Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Хатлон филмҳое, ки дар онҳо забони давлатӣ риоя намешавад ва ҳамчунин "ғайриҳирфаӣ" наворбардорӣ шудаанд, мусодира мешаванд.

Корхонаи фаръии кино ва видеои вилояти Хатлон мегӯяд, ки аз бозорҳои шаҳру навоҳии ин вилоят филмҳоеро, ки “шогирдона ва ғайриҳирфаӣ” буда, инчунин сӯҳбатҳои қаҳрамононаш бо лаҳҷаии мардуми деҳот садо додаасту забони давлатӣ риоя намешавад, мусодира мекунад. Ин филмҳо “Занигириву дамгирӣ”, “Зангирии Мугамбо”, “Пушаймонӣ”, “Дӯсти то охир”, “Марги сафед”, ”Тансор Диксои тоҷикӣ”, “Дузана”, ва “Овораи ишқ” будаанд, ки аз бозорҳо мусодира мешаванд.

Лутфия Роибова, раҳбари Корхонаи фаръии кино ва видеои вилояти Хатлон рӯзи ҷуъма 12 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин филмҳо бо забони “кӯчагӣ” буда ва аҳамияти тарбиявӣ надоштанд ва тамошобин барои худ чизе намегирад. Лутфия Роибова гуфт, ки чанд моҳи ахир онҳо ҳудуди 1000 дискро, ки аз фурӯшгоҳҳо ба анбори худ бурдаанд, нест мекунад ва амалиёти ҷамъоварии филмҳои “кӯчагӣ” дар фурӯшгоҳҳои вилоят идома дорад.

Кормандони Корхонаи кино ва видеои вилояти Хатлон мегӯяд, бо вуҷуди он, ки дар ин филмҳои “кӯчагӣ” беэҳтироми ба забони давлатӣ аст, инчунин иҷозатномаи фурӯшро надоштаанд ва ба ҳамин хотир ин филмҳоро мусодира мекунанд.

Дӯстмурод Шарипов, муаллиф ва қаҳрамони чанд филми “кӯчагӣ”, ки дар миёни мардум бо лақаби Дон Жуан шинохта шудааст, дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки филмҳояшон иҷозатнома надоштаанд, вале бо ҳамин роҳ мехоҳад, ки дар синамо роҳи худро пайдо созад.

Дӯстмурод Шарипов мегӯяд, ки барои филми хуберо пешниҳоди тамошобин кардан, сармоя лозим аст, вале онҳо имкони онро надоранд: “Ман драма ва киноро хатм кардаам, вале дар танҳоӣ ҳамин гуна филмро ба навор мегирам, чун дастгирӣ нест. Киноҳое, ки давлатӣ ҳастанд, ҷавобгӯи ҳозира нестанд, чун тамошобинонашон кам аст. Филмҳои ман мазмун ва тамошобини худро доранд.”

Филми “Дӯсти то охир”, ки муаллиф ва як қаҳрамонаш Дӯстмурод Шарипов аст, дар бораи ду ҷавони муҳоҷири тоҷик, ки дур аз ватан аз надонистани забони русӣ азият мекашанду дар хиёбон шабро рӯз мекунад, аммо то охир канори ҳам мемонаду аз якдигар пуштибон ҳастанд, нақл мекунад.

“Марги сафед”, филми дигаре аст, ки дар бораи оқибати истеъмоли маводи мухаддир ва хатари он ба ҷони инсонҳо нақл мекунад ва ҷавононро ба роҳи рост даъват месозад. Ин филмҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон рӯи навор омадаанд ва нақшофаронашон аз ҳунарманд нестанд ва ройгон дар ин филмҳо нақш меофаранд.

Ҳарчанд ин филмҳоро ба хотири надоштани иҷозатнома мусодира мекунад, аммо ин филмсозон ноумед нестанд ва мехоҳанд, ки филмҳои дигарро дар мавзӯъҳои мубрами рӯз ба фурӯш гузоранд. Қудратулло Бобоев, наворбардори ин филмҳо дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки филмҳои онҳо бо вуҷуди ин, ки содда ба назар мерасад, вале мавзӯъҳояшон тарбиявӣ буда, тамошобини худро доштаанд.

Қудратулло Бобоев гуфт, ки мақсад доранд, ки бо тими худ филми наверо дар шаҳри Навосибирски Русия, ки дар мавзӯи маводи мухаддир аст, ба навор бигиранд: “Филми “Пушаймонӣ” аз дигар филмҳо аст, ки бинандагони зиёд доранд. Мехоҳем, ки ба Русия рафта, онҷо филм бардорем, ки дар мавзӯъҳои тарбиявӣ ва муҳоҷирони тоҷик аст. Филмҳои мо мазҳакавӣ ҳастанд ва дар филмҳоямон маъюбони шаҳри Норакро низ даъват кардаем, ки онҳо худро хушбахт эҳсос кунанд.“

Зоҳиршо, фурӯшандаи филмҳо аз бозори “Фаровон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 12 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мардум филмҳои “Зангирию дамгирӣ”, “Зангирии Мугамбо”, “Пушаймонӣ”, “Дӯсти то охир”, “Марги сафед”, ”Тансор Диксои тоҷикӣ”, “Дузана” ва “Овораи ишқ”, ки аксарияташон ҳаҷвӣ ва бо забони оммафаҳм ҳаст, харидорӣ мекарданд. Ин фурӯшанда гуфт, ки дар як рӯз аз як филм то даҳ диск мефурӯхт, аммо ҳоло фурӯши ин филмҳоро манъ кардаанд, ки муштариён ноумед аз назди дӯконаш рад мешаванд.

Исмоил Халифаев, як ҷавони 24-сола аз ноҳияи Бохтар гуфт, ки хонаводаи онҳо пайваста филмҳое, ки дар онҳо Дон Жуан ва Мугамбо нақш офаридаанд, бо як завқи зиёд тамошо мекунад: “Ҳозир кинои тоҷикӣ кам аст, кинои “Овораи ишқ”, “Тансор диско”, ки Дон Жуан ва Мугамбо ба намоиш мегузорад, тамошо мекунем. Аз киноҳои туркӣ инҳо хубтар ҳастанд, ки дар хонаи мо ҳама тамошо мекунад, шӯхиҳои хуб дорад.”

Ҳоли зори як кинотеатр дар Хатлон.

Ҳоли зори як кинотеатр дар Хатлон.

Ин дар ҳолест, ки дар дар нуқтаҳои фурӯши филмҳо номгӯи филмҳои нави тоҷикӣ холӣ аст ва ҷои онҳоро даҳҳо номги филмҳои туркӣ, ки бо забонӣ форсӣ ва русӣ тарҷума шудаанд, пур сохтааст. Мардум дар телевизионҳои Тоҷикистон филмҳои тоза ба наворгирифтаи тоҷикиро кам мебинад ё аслан вақте, ки филмҳо ба намоиш гузошта мешавад, онҳо барқ надорад. Аммо филмҳое, ки тез тез ба фурӯш баромада дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва ба дили мардум наздик аст, аз фурӯшгоҳҳо мусодира мешавад, дар ҳоле мардум ба тамошои филми тоҷикӣ ниёз дорад.

Тибқи иттилои расмӣ, ду даҳсолаи охир мардуми ин минтақа ба кинотеатрҳо намераванд ва аз 31 кинотеатри Шӯравӣ, танҳо 13 тоаш мавҷуд аст, ки ба фурӯшгоҳ табдил дода шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG