Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти гумруки вилояти Хатлон аз воридшавии 5 номгӯи китоби зоҳиран динӣ, аммо «шубҳанок», аз қаламрави ҷумҳурии исломии Афғонистон ҷилавгирӣ кардаанд.

Ташхиси давлатии диншиносӣ муайян кардааст, ки китобҳои «Канз-ул-Ҳусайн», «Ганҷинаи амалиёт», «Тим-тимӣ», «Ҷавоҳири тавъизот» ва «Хазинаи тавъизот» адабиёти марбут ба сеҳру ҷоду ва расонидани зиёни ҷисмонӣ ба инсон будааст.

Ба иттилои Олим Шарифов, сухангӯи раёсати хадамоти гумрук дар вилояти Хатлон, «ҳангоми назорати гумрукӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён, аз Абдулазим Муфтӣ Ҳақнавоз, сокини шаҳри Кобул, шаҳрванди Афғонистон шаш номгӯи китоби динии шубҳанок мусодира шуд, ки онҳоро бидуни ташхиси давлатии диншиносӣ ба Тоҷикистон ворид карданӣ буд».

- Дар ин китобҳо усулҳои сеҳру ҷодугарӣ ба таъсири онҳо ба инсоният нақл мешавад, ки паҳн ва мутолиа кардани чунин адабиёт дар Тоҷикистон мамнуъ аст», афзуд Олим Шарифов.

Асарҳои мамнуъро мақомоти вилояти Хатлон аз Абдулазим Муфтӣ Ҳақнавоз мусодира карда, нисбати ӯ парвандаи маъмурӣ кушода ва дар ихтиёри додгоҳи ноҳияи Қумсангир қарор доданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар поёни моҳи январи имсол ҳам ходимони раёсати гумруки Хатлон дар гузаргоҳи марзии Панҷи Поён аз Фарид Аҳмадёр валади Султонмуҳаммад, шаҳрванди дигари Афғонистон, як адад китоби мавсум ба «Тим-тимӣ»-ро ошкор ва мусодира кардаанд, ки низ китоби сеҳру ҷоду буда, ворид карданаш ба қаламрави Тоҷикистон мамнуъ аст.

Додгоҳи ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон аз Фарид Аҳмадёр барои талоши воридсозии китоби «Тим-тимӣ» ба Тоҷикистон, ба андозаи 800 сомонӣ, муодили қариб 170 доллари амрикоӣ, ҷарима ситонидааст.

Дар зимн фолбинӣ ва ҷодугарӣ дар Тоҷикистон ҷиноят буда, муҷозот низ дорад. Моҳи декабри соли 2007 М аҷлиси Намояндагони Тоҷикистон қонунеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он касе, ки ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду шуғл меварзад ба миқдори беш аз 150 доллар ҷарима мешавад.

Гуфта мешавад, дар сурате, ки шахс такроран ба чунин амале даст бизанад, ҳаҷми ҷарима нисбати ӯ бештар ва то 230 доллар хоҳад шуд. Феълан дар Тоҷикистон фолбину ҷодугарон,ки назар ба табибон муштариёни бештар доранд, исми шуғли худро иваз карда акнун ҳамчун "табиб" фаъолият мекунанд. Бо вуҷуди қонуни манъи ҷодугарӣ, теъдоди мардум дар назди хонаи фолбину ҷодугарҳо то рафт бештар мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG