Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии А.Шарифов аз ширкати 190 тоҷик дар ҷанги Сурия


Сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ширкати шаҳрвандони тоҷик дар ҷангҳои Сурия метавонад вокуниши манфии Димишқро ба бор биорад.

Абдуфаттоҳ Шарифов, раҳбари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 28 октябр ба Радиои Озодӣ дар хусуси ширкати 190 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои зидди давлати Сурия гуфт, ки ҳамагуна дахолат ба умури кишварҳои дигар паёмади номатлуб ба бор меорад. Дар посух ба ин суол, ки оё ин шаҳрвандоне , ки дар канори шӯришиён дар Сурия меҷанганд, барои ояндаи амнияти Тоҷикистон хатаре доранд?, Абдуфаттоҳ Шарифов гуфт, аз мардуми силоҳбадаст ҳама гуна мусибату даҳшатро метавон мунтазир шуд.

Муфтии аъзами Сурия ахиран гуфт, ки дар ҷабҳаҳои алайҳи раиси ин ҷумҳурӣ Башор Асад то 100 000 ҷангӣ аз 83 кишвари дунё, аз ҷумла 190 шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд. Ба гузориши хабаргузории русии "Интерфакс", дар ин бора Аҳмад Бадриддини Ҳассун, муфтии олии Сурия рӯзи 26 октябр дар як вохӯрӣ бо роҳбари Ҷамъияти фаластиниҳо православ дар Маскав хабар додааст.

Ба иттилои ин мақоми олии мазҳаби Сурия, дар ҷангҳои ин кишвари арабӣ аз тарафи мухолифони ҳукумати Башор Асад аз 5 то 8 ҳазор ҷангӣ аз Арабистони Саудӣ, 4 ҳазор аз Тунис, аз Ироқ 3 ҳазор, аз Чеченистон 1,7 ҳазор, аз Туркманистон 360 нафар, аз Украина 350 нафар, аз ИМА 290 нафар, аз Қазоқистон 250 нафар, аз Тоҷикистон 190 нафар, аз Канада 120 нафар, аз Озорбойҷон 100 нафар ва аз Гурҷистон 80 нафар дар сангарҳо бо мухолифон дар як ҷабҳа қарор доранд ва алайҳи режим меҷанганд.

Вай ҳамчунин гуфтааст, дар набардҳои ҷанги Сурия аз ҷониби мухолифон аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо – Фаронса, Босния, Австрия, Олмон ва чанде дигар аз ин давлатҳо ҷангиён ҳузур доранд. Қаблан, мақомоти Русия эълон карда буданд, ки аз ин кишвар дар ҷангҳои Сурия то 400 нафар ҷангӣ қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш як ҷавони тоҷик ба наздикони худ хабар додаст, ки дар Сурия аст ва зидди ҳукумати Башор Асад меҷангад. Дар бораи ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки наздик ба се моҳ пеш дар Русия нопадид шудааст ва хабар мерасад, ки дар ҷанги Сурия ширкат мекунад, тағои ӯ ба радиои «Озодӣ» хабар дод ва гуфт, талош дорад, ӯро пайдо кунад ва ба ватан баргардонад.

Вале ин ягона тоҷикистонӣ нест, ки аз рафтани худ ба ҷанги Сурия хабар дода бошад. Дар сомонаҳои интернетии иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук нафарони зиёде ҳастанд, ки дар саҳифаҳои худ аз бедодгариҳои Башор Асад менависанд ва будани худро дар он кишвар таъид мекунанд, вале дақиқ будани ному насаб ва воқеъан дар Сурия будани онҳо норавшан аст.

Будани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сафи неруҳои шӯришгари зидди ҳукумати Асад дар Сурияро мақмоти Тоҷикистон ҳануз моҳи майи соли равон эътироф карда буданд. Расонаҳо дар таърихи 28-уми май ба нақл аз Мансурҷон Умаров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон навишта буданд, ки тибқи маълумоти ин ниҳод, дар ҷангҳои Сурия се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Умаров гуфта буд, барои мақомоти амнияти Тоҷикистон шумора ва масири ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафи шӯришиёни Сурия маълум нест, аммо дақиқ аст, ин ҷавонон аз тариқи кишварҳои севвум ба низои Сурия кашонда мешаванд.

Тавре расонаҳои Русия ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна менависанд, хатсайри ҷалби ҷиҳодиён аз кишварҳои пасошӯравии Осиёи Миёна ва Қафқоз умдатан тариқи Туркия ва Миср аст. Аммо ба эҳтимоли зиёд ҷавонони тоҷик аз Русия ба ин кишварҳо сафар карда баъдан озими Сурия мешаванд.

Низои Сурия аз санаи 26-уми январи соли 2011 дар пайи мавҷи эътирозҳо дар кишварҳои Ховари Миёна бо номи «баҳори араб» оғоз шудааст. Дар ин рӯз як гурӯҳ эътирозгарон умдатан аз шумори бодиянишинон бо барпо кардани гирдиҳаомӣ дар Димишқ аз давлати Башор Асад талаби иҷоза додани чорвочаронӣ дар чарогоҳҳоеро кардан, ки ҳукумат онҳоро ба мамнуъгоҳ табдил дода буд. Ин эътирозҳо чандон идома накард, аммо 15-уми марти ҳамон сол ҷавонон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Димишқ гирдиҳамоӣ ороста талаби ислоҳот ва хотима додан ба фасодкориро карданд.
XS
SM
MD
LG