Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаи Ализода ба омбудсмени Узбакистон дар мавриди Абдураҳмонов


Омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба ҳамтои узбакаш, хостори мусоидат дар амри раҳоии як шаҳрванди Тоҷикистон аз боздоштгоҳ дар Узбакистон шудааст.

Дафтари матбуоти ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфт, рӯзи ҷумъа ба Омбудсмени Узбакистон дар бораи сарнавишти Абдумавлон Абдураҳмонов, шаҳрванди Тоҷикистон нома исрол дошта хоҳиш кардаанд, ки дар амри раҳоии ӯ мусоидат кунад, зеро то кунун Тошканд дар робита ба дархости Душанбе посухе надодааст.

Азиз Солиев, сухангӯйи идораи Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон рӯзи 23-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз онҳо бо ирсоли як дархостнома ба Омбудсмени Узбакистон, хоҳиш кардаанд, ки дар мушаххас намудани ҷои будубоши Абдумавлон Абдураҳмонов, ки аз охирҳои моҳи апрели соли равон дар боздоштгоҳе дар Узбакистон аст, мусоидат кунад: «Азбаски дар мавриди номаи пешинаамон посух дарёфт накардаем, акнун мехоҳем, ки аз тариқи идораи Ваколатдори Узбакистон, таваҷҷуҳи мақомоти он кишварро ба ин масъала ҷалб кунем».

Абдумавлон Абдураҳмон 25--уми апрел апрел бо ҳадафи дидор бо фарзандаш ба Узбакистон рафта , баъдан барнагаштааст. Ӯ мебоист рӯзи 28 апрел дубора ба Тоҷикистон бармегашт, вале рӯзи 29 апрел бародараш, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, аз ҳамсари собиқи бародараш занги телефоние дарёфт мекунад. Ҳамсари аввал хабар медиҳад, ки Абдумавлон Абдураҳмонов рӯзи 27 апрел аз ҷониби Хадамоти амнияти миллии ин кишвар боздошт шуд.

Тибқи тахмини созмони Афви байнулмилал, Абдумавлон Абдураҳмонов ду рӯзи аввал дар як дафтари полиси ноҳияи марзии Бекобод, дар шарқи Узбакистон нигоҳдорӣ шудааст. Рӯзи 10 июн нафаре ба хонаводаи Абдураҳмоновҳо телефон зада мегӯяд, ки дар як боздоштгоҳи Тошканд ҳамроҳ бо Абдумавлон Абдураҳмонов нигоҳдорӣ шудааст. Иттилои бештаре дар даст нест. Аз ҷумла, маълум нест, ки ӯро бо кадом иттиҳом боздошт кардаанд ва оё ӯ ба вакили дифоъ дастрасӣ дорад ё на.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ як ходими сафорати Тоҷикистон дар Тошканд вуҷуди ин ҳодисаро тасдиқ кард. Шараф Раҳимов, ходими сафорати Тоҷикистон дар Тошканд гуфт, ки аризаи шикоятии хонаводаи Абдураҳмоновҳоро мақомоти тоҷик дарёфт карда аз ҷониби Узбакистон ҳам хостаанд, ки роҷеъ ба далели боздошти ӯ рӯшанӣ андозанд.

Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд, Абдураҳмонов, ки сокини шаҳри Хуҷанд аст, феълан дар боздоштгоҳи ноҳияи марзии Бекобод нигоҳдорӣ мешавад. Созмони Афви байнулмилал дар изҳороти худ аз мақомоти Узбакистон тақозо кардааст, ки сарнавишти Абдумавлон Абдураҳмоновро муайян, иттиҳомоти зидди ӯ ва ҳам маҳалли нигаҳдориашро мушаххас кунанд.

Инчунин аз ҷониби Узбакистон тақозо шудааст, ки дастрасии хешовандон ва ҳам вакили дифоъро бо Абдумавлон Абдураҳмонов билофосила таъмин кунанд. Дар ниҳоят, ин созмон ба мақомоти Узбакистон роҷеъ ба ӯҳдадориҳои кишвар дар баробари қонунҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, эъломияҳои зидди шиканҷаи боздоштшудаҳо ёдовар шудааст.
XS
SM
MD
LG