Пайвандҳои дастрасӣ

"Нақши ангушт" дар паспортҳои хориҷӣ боқӣ мемонад


Iran -- a man tests Fingerprint Identification System .UNDATED

Iran -- a man tests Fingerprint Identification System .UNDATED

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, нақши ангушт, акси диҷиталӣ ва имзои электронӣ, аз шартҳои аслии таҳияи шиносномаи биометрӣ боқӣ мемонанд.

Кормандони вазорати корҳои хориҷӣ мегӯянд, амри вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар заминаи лағви нақши ангуштҳо дар вақти таҳияи шиносномаи биометрӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамоҳанг нашудааст.

Давлат Назриев, раиси Департаменти таҳлил ва иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи чоршанбе ба радиои Озодӣ гуфт: «Аввалан, чаҳорчӯби таҳияи шиносномаи хориҷиро қарори ҳукумати Тоҷикистон муқаррар кардааст. Сониян, Тоҷикистон судури шиносномаҳои биометрии хориҷиро бо талаби созмони байналмилалии ҳавонавардӣ ҷорӣ кардааст. Аз ин рӯ, изи ангушт ҳангоми гирифтани шиносномаи биометрии хориҷӣ шарт аст.»

Давлат Назриев ҳамчунин гуфт, ки танҳо вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шиносномаи биометрӣ таҳия мекунад. Масъулияти Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷамъоварӣ асноди зарур барои шиносномаи биометрӣ иборат аст.
Корманди идораи консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Равшан Бобохонов ба радиои Озодӣ гуфт, ки на танҳо изи ангушт, балки ҳузури шахсӣ ва имзои электронии довталаб ҳангоми нашри шиноснома зарур аст.

Рӯзи чоршанбе вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни пахши як хабар дар сомонаи ин ниҳод ба идораҳои умури дохилӣ дастур дод, ки аз сабти дактилоскопии шаҳрвандони Тоҷикистон, яъне гирифтани нақши ангушт ҳангоми таҳияи шиносномаҳои шаҳрвандиву хориҷӣ ва шаҳодатномаи ронандагӣ, ки аз моҳи июли соли гузашта тақозо шуда буд, худдорӣ кунанд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мансабдорони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фармони вазирро шарҳ надоданд.
Вале ба назар мерасад, ки ин фармон ба шиносномаҳои маъмулӣ рабт дорад, ки ки аз тарафи шӯъбаҳои раводид ва бақайдгирии вазорати корҳои дохилӣ таҳия мешавад ва дар он ягона шаҳодати собиткунандаи ҳувияти шахс акси соҳиби шиноснома мебошад.

Хабаргузории Азия плюс навиштааст, ки тобистони соли гузашта баъди судури фармони вазири корҳои дохилӣ дар бораи гирифтани изи ангушт, ходимони вазорати корҳои дохилӣ қайди дактилоскопӣ ва ё гирифтани изи ангуштро ба роҳ монданд, ки то ду ҳафта идома карда, саргардонии корафтодагонро бештар мекард.

Тибқи фармони вазири корҳои дохилӣ манъи гирифтани изи ангушт аз корафтодагон бояд ба зудтарин фурсат ҷорӣ шавад.
Ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар саросари олам аз гирифтани нақши ангушти мардум хушҳол нестанд ва онро то ҳадде поймолшавии ҳуқуқ мешуморанд. Вале коршиносони амниятӣ мегӯянд, то кунун чизи беҳтаре барои муайян намудани ҳуввияти инсон ихтироъ нашудааст.
Дар баъзе кишварҳо гирифтани нақши ангушт шарти асосии вуруди ҳамватандор ва ҳам фарди хориҷӣ ба он кишвар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG