Пайвандҳои дастрасӣ

Радди хабари боздошти Муҳаммадӣ, "пешво"-и салафиҳо


Аз Муҳаммади Раҳматуллоҳ то замони мамнуъ эълон шудани ҷараёни "Салафия", ҳамчун раҳбари ин гурӯҳ ном бурда мешуд.

Аз Муҳаммади Раҳматуллоҳ то замони мамнуъ эълон шудани ҷараёни "Салафия", ҳамчун раҳбари ин гурӯҳ ном бурда мешуд.

Вазири умури дохилӣ аз боздошти раҳбари ғайрирасмии ҷараёни "Салафия" дар Тоҷикистон -- Муҳаммади Раҳматуллоҳ бехабарӣ кард, аммо гуфт, ахиран се тан аз аъзои ин гурӯҳ дастгир шудаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 16 январи соли ҷорӣ дар нишасти матбуотии ниҳодаш хабари боздошти бархе аз аъзои гурӯҳи мамнӯъ ва экстримистии "Салафия"-ро таъйид намуд, аммо аз боздошти Муҳаммади Раҳматуллоҳ, ки раҳбари ин гурӯҳ номида мешавад, изҳори бехабарӣ кард. Оқои Раҳимзода гуфт, баъд аз экстримистӣ эълон шудани ин ҷараёни мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар моҳи декбари соли гузашта се танро боздошт кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, авоили ҳамин моҳ 17 узви ҷараёни “Салафия”-ро ҳамроҳ бо пешвояшон Муҳаммади Раҳматуллоҳ боздошт кардаанд. Ин манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, пас аз пурсиши чандрӯза аз тарафи муфаттишони вазорат, чаҳор нафар аъзои ин ҷараён ҳамроҳ бо Муҳаммади Раҳматуллоҳ раҳо карда шуданд.

Яке аз наздикони Муҳаммади Раҳматуллоҳ низ боздошти ӯ ва раҳоияш баъд аз ҳудуди 6-7 рӯзро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъйид кард.

Пахши хабари боздошти пайравони ҷараёни Салафия дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон равияи мазҳабии “Салафия”-ро дар қаламрави кишвар ба ҳайси иттиҳоди экстремистӣ ё ифротгаро шинохта, бо ҳалномаи худ аз 8 декабри соли 2014 торнамоҳои ин равияро низ баст. Ҳамин ниҳод ҳанӯз моҳи январи соли 2009 фаъолияти пайравони “Салафия” дар Тоҷикистонро манъ карда буд, вале тоза онро ба унвони иттиҳоди экстремистӣ эътироф кардааст.

Пайравони равияи Салафия тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "Омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG