Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миробҳои “сахӣ” ва ҷанҷолии Осиёи Марказӣ


Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо доштани бузургтарин шабакаҳои обёрии ҷаҳон, ҳангоми обёрии киштзорҳояшон обро ба андозае талаф медиҳанд, ки дар дигар гӯшаҳои курраи Замин мушоҳида намешавад.

Эҳтимолан Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои ҷаҳон аст, ки бештар аз ҳама мироб дорад ва ин миробҳо гаронтарин моли ин гӯшаи хушку гарми курраи Замин, яъне обро аксар вақт талаф медиҳанд. Кристофер Мартиус – пажӯҳишгари олмонӣ, ки шеваҳои обёрии пахтазорҳои васеи Хоразми Ӯзбакистонро бо чашмони худаш дида ва пажӯҳише дар ин бора навиштааст, усулҳои истифодаи “саховатмандона”-и об дар Осиёи Марказиро чунин тасвир мекунад:

“Мо як вақт масрафи обро бо пироҳани варзишӣ ҳисоб кардем, ки барои он эҳтимолан аз 200 то 500 грамм пахта сарф мешавад ва барои тавлиди ин миқдори пахта 7 ҳазор литр об даркор аст. Дар Ӯзбакистон барои ҳар гектар пахта аз 14 то 18 ҳазор литр масраф мешавад, ки аз ду ва се ҳазор метри мукааб бештар аз ниёзи рустанӣ аст. Яъне бақияи об ҳангоми обёрии бад ва ё интиқоли бади он талаф мешавад”.

Чунин саховатмандӣ дар кишварест, ки миробҳову кишоварзонаш барои об гоҳ хунрезӣ кардаанд. Аммо ин саховатмандӣ хоси танҳо Ӯзбакистон нест. Ҳарчанд миробҳои Қирғизистон мисли миробҳои Ӯзбакистон “сахӣ” набошанд ҳам, аммо баҳонаи зиёде барои таърифи хеш дар амри истифодаи дурусти об надоранд.

Татяна Волкова - коршиноси Қирғизистонӣ, ки дар гузашта дар ҳамин арса кор кардааст, мегӯд, “истифодаи бесамари об дар кишвари мо аз ҳисоби шабакаҳои бесифати обрасонӣ аст, ки дар ҳоли ғайриқаноатбахш қарор доранд. Мо барои дидани шабакаҳое рафтем, ки аз ҳисоби сармояҳои хориҷӣ тармим мешаванд ва дидем, ки дар чӣ вазъ қарор доранд. Ҷӯйбору нақбҳои обрасонӣ ба андозае табоҳ шудаанд, ки деҳқонон наметавонанд, аз онҳо киштзорҳои худро обёрӣ кунанд. Аз ин рӯ миқдори зиёди об талаф меёбад“.

Узбакистон ва Туркманистон аз назари истифодаи об бар сари аҳолӣ метавонанд даъвои "унвони қаҳрамонони ҷаҳон"-ро кунанд, зеро дар Туркманистон солона бар сари ҳар як нафар 44 миллион ва дар Ӯзбакистон беш аз 20 миллион литр об рост меояд ...
Вазъ дар Туркманистон, ки дар “навбати об” дар Осиёи Марказӣ аз ҳама охир истодааст, аз Қирғизистон ва ҳатто Ӯзбакистон ҳам бадтар аст. Бар асоси омори Созмони Милал, Туркманистон бар сари ҳар нафар аҳолӣ беш аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ об масраф мекунад. Ин кишвар ва Ӯзбакистон аз назари истифодаи об бар сари аҳолӣ метавонанд даъвои “унвони қаҳрамонони ҷаҳон”- ро кунанд, зеро дар Туркманистон солона ба ҳар як нафар бештар 44 миллион литр об рост меояд, ки дар ҳеҷ кишвари дигари ҷаҳон мушоҳида намешавад.

Ӯзбакистон дар феҳрасти масрафкунандагони беш аз ҳадди об мақоми “ифтихории” дуввумро аз худ кардааст. Дар ин кишвар сари ҳар нафар солона тақрибан 20 миллиону 600 ҳазор литр об рост меояд. Дар Тоҷикистон истифодаи об сари ҳар нафар бештар 10 миллиону 843 ҳазор литрро ташкил медиҳад, ки бештар аз Қирғизистон ва камтар аз Қазоқистон будааст. Кишварҳои болооби минтақа, ки худро “чашмаҳои мусаффои” Осиёи Марказӣ мехонанд, ин рақамҳоро баёнгари беадолатӣ дар тақсими захираҳои об медонанд.

Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обии Тоҷикистон мегӯяд, аз маҷрои рӯди Сири ҳавзаи Баҳри Арал, Ӯзбакистон бештар аз 50, Қазоқистон - 42 ва Тоҷикистон танҳо 7 дарсадро мегирад, бақияи 0,7 дарсад насиби Қирғизистон будааст. Қисми зиёди оби рӯди Омуро, ки асосан аз Тоҷикистон сарчашма мегирад, танҳо Ӯзбакистону Туркманистон тақрибан 43 дарсадӣ бо ҳам медидаанд. Барои “мироби” саргаҳи рӯдхона, яъне Тоҷикистон 15 дарсад мерасад. Вале дар маҷмӯъ тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳатто назар ба кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ бештар аз об истифода мекунанд, ки албатта қисми зиёди он об беҳуда талаф мешавад.

Анатолий Крутов, ки ба ҳайси мушовири барномаҳои байнулмилалии идораи захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ кор кардааст, мегӯяд, “коефитсиенти амали муфиди каналҳои Осиёи Марказӣ аз 0,4 дарсад то 0,6 дарсадро ташкил медиҳад. Яъне аз 40 то 60 дарсади манобеи об беҳуда талаф мешавад“.

Якчанд даҳсола қабл ин ҷо баҳри бузурги Арал буд, ки Амударё ва Сирдарё онро пуроб мекарданд
Сифати каналу ҷӯйборҳои кишварҳое дар чунин ҳол қарор дорад, ки ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ аз бузургтарин шабакаҳои обёрии ҷаҳонро дар худ доранд. Дар Осиёи Марказӣ зиндагии 22 миллион нафар мустақим ва ғайримустақим ба обёрии арсаи кишоварзӣ вобаста аст. Аз ин аст, ки ҳоло баҳсҳо сари тақсими захираҳои обу рушди иқтисодҳои миллӣ миёни кишварҳои болообу поёноб авҷ гирифтааст ва дар ин миён як масъалаи аслӣ, яъне талафи беҳудаи об аз чашмҳо пинҳон мондааст.

Ҳамин истифодаи нодурусту беҳудаи захираҳои об дар замони шӯравии собиқ буд, ки Осиёи Марказӣ шоҳиди як фалокати азими муҳитизистӣ дар минтақа шоҳиди батадриҷ аз байн рафтани Баҳри Арал шуд ва ҳанӯз ҳам ҳаст. Аммо ин мусибат ҳам барои миробҳои кишварҳои поёноб сабақ нашудааст, то аз саховатмандии зиёнбори худ даст кашанд.

Ба гуфтаи Рустам Латифов, сардори раёсати захираҳои оби вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон, киштзорҳои васеъи бисёре аз кишварҳои минтақа бо усули бостонӣ обёрӣ мешавад: “Тақрибан дар тамоми Осиёи Марказӣ, махсусан ба кишварҳои поёноб дахл дорад, тарзи кӯҳнаи обёрии заминҳо, тарзи кӯҳнаи ҷӯякӣ, технологияи ҳазорсолаҳо гузаштаи бобоиро истифода мекунанд, ки бар зарари кор аст, боиси талаф, таҳшину заҳ задан ва бухори об мешавад, ки ин ҳам хароҷоти зиёди об аст.”

Ба ин гуфта Кристофер Мартиус - таҳлилгари олмонӣ ҳам мувофиқ аст. Вай мегӯяд, “ҳоло дар системаи обёрии Ӯзбакистон 55 дарсади об гум мешавад, об ҳангоми интиқол, дар каналҳои зеризаминӣ ва ҳангоми обёрӣ дар киштзорҳо талаф меёбад, зеро киштзорҳо бештар заҳ задаанд, ба усулҳои нави обёрӣ ба мисли обёрии лулаӣ, обпошӣ ва дигар технологияҳои камхарҷи обёрӣ сармоягузорӣ намешавад. Ҳамчунин барои парвариши зироатҳое, ки обталаб нестанд, майли зиёде дида намешавад“.

Дар системаи обёрии Ӯзбакистон 55 дарсади об гум мешавад, об дар каналҳои зеризаминӣ ва ҳангоми обёрӣ дар киштзорҳо талаф меёбад. Вале дар ин кишвар технологияи камхарҷи обёрӣ сармоягузорӣ намешавад ва барои парвариши зироатҳое, ки обталаб нестанд, майле дида намешавад ...
Албатта дар ин замина на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми дигар кишварҳои минтақа ҳатман ангуштро ба сӯи Ӯзбакистон мекунанд, ки киштзорҳои васеи пахтаро дорад, ки дар замони шӯравӣ ҳатто дар минтақаҳои хушки биёбонӣ боз ва обёрӣ карданд ва Ӯзбакистонро ба дуввумин тавлидкунандаи бузурги пахта дар ҷаҳон табдил доданд.

Дар як таҳқиқи Бонки Ҷаҳонӣ омадааст, дар Ӯзбакистон барои обёрии як гектар 14 ҳазор метри кубӣ об масраф мешавад, ки аз Покистону Мисри биёбонӣ, ки системаи обёрии беҳтаре аз Ӯзбакистон надоранд, бештар аст. Дар ин ду кишвар барои ҳар гектар аз 9 то 10 ҳазор метри мукааб об масраф мекардаанд.

Дар Қазоқистон ҳам обёрии нодуруст сабаби шӯразании заминҳои кишт шудааст ва ба навиштаи Бонки Ҷаҳонӣ, шӯршавӣ ҳадди аққал ҳосилхезии аз се як ҳиссаи заминҳои кишт дар ҷануби ин кишварро коҳиш медиҳад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки ҳарчанд Қазоқистон дар амри истифода аз манобеъи обиву обёрии заминҳо ислоҳоти ҷиддие рӯи даст гирифтааст, кори зиёде дигаре дорад, ки бояд анҷом диҳад.

Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, мизони самароварии шабакаҳои обёрӣ поёнтар аз 50 дарсад аст ва тақсими об дар сатҳи маҳаллӣ камтар аз он. Бо вуҷуди оби зиёд, ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, аз панҷ як ҳиссаи заминҳои обии Тоҷикистон аз 35 то 40 дарсад ба об мӯҳтоҷ мешаванд. Тақсими нодурусти об дар сатҳи маҳаллӣ ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон ҳам сабаби муноқишаи “миробҳо” ва ё деҳқонон мешавад.

Дар Туркманистон баҳрабардорӣ аз об ба андозае расидааст, ки қариб тамоми манобеи мавҷуди онро истифода мекунанд. Дар арсаи кишоварзии Туркманистон тақрибан 90 дарсади оби мавҷуда истифода мешавад ва он ҳам ғайриоқилона. Талафи об дар каналҳои Туркманистон бештар аз 60 дарсадро ташкил медиҳад ва кишоварзон барои обёрӣ ва шустани заминҳо аз намак беш аз ҳад обро истифода мебаранд. Тибқи омор онҳо барои ҳар як гектар аз 10 то 14 ҳазор миллион литр об сарф мекардаанд. Ин рафтор сабаби заҳ задани заминҳои васеъи кишти Туркманистон шудааст.

Пахтазорҳои беҳадду канори Ӯзбакистон ва системаи кӯҳна ва пурхарҷи обёрии онҳо сабабҳои аслии хушкшавии баҳри Арал маҳсуб мешавад
Обёрии беш аз ҳадд, заминбандии нодуруст сабаби шӯршавии заминҳои кишти Туркманистон шудааст ва ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, то соли соли 1999 тақрибан 80 дар сади заминҳои ду вилояти Дашовуз ва Ақхоли Туркманистон ба ҳадди миёна ва ё зиёд шӯра задааст. Дар ин кишвари хушку гарми минтақа низ бесарусомонӣ дар истифодаи об бахусус дар тобистонҳои хушк сабаби ҷанҷолу муноқишаи деҳқонон мешудааст. Дар айни замон, ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ дар ин кишвар барои роҳ надодан ба талафи об ва тадобири зарурӣ барои он пули кофӣ ҷудо намешавад.

Ин ҳама бесарусомонӣ, ки доир ба он кам сӯҳбат мекунанд, ба гуфтаи мусоҳибонам, як заминаи аслии авҷ гирифтани танишҳо миёни кишварҳои болообу поёноби Осиёи Марказист. Акнун ки бар асари гармоиши курраи Замин, обҳои Осиёи Марказӣ ҳарчӣ бештар “бухор” мешавад, баҳси тақсими обу истифодаи дурусти он ҳам як масъалаи доғ табдил ёфтааст.

Тоҷикистон, ки мехоҳад, бо бунёди сарбанди бузурги нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз балои бебарқӣ халос шавад, аз шикоятҳои ҳукумати Ӯзбакистон “безор” шудааст, ки мегӯяд, бунёди обанбори Роғун дар ин аёми камобӣ, кишварҳои поёнобро ташналаб хоҳад гузошт. Тоҷикистон ҷавоби омода ва мантиқӣ ҳам дорад, ки мегӯяд, Ӯзбакистон бояд ба масрафи саховатмандона ва зиёнбори об поён диҳад ва шеваҳои дурусти обёриро истифода кунад.

Ба гуфтаи Аждар Куртов – коршиноси Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стротежии Русия, дуруст аст, ки дар Ӯзбакистон ҳоло ҳам обро “барбод” медиҳанд, вале ончӣ ки ҳоло дар ҳаққи ин кишвар мегӯянд, одилона нест:

“Бисёр вақт Тоҷикистон ба Ӯзбакистон киноя мезанад, ки масалан дар Исроил барои парвариши ин ё он фаровардаҳои рустанӣ ин ё он қадар об истифода мебаранд. Аммо Исроил, ки Ӯзбакистон нест ва иқлими баҳрӣ дорад, имконоти тамоман дигари парвариши рустанӣ дорад. Дигар ин ки Исроил пули зиёд дорад ва аз ҳисоби хайрияҳои иттиҳодияҳои мухталифи яҳудиён зиндагӣ мекунад. Ӯзбакистон ҳеҷ чиз надорад, ва бояд бо имконоти доштааш зиндагӣ кунад. Аз ин рӯ чунин муқоиса дуруст ва одилона нест".

Талошҳои мо барои гирифтани посухи худи мақомоти Ӯзбакистон дар ин замина бенатиҷа анҷом ёфт. Албатта мақомоти Тоҷикистон хоҳанд гуфт, ки Ӯзбакистон бо сарватҳои азими нафту газаш чунин “бечора” нест, ки натавонад ба фанновариҳои нави обёрӣ аз ҷумла чакрагиву обпошӣ сармоягузорӣ кунад. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон онҳо барои коҳиш додани талафоти об барномаҳои зиёде амалӣ мекунад. Рустам Латифов, сардори раёсати захираҳои оби вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон:

Оби дарёи Сирро Ӯзбакистон 50 дарсад, Қазоқистон - 42 дарсад истифода мекунанд ва ба Тоҷикистон ҳамагӣ 7 дарсади он мерасад. 43 дарсади маҷрои дарёи Омуро низ Ӯзбакистон бо Туркманистон мегиранд ва танҳо 15 дарсади он дар Тоҷикистон истифода мешавад ...
“Мо соли 2006 бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, Стратегияи захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия кардем, дар асоси он кор мебарем ва баъд аз он ба ҳукумат пешниҳод кардем, ки Барномаи рушди мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон таҳия карда шавад. Ин пешниҳоди моро ҳукумат пазируфт ва ҳоло вазорат бо ширкати тамоми ниҳодҳои марбут саъй дорад, то барномаи мукаммалеро барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод кунад. Дар баробари ин мо ҳоло дар чаҳорчӯби Барномаи беҳтар намудани таъмини мардуми Тоҷикистон бо оби пок, барномаҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ва дигар барномаҳои ҳукумат, кор мебарем“.

Дар Қирғизистону Ӯзбакистону Қазоқистон посух чунин аст, вале тавре Кристофер Мартиус пажӯҳигари олмонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди суқути шӯравӣ шеваҳои обёриву баҳрабардорӣ аз манобеъи об на танҳо дар Ӯзбакистон, балки дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйири зиёде накард:

“Баъди суқути шӯравии собиқ дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйироти зиёде дар шеваҳои баҳрабардорӣ аз об мушоҳида нашуд. Низом асосан ба ҳамон шакли пешина боқӣ монд. Тағйироти хурде ҳаст, масалан дар Ӯзбакистон ҳаққи обёриро аз ихтиёри муассисаҳои давлатӣ гирифта ба ихтиёри Иттиҳодияи истифодабарандагони об ва Иттиҳодияи кишоварзон додаанд, аммо ҳанӯз ҳам ин иттиҳодияҳо бояд бо муассисаҳои давлатӣ музокира кунанд“.

Анатолий Крутов, мегӯяд, гиреҳи мушкили тақсиму истифодаи об дар минтақа бисёр печида аст ва ҳалли он ҳам кори осоне нест: “Метавон бо таъмири масалан каналҳо ва дуруст кардани обёриву баҳрабардорӣ аз об талафи онро дар минтақа камтар кард, албатта мешавад. Аммо ин об кофӣ шояд барои миёнамуддат кофӣ хоҳад буд, вале на барои ояндаи дур. Бояд воқеъиятро гуфт, зеро об дар Осиёи Марказӣ кофӣ нест“.

Кристофер Мартиус ҳам мегӯяд, барои коҳиши талафи об дар Осиёи Марказӣ сармояи зиёд лозим аст, ки албатта кишварҳои минтақа надоранд. Аммо даст кашидан аз якказиоратӣ, аз ҷумла пахтаи беарзишу обталаб метавонад, талафи обро кам кунад. Аммо ба андешаи Анатолий Крутов, танҳо дарки дурусти масъала метавонад, мушкили феълиро дар минтақа ҳал кунад:

“Ҳангоми кор дар Осиёи Марказӣ, ман дидам, ки мардуми оддӣ дуруст намефаҳманд, ки дар минтақа чӣ рух медиҳад. Онҳо мебинанд, ки қимати маводи ғизоӣ гарон аст, зербунёдҳои муносиб вуҷуд надоранд, аммо онҳо намефаҳманд, ки иллати ин ҳама чист. Ба андешаи ман, дарки воқеъияти норасоии об дар Осиёи Марказӣ ба тамоми кишварҳои минтақа, кӯмак мекунад, то ҳамаи кишварҳо аз стротежии муассир кор бигиранд, барои барномаҳои авлавиятнок сармоя гузоранд ва пулро беҳуда барои дигар барномаҳо ба бод надиҳанд. Ман бо барномаҳои Созмони Милал дар мавриди тақсими захираҳои об дар Осиёи Марказӣ кор кардаам, ва бисёр чиз дар онҳо аз интихоби авлавиятҳо вобаста аст“.

Андрей Крутов мегӯяд, онгуна ки тасаввур мешавад, ояндаи Осиёи Марказӣ тира нест, ва роҳи ҳалли мушкил ҳам вуҷуд дорад. Аммо ҳама чиз ба иродаву ҷасорати сиёсии ҳукуматҳои минтақа вобаста аст, ки қарорҳои дардноке, аз ҷумла дар арсаи кишоварзӣ қабул кунанд. Дар арсае, ки миллионҳо нафар сокинони Осиёи Марказӣ саргарми кор дар он арсаанд ва аз ин рӯ раҳбарони минтақа аз ислоҳоти ҷиддӣ дар ин арса парҳез мекунанд.
XS
SM
MD
LG