Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотилони ду корманди комиссариатро дар миёни донишҷӯён мекобанд


Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани қотилони ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар донишгоҳҳои пойтахт "рейд"-и махсусро роҳандозӣ кардаанд.

Дар донишгоҳҳои пойтахт барои пайдо кардани қотилони ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки се рӯз қабл аз ҷониби афроди номаълум ба қатл расидаанд, "рейд"-и махсус роҳандозӣ шудааст. Як манбаи муътамад аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 10 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тафтиш аз сӯи комиссияи махсуси шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои пойтахт анҷом мешавад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, "гурӯҳи махсус бештар ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни курсҳои чорум ва панҷуми шӯъбаи ғоибонаи муассисаҳои олии кишварро тафтиш ва аксҳои дониомӯзонро бо навори ҷойи ҳодиса муқоиса мекунанд."

Хабари тафтиши мақомотро устодони донишгоҳҳо низ тасдиқ карданд.

9 ноябр Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани қотилони ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино аз сокинон ёрӣ хоста, дар иваз даҳ ҳазор доллар ҷоиза ваъда кард. Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, бар асари захмҳои бардоштаашон аз корди афроди номаълум ҷон дода, ҳамкоронашон - Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамлаи маргбор болои кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино субҳи 7 ноябри соли ҷорӣ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии пойтахт рух дода, ҳоло ҷустуҷӯи афроди муттаҳамон идома дорад.

Кӣ ва чаро афсарони вазорати мудофиаро ба қатл расонд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

XS
SM
MD
LG