Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии кулл: Аъзои собиқи ҲНИТ шиканҷа нашудаанд


Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди шиканҷаи равонӣ шудани аъзои пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва наздикони онҳоро бепоя хонданд.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди шиканҷаи равонӣ шудани аъзои боздоштшудаи ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломиро беасос донистанд. Дар ин изҳороти Додситонӣ, ки рӯзи 4 май нашр шуд, гуфта мешавад ин гуна хабарҳо аз сӯи афроди номаълум паҳн шуда, барои исбот далелҳо пешниҳод намешаванд.

Дар изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷумла омадааст: "Вақтҳои охир аз ҷониби баъзе муаллифони шахсияташон номаълум бо мақсади бадном намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ хабарҳои беасос ва бардурўғ дар бораи поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла таҳти шиканҷа ва фишор қарор гирифтани аъзои собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) ва наздикони онҳо паҳн карда мешаванд."

Додситонии куллии Тоҷикистон мегӯяд, ки "муаллифони ин гуна хабарҳо барои асоснокунии ваҷҳҳои худ ягон далел наоварда, аз ифшо кардани ному насабашон канораҷӯӣ мекунанд, ки ин гувоҳи боварӣ надоштани худи онҳо ба гуфтаҳояшон мебошад."

Дар изҳороти Додситонии кулл аз ҷумла ба хабари сомонаи "Паём.нет" аз 15-уми апрел бо номи "Шиканҷаҳои равонӣ алайҳи маҳбусони сиёсӣ" ишора шудааст, ки дар он гуфта мешуд, дар зиндонҳои Тоҷикистон шиканҷа ва фишорҳои равонӣ алайҳи маҳбусони сиёсӣ шурӯъ шуда ва аз ҷумла аъзои раёсати олии собиқ ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд. Аммо додситонӣ мегӯяд, ин мақоларо мавриди санҷиш қарор дода ва маълум кардааст, ки касе онҳоро зери шиканҷа ва ё фишори рӯҳӣ қарор надодааст.

Наздикони бархе аз боздоштшудаҳои ҲНИТ низ қаблан аз зери фишори равонӣ қарор гирифтани пайвандонашон, иттилоъ дода буданд. Аз ҷумла Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, писари муовини раиси ин ҳизби мамнӯъ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз як сӯ фишори равонӣ ва аз тарафи дигар шароити танги боздоштгоҳ дарди миён ва пойҳои падарашро бештар кардааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28 сентябри соли 2015 ҳизби наҳзати исломиро дар фаъолиятҳои ифротгароёна, аз ҷумла ба даст доштан дар ошӯби генерал Назарзода айбдор ва фаъолияти ин ҳизбро манъ кард.

13 узви раёсат ва шӯрои сиёсии ҲНИТ - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосиддинов рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2015, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

Алайҳи ҳар кадоми онҳо аз ду то 15 иттиҳом эълон шудааст. Як иттиҳоми асосӣ ба зидди ин аъзои баландпояи ҲНИТ ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Назарзода мебошад. Худи аъзои ҳизби ҳамакнун фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ, ин иттиҳомро рад мекунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи ин 13 узви раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро рӯзи 9 феврал оғоз кард. Наздикони боздоштшудаҳо мегӯянд, ки интизор меравад, ба наздикӣ ҳукми ин афрод эълон бишавад.

XS
SM
MD
LG