Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози мусодираи манзилҳои Зайд Саидов ва наздиконаш


Зайд Саидов

Зайд Саидов

Наздикони соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов мегӯянд, мақомоти судиҷрочӣ ба мусодираи манзилҳои марбут ба ӯву пайвандонаш шурӯъ кардаанд.

Наздикони соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов мегӯянд, ки мақомоти судҷирочии навоҳии шаҳри Душанбе ба манзилҳои зисти онҳо омада талаб доранд, ки бар асоси ҳукми додгоҳ дар мавриди мусодираи молу мулк хонаҳои худро холӣ кунанд.

Хайрулло Саидов, писари калонии Зайд Саидов рӯзи 25 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи имрӯз судиҷрочиҳои бархе аз додгоҳҳои шаҳр ба манзили онҳо омада, бар асоси қарори Додгоҳи олӣ дар мавриди “мусодираи молу мулк” талаб карданд, ки манзилҳои худро бисупоранд. Вай афзуд, бар асоси қарори Додгоҳи олӣ наздики 25 нафар аз аъзои хонаводаҳои онҳо, бо шумули бародарону хоҳарон ва модараш дар сурати мусодираи молумулкашон бехонаву дар мемонанд.

Вай гуфт тибқи моддаи 57 кодекси ҷиноӣ зикр шудааст, ки бояд танҳо моликияти маҳкумшуда ба фоидаи давлат мусодира шавад. Банди сеюми ин модда, ба гуфтаи ӯ, мусодираи молу мулки “барои махкумшуда ё шахсони дар таъминоташ буда зарур”-ро манъ мекунад.

Хайрулло Саидов гуфт, ҳатто хонаи амакашро, ки ҳанӯз дар солҳои 70 харида шудааст ва ҳоло дар он наздики 30 нафар ба сар мебаранд, мехоҳанд мусодира кунанд.

Мақомот ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд, вале ду ҳукми Додгоҳи олӣ, ки Зайд Саидовро дар маҷмӯъ ба 29 соли зиндон маҳкум кард, мусодираи молу мулки ӯ ба хотири ҷуброни зарари иқтисодии ба давлат расондаашро низ пешбинӣ мекунад.

Зайд Саидови 56-сола, моҳи майи соли 2013, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсие бо номи “Тоҷикистони нав” боздошт ва дар моҳи декабри ҳамон сол аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон бо иттиҳомоте, чун суистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар моҳи июли соли 2015 Додгоҳи олӣ ба ҳукми ӯ 3 соли дигар афзуд.

Мақомот бар асоси ҳукми додгоҳ то ҳол дастикам 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саид ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд.

Зайд Саидов ва тарафдоронаш иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо рад мекунанд ва онро сиёсӣ меноманд. Ба ақидаи Зайд Саид ва ҷонибдоронаш, ӯ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" таҳти таъқиб қарор гирифтааст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG