Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар пайи боздошти даҳҳо пайравони гурӯҳи салафӣ- “военкомҳо”-и аслии сафарбаркунии ҷавонон ба Сурияву Ироқ ва анҷоми “корҳои фаҳмондадиҳӣ”, пайвастани ҷавонон ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар 2 моҳи ахир коҳиш ёфтааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар пайи таблиғоти густардаи ҳукумат, раванди пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва рафтан ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ дар чанд моҳи охир коҳиш ёфтааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қиёс ба як соли пеш пайвастани ҷавонон ба гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” ба маротиб камтар шудааст ва ҳоло танҳо бештар исми афроде ба мақомот ошкор мешавад, ки то се моҳи пеш ба сафи ин гурӯҳ пайвастаанд.

Кори хона ба хона

Ба гуфтаи ин манбаъ, даст ёфтан ба ин натиҷа дар ҳоле дастрас шуд, дар сатҳи ҷамоат ва деҳ бо кӯмаки вакилони маҳаллаҳо ва нозирони минтақавӣ маҳали буду боши ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар мушаххас шуд. Нозирон ва вакилони маҳаллаҳо мудом бо хонаводаҳои ин ҷавонон дар тамос буданд, то мутмаин шаванд, ки воқеан онҳо дар Русия ҳастанд ва ё ҷои дигар. Инчунин, ба гуфтаи ин мақомдор омили дигар боздошти пайравони ҷараёни салафӣ дар Тоҷикистон аст.

“Ҷавононе, ки аз он ҷо баргаштанд ва худашон қисса карданд, ки он ҷо ҷиҳод нест, балки дурӯғ аст. Фикр мекунам, аксари ҷавонон дурӯғ будани “ҷиҳод”-ро фаҳмиданд. Вақте ҷавонони баргашта дар вохӯриҳо қисса мекарданд, ки инсон он ҷо арзише надорад ва кори амирони гурӯҳҳояшон танҳо ба ҳамсарӣ гирифтани даҳҳо асира ҳаст, дигар дилашон сард шудааст. Ҳамчунин, пеши паҳн кардани наворҳои онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта шуд ва ба назарам инҳо аз омилоне буданд, ки пеши пайвастани ҷавонон ба сафи ДОИШ-ро гирифт” – гуфт ин мақомдори тоҷик, ки нахост аз ӯ ном бубарем.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло аслан кор дар самти муайн кардани макони будубоши ҷавононе идома дорад, ки моҳҳо боз аз Русия бо волидайнашон дар Тоҷикистон тамос надоранд ва танҳо тахмин зада мешавад, ки онҳо дар Сурия ва Ироқ қарор доранд. Бинобар маълумоти расмӣ ҳоло ҳудудан 35 нафар бо эҳсоси пушаймонӣ аз сафҳои ин гурӯҳи тундрав ба ватан баргаштанд ва даҳҳо нафари дигар ҳангоми қасди сафар ба Сурия дар хоки Тоҷикистон боздошт шуданд.

Гурӯҳҳои осбепазир аз лиҳози ақидавӣ киҳо ҳастанд?

Аммо Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, шояд мақомоти тоҷик далеле дар даст доранд, ки аз коҳиши пайвастани ҷавонон ба ДОИШ сӯҳбат мекунанд, вале ӯ мегӯяд, бо доштани оморе дар ин маврид набояд қаноат кард. Ба гуфтаи ӯ, муҳимтарин кор мубориза бо афкорест, ки то ҳол шояд дар зеҳни садҳо ҷавони тоҷик пойбарҷост ва он ҳамчунон хатарзо боқӣ мемонад. Ҳодизода мегӯяд, муҳимтарин кор ин аст, ки дар Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис ёбад ва бо гурӯҳҳои аз ҷиҳати ақидавӣ осебпазир кор бубарад.

“Ҳар нафаре, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб мешаванд, дар заминаи ақидавӣ далели худро дорад. Яке зулм дидааст ва наметавонад, ин ҷо интиқом гирад ва ба хотири интиқом ба ин гурӯҳҳо мепайвандад. Дигаре аз бекорӣ, шароити нохуб ва навмедӣ роҳ сӯи Ироқу Сурия пеш мегирад. Нафари дигар ҳеҷ камбудӣ надорад ва танҳо ба хотири дар даст гирифтани автомат ва худро ҳамчун “қаҳрамон”-и наворҳо дидан ба ин гурӯҳҳо мепайвандад. Аммо ҳамаи ин корҳо аз ақидаҳои вайрон ба миён меояд. Шинохти нафаре, ки ақидааш дигар шудааст, чандон мушкил нест ва бояд ҳар нафари онҳоро ба тариқе, ки ӯ андеша дорад, нодуруст будани корашро фаҳмонад,”- мегӯяд Фаридун Ҳодизода.

Ин коршинос мегӯяд, азбаски бештари ҷавонон аз Русия ба Сурия мераванд, чунин корҳо бояд бештар дар миёни муҳоҷирон ба роҳ монда шавад.

Абдураҳмон чаро ба Сурия нарафт?

Абдураҳмон, як муҳоҷири 24 солаи тоҷик, ки дар яке аз навоҳии шаҳри Маскав кор мекунад, гуфт, се моҳ пеш тариқи шабакаи “Однокласникӣ” зери ташвиқи ҷиддии гурӯҳҳои ифротӣ қарор гирифт ва ҳатто азм кард, ки ба онҳо бипайвандад. Ӯ мегӯяд, вақте бо як дӯсташ, ки зоҳиран ҳаводори гурӯҳи “Давлати исломӣ” буд, сари нодуруст будани амали ҷавонони узви гурӯҳи ДОИШ баҳс мекард, он дӯсташ ба ӯ як нишонии истифодабарандаи ин шабакаро дод, то “ҳақиқат”-ро аз ӯ бишнавад.

“Ин ҳамсӯҳбати ман навор мефиристод ва мегуфт, ки ин ҷо ҷиҳоди тоза ҳаст ва онҳо гӯё кофир мекушанд. Маро саросема мекард, ки хеста биоям ва ин ҷо ҳақиқатро мефаҳмам. Қариб буд, ки бовар кунам, аммо гуфтам, ки бояд бисанҷам. Баъдан аз як мулло дар Тоҷикистон пурсидам ва аз як дӯсти донишманди падарам. Онҳо хеле хуб ба ман фаҳмониданд, ки дар Сурия ва Ироқ бӯе аз ҷиҳод нест. Он ҷо сунниҳоро ҳам мекушанд ва он ҷо як бозӣ меравад. Ин далел рӯҳияи маро гардонд,”- мегӯяд ин ҷавони тоҷик.

Ин ҷавон мегӯяд, ки ӯ бо дарки ин воқеяит аз сафар ба Сурия худдорӣ кард, вале медонад, ки ду ҷавони тоҷик дар ду моҳи пеш бо вуҷуди таъкиди ӯ барои пайвастан ба ДИИШ ба Туркия сафар кардаанд.

Ҳоло бар асоси иттилои расмӣ, беш аз 500 ҷавони тоҷик дар сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар ҳудуди Ироқ ва Сурия меҷанганд ва то имрӯз беш аз 130 нафари онҳо кушта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG