Пайвандҳои дастрасӣ

Шерхон Салимзода, раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир гуфт, хатари қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дар як сатҳ аст ва мубориза бо ин падидаҳо, иқдоми муштаракро тақозо мекунад.

Дар муқоиса ба солҳои пеш муаррифии гузориши солонаи вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақа дар соли 2015 на дар бинои Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир, балки дар бинои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин маросим, ки рӯзи ҷумъаи 6 май сурат гирифт, на танҳо мақомоти Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Раёсати СММ дар умури маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, масъулони созмонҳои байналмиллалӣ ва раҳбарони миссияҳои дипломатӣ ва муассисаҳои ғайридавлатӣ, ширкат карданд.

Раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон зимни муаррифии ин гузориш, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати СММ дар умури маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ таҳия шудааст, роҷеъ ба тамоюли асосии густариши вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, тадобири андешидаи ҳукумат, вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти назорат ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, тавлиди ғайриқонунии кишти хашхош, коҳиши талабот ба нашъамандӣ ва ҳамзамон таҳкими марзи давлатӣ ва ғайраро гузориш доданд.

Шерхон Салимзода хатари қочоқи маводи мухаддирро дар радифи хатари терроризм, фаъолиятҳои ифротгароёнаи “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ қарор дода ва таъкид кард, ки мубориза бо ин падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, талошҳои муштаракро тақозо мекунад.

Ҷаноби Салимзода, дар посухи суоли Радиои Озодӣ гуфт, “имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор хатарҳои умумиҷаҳониро барои инсоният маълум кардааст, ки қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дар як қатор ё рафид меистад. Мо бояд ба ҳамаи ин хатарҳо аз нигоҳи хатарҳои умумибашарӣ нигоҳ кунем ва тамоми тадобирро андешем ва муқобили ин хатарҳои умимиҷаҳонӣ мубориза барем, то сади роҳи инсоният нашаванд.”

Вай афзуд, албатта қочоқи маводи мухаддир ва терроризм, ба хусус гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ба ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа, на танҳо ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушду пешрафт, сулҳу субот ва ҳатто давлатдорӣ таъсири худро мерасонанд. Аз назари раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон мудҳиштар он аст, ки нашъамандӣ ба генофонди миллат таъсири амиқи худро мерасонад.

Изҳори назари раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир дар робита ба хатари қочоқи маводи мухаддир ва тероризм дар ҳолест, ки таҷаммӯи нерӯҳои ифротгарои “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, мояи нигаронии амиқи мақомот ва ҷомеа гардидааст.

Дар ин ҳол суоле матраҳ аст, ки “Оё ҳузури “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари террористӣ ва ифротгаро ба муборизаи муштараки Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар амри хунсо кардани қочоқбарони маводи мухаддир халал намерасонад?”.

Ашита Миттал, намояндаи минтақаии Раёсати СММ дар мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ дар посухи ин суол ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “албатта вуҷуди гурӯҳҳои террорист ва ифротгаро, аз ҷумла “Давлати исломӣ” дар манотиқи шимоли Афғонистон монеи аслӣ дар мубориза барои тавлид ва қочоқи маводи мухаддир аст. Аммо талоши Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ва ҳамчунин шарикони байналмилалӣ дар ин замина барои муборизаи густурда дар ҷиҳати муқобала бо тавлид ва қочоқи маводи мухаддир кумак хоҳад кард”.

Хонум Миттал таъкид кард, ки “Тоҷикистон ва ҳамин тавр кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, то ҳамеша дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир омода бошанд ва барои муқобила бо он тамоми тадобири заруриро рӯи даст бигиранд”.

Нигарониҳо аз қочоқи маводи мухаддир дар ҳолест, ки тибқи гузориши СММ дар соли 2015 майдони кишти хашхош ё кукнор дар қаламрави Афғонистон 183 ҳазор гектарро ташкил додааст, ки нисбати соли пеш 19 дар сад камтар аст. Аммо новобаста ба коҳиши майдони кишти хашхош, сатҳи бақайдгирии кишти имсола дар қиёс ба даҳсолаҳо баланд боқӣ мондааст.

Ҳамин тавр дар соли 2015 аз 34 вилояти Афғонистон дар 20 вилояти он кишти хашхош идома дорад ва 98 дар сади майдонҳои кишти хашҳош дар манотиқи ҷануб, ғарб ва шарқи Афғонистон воқеъ аст. Аммо дар 10 вилояти минтақаи шимоли Афғонистон кишти хашхош сабт шуда ва ҳатто дар қиёс ба соли 2014 ҳаҷми тавлиди афюн 29 дар сад афзоиш ёфт.

Бар асоси ин гузориш, коҳиши ҳаҷми героини дар панҷ соли ахир мусодирашуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз эҳтимоли коҳиш ёфтани нақши масири Шимол дар интиқоли маводи мухаддир ба Русия шаҳодат медиҳад. Зимнан дар соли гузашта дар Тоҷикистон барои қочоқи маводи мухаддир 25 шаҳрванди Афғонистон дастгир шудаанд, ки 18 нафари онҳо дар марз боздошт гардидаанд.

Ҳамчунин бар асоси ин гузориш, дар соли гузашта воҳидҳои фаврии Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон муштаракан бо вазорати корҳои дохилии Афғонистон 9 амалиёти муштаарк анҷом доданд, ки дар натиҷа ҳудуди 400 кило маводи мухаддир мусодира гардид. Ҳамчунин дар вилояти Бадахшон дар пайи ин амалиёт як коргоҳи тавлиди героин нобуд карда шуда ва 9 нафар қочоқбарон боздошт гардиданд.

Тоҷикистон дар тули 1400 км бо манотиқи шимоли Афғонистон марзи муштарак дорад. Масири шимол ҳамчунон аз манотиқи аслии интиқол ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва баъдан ба Русия ва дигар кишварҳои Аврупо маҳсуб меёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG