтоӣ хонаву дар ва мошинҳои гаронбаҳо доранд, ки хариди онҳо бо моҳонаи хурди мансабдори давлатӣ ғайримумкин аст. Инчунин чанде аз онҳо бо тиҷорату соҳибкорӣ машғуланд, аммо ба воситаи афроди дигар ё хешу наздикон.
XS
SM
MD
LG